Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамони футболи Эрон ба Тоҷикистон омад


Тими футболи "Персеполис"-и Теҳрон ба Душанбе омад
Тими футболи "Персеполис"-и Теҳрон ба Душанбе омад

Тими футболи "Персеполис"-и Теҳрон барои анҷом додани бозии даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” бо дастаи "Истиқлол"-и Душанбе имрӯз, 5-уми ноябр, ба Тоҷикистон омад.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи "Истиқлол" пешвоз гирифтанд.

Шоми имрӯз, 5-уми ноябр, "Персеполис" аввалин тамрини худро дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Бозӣ миёни қаҳрамонҳои футболи Тоҷикистон ва Эрон рӯзи сешанбеи 7-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 оғоз меёбад.

Як рӯз пеш аз бозӣ, шоми душанбеи 6-уми ноябр, дар толори Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад.

Ба саволҳои хабарнигорон сармураббии "Истиқлол" Игор Черевченко ва легионери армании даста Артур Карташян, инчунин сармураббии "Персеполис" Яҳё Гулмуҳаммадӣ ва легионери тоҷики даста Ваҳдат Ҳанонов посух медиҳанд.

Зимнан, ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов, ки узви тими миллии Тоҷикистон аст, дар бозии аввали ин дастаҳо дар Теҳрон дар ҳайати “Персеполис” аз ибтидо то охири дидор бозӣ кард.

Довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Муҳаммад Ал-Алӣ аз Кувайт сардовари бозии “Истиқлол” – “Персеполис” таъйин гардидааст.

Нархи билет барои тамошои ин бозӣ барои минбари ғарбӣ 50 сомонӣ ва барои се минбари дигар (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

"Истиқлол"-и Душанбе дар даври севуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 дар гурӯҳи “Е” аз тими "Персеполис"-и Теҳрон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд.

Дар ин бозӣ, ки 24-уми октябр дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон баргузор шуд, ҳарду голро ҳамлагар Саид Содиқӣ дар дақиқаҳои 44-ум ва 71-ум ба самар расонид.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо 9 имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис” бо 6 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад. “Ал-Дуҳайл”-и Қатар ва “Истиқлол” якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Бозии дигари даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 дар гурӯҳи “Е” 7-уми ноябр дар шаҳри Давҳаи Қатар байни дастаҳои "Ал-Дуҳайл" ва "Ал-Наср" соати 23:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи "Е"

Даври 1-ум

"Истиқлол" (Тоҷикистон) – "Ал-Дуҳайл" (Қатар) – 0:0

19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

"Персеполис" (Эрон) – "Ал-Наср" (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).

19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи Озодӣ.

Даври 2-юм

"Ал-Наср" (Арабистони Саудӣ) – "Истиқлол" (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Сенин Себай, 44 (0:1), Криштиану Роналду, 66 (1:1), Андерсон Талиска, 72 (2:1), Андерсон Талиска, 77 (3:1).

2-юми октябр. Риёз, варзишгоҳи "Ал-Аввал Парк".

"Ал-Дуҳайл" (Қатар) – "Персеполис" (Эрон) – 0:1

Гол: Умед Алишоҳ, 63 (0:1).

2-юми октябр. Давҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

Даври 3-юм

"Персеполис" (Эрон) – "Истиқлол" (Тоҷикистон) – 2:0

Голҳо: Саид Содиқӣ, 44 (1:0), Саид Содиқӣ, 71 (2:0).

24-уми октябр. Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ.

"Ал-Наср" (Арабистони Саудӣ) - "Ал-Дуҳайл" (Қатар) – 4:3

24-уми октябр. Риёз, варзишгоҳи "Ал-Аввал Парк".

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

3

3

0

0

9-4

9

2

«Персеполис» (Эрон)

3

2

0

1

3-2

6

3

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

3

0

1

2

3-5

1

4

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

3

0

1

2

1-5

1

Даври 4-ум

7-уми ноябр (сешанбе)

19:00. «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Персеполис» (Эрон)

23:00 (ба вақти Душанбе). «Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG