Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Як мансабдори Қирғизистон гуфт, баҳси марзиро бо Тоҷикистон "ҳал мекунанд"

Оқилбек Жапаров
Оқилбек Жапаров

Раиси Девони вазирони Қирғизистон масоили вобаста ба сарҳади ин кишварро бо Тоҷикистон шарҳ дод.

Оқилбек Жапаров рӯзи 3-юми ноябр дар нишасте бахшида ба рафъи камбизоатӣ ва нобаробарӣ дар шаҳри Бишкек гуфт, "барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад корҳоро фаъолона пеш мебарем".

"Раванди таъйини сарҳади Қирғизистон ва Узбекистон ба анҷом расид. Тибқи дастури раҳбарони Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҳоло талош дорем, ки то соли нав тамоми мушкилоти марзии ду кишварро ҳал кунем," – афзуд ӯ.

Ҷаласаи охири гуруҳҳои топографӣ ё маконнигории Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзҳои 22-28-уми октябри имсол дар Бодканд гузашт.

Пештар раҳбарони кумисюнҳои таъйину нишонагузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 2-юми октябри имсол протоколи рақами 44-ро имзо карда, онро "роҳе барои ҳалли мушкили сарҳадӣ" номиданд.

Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз сесад километри он дақиқу нишонагузорӣ нашудааст. Баҳс ҳам бар сари обу чарогоҳ ва заминҳоест, ки ду тараф худро соҳиби он мешуморанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Маҳдудият дар равуои мошинҳо дар марзи Қазоқистон. Ҳадаф чист?  

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қазоқистон бо ҳадафи пешгирӣ аз берун бурда шудани маводи сӯхт, дар убуру мурури нақлиёт аз кишварҳои ҳамсояаш маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Дар ин бора муовини нахуствазири Қазоқистон Кайирхон Туткишбоев рӯзи 7-уми июл дар як нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, бар асоси муқаррароти нав, мошинҳои сабукраву борбар, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, дар шабонарӯз танҳо як бор ҳақ доранд аз сарҳад гузаранд. “Аз ин роҳ метавон тавозунро дар истифодаи маводи сӯхт таъмин кард,” – афзуд Туткишбоев.

Муовини сарвазири Қазоқистон гуфт, чунин қарор ба ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии кишвар марбут аст. Илова ба ин, Вазорати энержии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои миллӣ як захирагоҳи маводи сӯхтро тартиб дода, тавозуни истифодаи онро дар бозори дохилӣ назорат мекунад.

Вай афзуд, вақтҳои охир ба ҳисоби онҳо “истифодаи маводи сӯхт дар минтақаҳои сарҳадии Қазоқистони Ғарбӣ, Оқтеппа ва Павлодар якбора боло рафтааст”.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Қазоқистон дар сарҳад бо Русия навбатпоиҳои калон мушоҳида мешавад.

Дар Русия аз охири моҳи июн як бӯҳрони маводи сӯзишворӣ мушоҳида мешавад. Далелаш ҳамлаҳои Украина ба корхонаҳои истеҳсоли нафти Русия дар посух ба ҳуҷумуҳои пурқурбонии Маскав ба мавзееъҳои аҳолинишини Украина мебошад.

Рӯзи 6-уми июл корхонаи коркарди нафти Омск, ки дар 2500-километрии сарҳади Украина ҷойгир аст, мавриди ҳамлаи паҳподҳои украинӣ қарор гирифт. Баъди ин, корхонаи Омск, ки соле 21 миллион тонна нафт истеҳсол мекард, корашро боздошт.

Дар Узбекистон алифборо ислоҳ мекунанд

Дар Узбекистон мехоҳанд алифбои забони узбекиро, ки бар пояи хати лотинӣ асос ёфтааст, ислоҳ кунанд.

Муаллифон пешниҳод кардаанд, ки дар алифбои забони узбекӣ на 26, балки 28 ҳарф ва як апостроф ё аломати монанд ба вергул ворид шавад. Онро дар болои сатр мегузоранд.

Вакилони Узбекистон рӯзи 7-уми июл тарҳи нави қонунро ба Сенат фиристодаанд. Бино ба пешниҳоди онҳо, навишти чунин ҳарфу садоҳо ислоҳ мешаванд:

Gʻ → Ğ – ҳарфи "Ғ"

Oʻ → Ö – ҳарфи "Ӯ"

Sh → Ş – ҳарфи "Ш"

Ch → Ç – ҳарфи "Ч"

Инчунин, пешниҳод шудааст, ки навишти ҳатмии пасванди "ng", ки хоси бисёр калимаҳои узбекӣ мебошад, аз алифбо берун карда шавад. Дар иваз, ин садо бо ишораи дигаре ифода хоҳад ёфт.

Иқдоми порлумони Узбекистон бе пурсиши афкори умум ҷараён гирифт.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ навишт, вокуниши мақомоту сохторҳои дахлдори Узбекистон ба тарҳи қонуни ислоҳи алифбо маълум нест.

Ҷумҳурии Узбекистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор кард, тадриҷан аз алифбои кириллӣ даст кашида, ба алифбои лотинӣ гузарад.

Давоми се даҳсола дар ин кишвар ҳарду навъи алифбо роиҷ буд, вале насли навро дар мактабҳо бар асоси алифбои лотинӣ таълим медоданд. Он замон қарори президент Ислом Каримовро барои даст кашидан аз алифбои кириллӣ талоши фосилагирӣ аз нуфузи Русия ва Кремлин номиданд.

Аз он замон то кунун танқидҳое ҳам дар бораи интихоби шакли навишти бархе ҳарфу садоҳо вуҷуд дошт.

“Шахсан қабул кунед.” Масъулияти нави додрасҳо дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додрасҳоро дар Тоҷикистон вазифадор кардаанд, ки пеш аз баррасии шикоятҳо, ба арзи корафтодагон гӯш диҳанд.

Ин дигаргунӣ ба қонун “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар нимаи моҳи июн ба иҷро даромад.

Тибқи он, раиси Додгоҳи олӣ, додгоҳҳои ҳарбӣ ва додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо уҳдадор шудаанд, ки корафтодагонро “шахсан қабул кунанд”.

Дар матни пешинаи қонун чунин банд вуҷуд надошт.

Бар асоси Констиутсия, додгоҳ дар Тоҷикистон гунаҳкор ё бегуноҳ будани шахсони гумонбар дар ҷиноятро бояд маълум кунад ва дар баҳсҳои шаҳрвандӣ ҳақро ба ҳақдор бирасонад.

Сокинони зиёде шикоят мекунанд, ки барои додхоҳӣ ба додгоҳ мераванд ва моҳҳо ё ҳатто солҳо интизор мемонанд.

Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, додгоҳҳои Тоҷикистонро яке аз ниҳодҳои фасодзадаи кишвар унвон кардааст.

Дар се соли охир ҳудуди 20 тан аз додрасҳои тоҷик бо ҷурми ришваситонӣ боздошт ё аз мансаб барканор шудаанд.

Дар гузориши Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал дар соли 2025 Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон аз нигоҳи мубориза бо фасод дар ҷойи 166, танҳо як зина болотар аз Туркманистон ҷой гирифтааст.

Корхонаи коркарди нафт дар Омск фаъолияташро боздоштааст

Омск, Русия, 6-уми июли 2026
Омск, Русия, 6-уми июли 2026

Корхонаи коркарди нафти Омск дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина дар рӯзи 6-уми июл кори худро боздоштааст.

Дар ин бора хабаргузории "Рейтерс" рӯзи 7-уми июл бо такя ба ду манбаъ гузориш дод.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, дар ин ҳамла дастгоҳи коркарди аввалияи нафт оташ гирифта, зарар дидааст.

Ширкати "Газпромнефт", молики ин корхонаи коркарди нафт дар Русия, мавзуъро шарҳ надод.

Корхонаи коркарди нафти Омск дар масофаи беш аз 2500 километр аз сарҳади Украина ҷойгир аст.

Мақомоти Русия ҳамла ба корхонаро тасдиқ карда, хабар доданд, ки дар ин ҳодиса касе ҷон набохт.

Тавоноии корхонаи коркарди нафти Омск тақрибан 21 миллион тонна сӯзишворӣ дар як сол аст.

Низомиёни украинӣ пештар низ ба чанде аз корхонаҳои бузурги коркарди нафт дар Русия зарба задаанд.

Дар натиҷа, дар бисёре аз минтақаҳои Русия камбуди сӯзишворӣ пеш омадааст.

Навор дар Инстаграм:

Додситонӣ қочоқи 476 сангпуштро аз Душанбе ба Маскав таҳқиқ дорад

Додситонии нақлиёти Тоҷикистон ба таҳқиқи қочоқи даҳҳо сангпушти нодир аз Фурудгоҳи Душанбе ба Фурудгоҳи Домодедовои Маскав шуруъ кардааст.

Хадамоти гумруки Русия рӯзи 3-юми июл аз кӯшиши интиқоли 476 сангпушти нодир аз Тоҷикистон ба Русия хабар дод. Ин ниҳод гуфт, як шаҳрванди Русия бо гумони қочоқи ин сангпуштҳо боздошт шудааст.

Зайнулло Шарифзода, раиси Фурудгоҳи Душанбе, 8-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз расонаӣ шудани ин хабар Додситонии нақлиёти Тоҷикистон таҳқиқи қазияро шуруъ кардааст.

Ба гуфтаи Шарифзода, тибқи маълумоти пешакӣ ин сангпуштҳо рӯзи 27-уми марти имсол аз тариқи хати бағоч аз Фурудгоҳи Душанбе гузаронда шудаанд.

Раиси Фурудгоҳи Душанбе афзуд, масъули таҳқиқи бағочҳо кормандони идораи гумрук ҳастанд. Мавқеи идораи гумруки Тоҷикистон ба ин масъала аниқ нест.

Зайнулло Шарифзода афзуд, пас аз анҷоми санҷиши додситонии нақлиёт ҷузъиёти қазияро ба расонаҳо шарҳ медиҳанд.

Раиси Фурудгоҳи Душанбе мушаххасан нагуфт, ки агар ин сангпуштҳо 27-уми март ба Маскав бурда шудаанд, пас, чаро хабари он аввали моҳи июл расонаӣ шуд.

Ин аввалин мавриди қочоқ аз Фурудгоҳи Душанбе нест. Дар гузашта ҳам чанд ҳолати ғайриқонунӣ баровардан ё овардани мол аз тариқи Фурудгоҳи Душанбе расонаӣ шудааст. Аз ҷумла соли 2023 ду корманди Фурудгоҳи Душанбе бо иттиҳоми мусоидат дар қочоқи тило ба Ҳиндустон дастгир шуданд.

Чоршанбе Чоршанбиевро дар зиндони Хуҷанд ҷазо додаанд

Чоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев

Чоршанбе Чоршанбиев, размикори бозиҳои якҳарбаи омехта (ММА)-ро дар зиндони шаҳри Хуҷанд барои 15 рӯз дар утоқи танбеҳ (ШИЗО) ҷойгир кардаанд.

Масъулони зиндон ба зангҳои мо посух надоданд.

Ду манбаи огоҳи Радиои Озодӣ 7-уми июл гуфтанд, ки "ӯ даҳ рӯз пеш гуё барои нақзи тартибу низоми маҳбас ҷазо гирифтааст."

Вебсайти "Pamir Inside", ки бештар ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бозтоб медиҳад, бо такя ба як манбаъ дар дохили маҳбаси Хуҷанд навишт, Чоршанбиев "ҳангоми сафороии зиндониён гуё гап зада, тартибро халалдор намудааст."

Маъмурони зиндонҳо дар Тоҷикистон бештар намояндагони мухолифон ва фаъолонро дар боздоштгоҳу маҳбасҳо танбеҳ медиҳанд.

Солҳои охир ба ҳуҷраи танбеҳ рафтани вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, фаъоли сиёсӣ Маҳмурод Одинаев, рӯзноманигор Абусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигарон расонаӣ шуда буд.

Чоршанбе Чоршанбиев соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон ронда шуда, дар Душанбе бо айбномаи "даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ" 8,5 сол зиндонӣ гардид. Дертар, соли 2024, ҳукми ӯ чаҳор соли дигар дароз гардид.

Далели асосии мақомот як навори суханронии Чоршанбиев дар бораи воқеаҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшон аст. Дар он ҳодиса се кас кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Мақомот Чоршанбиевро ба он гунаҳкор кардаанд, ки размикор мардумро ба муқобили ҳукумат даъват кардааст. Елизавета Колтунова, устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи Донишгоҳи Нижний Новгород он замон гуфта буд, ки "дар изҳороти баҳсбарангези Чоршанбиев нишонаҳои даъват ба зӯроварӣ, аз ҷумла вобаста ба ҳар гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад."

Тоқаев метавонад дар интихоботи оянда номзад шавад

Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Додгоҳи Қонуни асосии Қазоқистон гуфт, раисҷумҳури ҳозираи он кишвар, Қосимҷомарт Тоқаев, метавонад дар интихоботи ояндаи президентӣ номзадияшро пешбарӣ кунад.

Ин посух ба муроҷиати раҳбари Қазоқистон буд. Суол ин буд: оё шахсоне, ки мувофиқи Конститутсия ё Қонуни асосии соли 1995 дар вазифаҳои давлатӣ кор кардаанд, ҳақ доранд, аз рӯйи Конситутсияи нав ба ҳамин вазифаҳо таъйин шаванд?

Додгоҳи конститусионии Қазоқистон ба чунин хулоса омадааст, ки маҳдудиятҳо дар Сарқонуни нав танҳо ба интихоб ё таъйинот аз рӯи қоидаҳои нав рабт дорад.

Ин ба он маъност, ки муҳлати президентии Тоқаев, ки бояд ноябри соли 2029 ба анҷом расад, ҳамчун мӯҳлати аввали президентии ӯ ба ҳисоб гирифта намешавад. Дар ин сурат, ӯ метавонад дар интихобот номзадияшро пешбарӣ карда, то соли 2036 дар сари қудрат бимонад. Он вақт Тоқаев 83-сола хоҳад буд.

Қаблан гуфта мешуд, ки мӯҳлати кунунии президентии Тоқаев аввалину охирин мебошад. Соли 2022, баъди ҳодисаҳои моҳи январи пурхушунат, ба Конститутсияи Қазоқистон тағйирот ворид карда, гуфтанд, ки президент метавонад як дафъа ба муддати 7 сол бе ҳаққи интихоби дубора интихоб шавад. Ноябри ҳамон сол Тоқаев дар интихоботи пеш аз мӯҳлат баранда гардид.

Конститутсияи нави Қазоқистонро моҳи марти соли 2026 қабул карданд ва он 1-уми июл ба иҷро даромад. Матни Конститутсияи нав ҳам бо пешниҳоду ташаббуси худи Тоқаев нав шудааст.

Мунтақидон мегӯянд, ислоҳоти конститутсионӣ қудрату нуфузи президенти Қазоқистонро қавитар мегардонад. Салоҳиятҳои Тоқаев васеъ шуд, аз ҷумла ӯ дар таъиноти кадрӣ дасти дарозтаре дорад: бархе мақомҳои муҳимро ӯ акнун метавонад бе назардошти мавқеи Сенат таъйин намояд, чун худи Сенат ҳам ихтисор карда шуд.

Як зан дар Андиҷон панҷгоник таваллуд кардааст

Таваллудхонаи Андиҷон
Таваллудхонаи Андиҷон

Як зан дар шаҳри Андиҷони Узбекистон панҷгоник – се духтар ва ду писар – ба дунё овардааст.

Ҳар кадоме аз онҳо каме беш аз як кило вазн дошта, зери назорат ва нигоҳубини вижа ҳастанд.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, модари панҷгоник рӯзи 6-уми июл бистарӣ карда шуд.

"Пас аз чанд соат табибон буриши қайсарӣ гузарониданд ва панҷ навзодро гирифтанд," – афзуд манбаъ.

Таваллуди панҷгоник ҳодисаи нодир дониста мешавад.

Ба ҳисобҳои байнулимилалӣ, ба ҳар як 50 миллион бордорӣ як маврид таваллуди панҷгоник рост меояд.

Панҷгоники аввалин дар Тоҷикистон – се духтару ду писар – моҳи декабри соли 2020 дар зоишгоҳе дар Душанбе ба дунё омаданд.

Ҳалокати 21 кас дар корхонаҳои Тоҷикистон дар шаш моҳ

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар пайи ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон 21 нафар ба ҳалокат расида, 19 кас ҷароҳат бардоштаанд.

Масъулини Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ рӯзи 7-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, дар байни фавтидаҳо ду шаҳрванди Чин ва як кас аз Эрон, дар байни захмиён бошад, як шаҳрванди Русия ва як нафар аз Чин ҳастанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар пайи ин ҳаводиси нохуш ва барои роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо, 2 корхона, 33 мансабдор ва 13 шахси масъул, дар умум, ба маблағи 153 ҳазору 960 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ба иттилои Хадамот, сабаби асоси ин ҳодисаҳо, "бемасъулиятии муҳандисиву техникии кормандони корхонаҳо дар ҷойи садамаҳо, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноат, ҳамчунин, норасоии мутахассисони соҳибихтисоси соҳа", будааст.

Мақомот мегӯянд, чунин ҳодисаҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат зиёд будааст.

Марги коргарон, аз ҷумла хориҷиён дар ҷои кор, дар гузашта ҳам борҳо расонаӣ шуда буд. Ҷабрдидаҳо борҳо аз чашмпӯшии мақомот ба қонуншикании масъулони корхонаҳо, шикоят кардаанд.

Мақомот: аломатгузории марз бо Қирғизистон ба поён расид

Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар вилояти Суғд.
Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар вилояти Суғд.

Мақомот дар Суғд мегӯянд, корҳои таъйину аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди ин вилоят пурра анҷом ёфтааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими анҷоми корҳои муайянсозӣ, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва масъулони Нерӯҳои марзбонӣ ва намояндагони Вазорати мудофиа, иштирок кардаанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳсолаҳо боз наметавонистанд сарҳади байни ду кишварро таъйину аломатгузорӣ кунанд ва танҳо моҳи марти соли гузашта Созишнома дар бораи аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби роҳбарони ҳарду давлат имзо гардид.

Ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор накарданд, вале бархе аз мақомдорони Қирғизистон қисман ин масъаларо шарҳ дода, гуфта буданд, ҷонибҳо ба хулосае омадаанд, ки қисмате аз роҳ ва чанд маҳалли аҳолинишинро бо ҳам иваз карданд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Дар нуқтаҳои баҳсӣ борҳо ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллӣ аз ҳарду тараф шуда буд.

Сафари Трамп ба Анқара барои ширкат дар нишасти НАТО

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои ширкат дар нишасти дурӯзаи сарони НАТО ба Анқара, пойтахти Туркия сафар кард.

Қарор аст афзоиши хароҷоти дифоии Аврупо ва бозтаърифи нақши Амрико дар амнияти қораи Аврупо, аз мавзӯъҳои меҳварии ин нишаст бошад.

Ба навиштаи хабаргузории "Франс пресс", муттаҳидони НАТО дар нишасти рӯзи 7 июл дар Анқара афзоиши чашмгири хароҷоти дифоии худро муаррифӣ хоҳанд кард, то бо ин битавонанд норозигии сахти президенти Амрикоро нисбат ба вокуниши Аврупо ба ҷанги Эрон, коҳиш диҳанд.

Мақомҳои амрикоӣ пеш аз ин нишаст гуфтанд, бозбинии Пентагон дар бораи вазъи нерӯҳои Амрико дар Аврупо мумкин аст ба коҳиши шумори нерӯҳои амрикоӣ дар ин қора бианҷомад. Иқдоме, ки Вашингтон онро бахше аз интиқоли масъулиятҳои дифоӣ ба муттаҳидони аврупоӣ гуфтааст.

Марк Рютте, дабири кулли НАТО гуфтааст, кишварҳои аврупоӣ дар ҳоли иҷрои ӯҳдадориҳои худ барои афзоиши хароҷоти дифоӣ ҳастанд.

"Об гилолуд аст". Ҷустуҷӯи духтари Алишер Мирзонабот

Алишер Мирзонабот бо ҳамсар ва духтараш. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Алишер Мирзонабот бо ҳамсар ва духтараш. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ҷустуҷӯи пайкар ё ҷасади Орифа Мирзонаботзода, духтари раиси пешини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар дарёи Панҷ идома дорад.

Мақомот гуфтанд, беш аз 200 наҷотдиҳанда дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддини Шоҳин ва минтақаи Кӯлоб ҷасади Орифаи 2-соларо ҷустуҷӯ доранд.

Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, гилолуд будани об ва ҳам ҷараёни тези дарё корҳои ҷустуҷӯиро мушкил кардааст.

"Мо аз дрон (паҳпод)-ҳои зериобӣ истифода мекунем, вале мутаассифона об гилолуд аст, лойи зиёд дорад, мавзеъҳои душворгузар дорад, қаъри об ноаён аст", - афзуд сухангӯи Кумита.

Ба гуфтаи Ориф Нозимиён, баландшавии сатҳи дарё дар мавзеъҳое, ки дарахту буттаҳо дорад мушоҳида мешавад ва барои ҳамин дар ҳамоҳангӣ бо кормандони идораи ҷангал ҷустуҷӯро давом медиҳанд.

Орифа Мирзонаботзода, духтари дусолаи раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар канори волидону ду ҳамкори падараш рӯзи 17 июн ба об афтид. То имрӯз ҷасади Алишер Мирзонабот, ҳамсараш Амина Амонуллоева, инчунин ронандаи раиси вилоят Сино Муборакшоев ва ёвараш Садоншо Ҷанобилшо пайдо шудаанд.

навшуда

Озодии тақрибан 3 ҳазор кас аз зиндонҳои Тоҷикистон

Лаҳзаи озодии зиндониён аз муассисаи ислоҳии 3/6 дар Ёвон
Лаҳзаи озодии зиндониён аз муассисаи ислоҳии 3/6 дар Ёвон

Бар асоси қонуни нави афв, 2 ҳазору 979 тан, аз ҷумла тақрибан сесад занро аз зиндонҳои Тоҷикистон озод кардаанд.

Идораи зиндонҳо дар эъломияе ба расонаҳои давлатӣ гуфтааст, ин афрод рӯзи 6-уми июл аз маҳбасҳои Норак, Ваҳдат ва Ёвону Дӯстӣ раҳо шуданд.

Мақомот баръакси дафъаҳои гузашта маросими озодии зиндониёнро бе эълони пешакӣ ва асосан бо ҳузури хабарнигорони давлатӣ гузаронданд.

Озодии зиндониён дар Ёвон
Озодии зиндониён дар Ёвон

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, рӯзи душанбе аз зиндони низомаш умумии рақами 3/6 дар ноҳияи Ёвон 1120 нафар раҳо шудаанд.

Бино ба аксу наворҳое, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, мардуми зиёде ба пешвози наздикони раҳошудаи худ ба зиндони Ёвон рафта буданд.

Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ниҳоди нозир бар зиндонҳо, ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи раҳоии маҳбусон посух надоданд.

Навор дар Инстаграм:

Қонун дар бораи афв рӯзи 16-уми июн аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо шуд. Бар асоси он, бояд 18 ҳазор кас аз боздоштгоҳу зиндон ё аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шаванд.

Аз замони қабули қонун, ин аввалин раҳоии дастаҷамъии маҳкумшудагон аз як зиндони Тоҷикистон аст.

Аммо қонуни афв нисбат ба баъзе аз сиёсатмадорону мухолифон ва фаъолони зиндонӣ татбиқ нахоҳад шуд. Касоне, ки ҳабси абад шудаанд ё бо айбномаи хиёнат ба давлат ва ҷиноятҳои дигари вазнин, ки худашон ва наздиконашон беасос медонанд, дар зиндон ҳастанд.

Вазорати фарҳанг гуфт, чаро Бахтиёр Раҳимов унвони давлатӣ надошт

Бахтиёр Раҳимов
Бахтиёр Раҳимов

Намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори шинохта аз гурӯҳи "Ғарибшо", ки рӯзи 30-юми июн даргузашт, ҳеч гоҳ барои гирифтани унвони давлатӣ муроҷиат накардааст.

Баъзе аз ҳамкасбонаш дар рӯзи видоъ бо ӯ гуфтанд, Бахтиёр Раҳимов бисёр мехост, ки бар ивази хидматҳояш ба вай ягон унвони давлатӣ диҳанд. Ин мавзуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба миён овард.

Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг, 6-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, Бахтиёр Раҳимов се дафъа унвони Аълочии фарҳангро гирифт, аммо барои дарёфти унвони давлатӣ муроҷиат накард.

Намояндагони Вазорати фарҳанг иддао карданд, ки як сол пеш худи онҳо аз Бахтиёр Раҳимов хоста буданд, ҳуҷҷатҳояшро барои гирифтани унвони давлатӣ пешниҳод кунад, аммо ӯ бо сабаби беморӣ ин корро накард. Тасдиқи мустақилонаи ин ҳарфҳо мушкил аст.

Як сабаби дигари унвони давлатӣ надоштани Бахтиёр Раҳимов, ба гуфтаи намояндагони Вазорати фарҳанг, ин будааст, ки ҳаҷвнигор дар ягон идораи тобеи вазорат кор намекард. Дар Вазорати фарҳанг гуфтанд, номи ҳунармандон барои гирифтани унвонҳои давлатӣ аз сӯи муассисаҳои фарҳангӣ ё ҳукуматҳои маҳаллӣ пешниҳод мешавад.

Тақдими унвонҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ва то куҷо сазовор будани номзадҳо дар гузашта ҳам баҳсбарангез шуда буд.

Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигор ва яке аз бунёдгузорони гурӯҳи ҳунарии "Ғарибшо", рӯзи 30-юми июн дар 57-солагӣ даргузашт.

Вай дар саҳнаҳои ҳаҷвияш масъалаҳои доғи иҷтимоӣ, аз ҷумла хидмати сарбозӣ, кор дар идораҳои давлатӣ ва ҷаримаҳои ҳангуфтро бо забони танз баён мекард. Дар чанд филм ҳам нақш бозидааст.

Навор дар Инстаграм:

Кушта шудани 11 украинӣ дар ҳамлаҳои артиши Русия

Мушак ва паҳподҳои русӣ ба як бино дар шаҳри Киев бархӯрдааст
Мушак ва паҳподҳои русӣ ба як бино дар шаҳри Киев бархӯрдааст

Субҳи 6-уми июл дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии артиши Русия ба шаҳрҳои Украина, дастикам 11 кас кушта шуда, 46 тани дигар захмӣ гардиданд.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев гуфт, 15 манзили маскунӣ дар ин ҳамла зарар диданд.

Аз ҷумла дар ноҳияи Подолскийи Киев як баландошёна ҳадаф қарор гирифт ва аз ошёнаи 5 то 9 пурра хароб шуд. Ҳамлаи паҳпод ва мушакҳо сабаби сӯхтори бузург дар ин минтақа шудааст.

Ба гузориши Неруҳои ҳавоии Украина, артиши Русия субҳи душанбеи 6-уми июл бо 68 мушак ва 351 паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин ба Украина ҳамла кардааст. Ҳадафи асосии ҳамла шаҳри Киев будааст.

Неруҳои украинӣ мегӯянд, 37 мушак ва 326 паҳподро нобуд кардаанд.

Тасдиқи дурустиин ин омор феълан ғайриимкон аст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG