Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Доғи судӣ” Рустамро китобхонашин кард. ВИДЕО  


Рустам Қувватов, сокини ноҳияи Восеъ
Рустам Қувватов, сокини ноҳияи Восеъ

Китобхонае дар Кӯлоб макони оромиши як зиндонии собиқ шудааст, ки солҳо боз кор пайдо намекунад.

Рустам Қувватов, сокини ноҳияи Восеъ, ки соли 2019 аз зиндон раҳо шуд, ҳафтае то се рӯзашро дар китобхонаи вилоятии Кӯлоб мегузаронад.

Ӯ соли 2017 пас аз ҷанҷол бо ҳамсоя бо иттиҳоми “Авбошӣ” барои панҷ сол зиндонӣ шуд, вале тибқи қонун “Дар бораи афв” қабл аз мӯҳалт раҳо гашт.

Видеоро инҷо бинед:

Аниси кунҷи танҳоии Рустам Қувватов китоб будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Рустам Қувватов мегӯяд, то соли 2016 дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб анборчӣ буд, вале пас аз раҳоияш аз зиндон бо баҳонаи “доғи судӣ” доштан касе ӯро ба кор намегирад. Ҳарчанд, ӯ мегӯяд, дигар “доғи судӣ” надорад.

“Баъд аз ҳамон рӯзе, ки ба озодӣ баромадам, доғи судиямро бардоштанд. Ҳозир ба кадом коргоҳе, ки меравам маро ба кор қабл намекунанд, маро мегӯянд, ки доғи судӣ дорӣ, намешавад,”—гуфт Рустам Қувватов.

Ҳоло Рустам аксари вақташро бо хондани китобҳои бадеӣ ва илмӣ пушти сар мекунад.

Раҳбарони китобхона дар Кӯлоб барояш иҷоза додаанд, ки китоби дилхоҳашро ҷустуҷӯ кунад ва ё дар китобхона ё дар хона бихонад.

Валоят Валиева, китобдори китобхонаи вилоятӣ дар Кӯлоб мегӯяд, “Рустам як сол боз узви фаъоли китобхонаи онҳост.”

Рустам Қувватов
Рустам Қувватов

Рустам бахши иқтисоди Донишгоҳи Кӯлобро хатм кардааст. Ҳар рӯз то расидан ба китобхона ӯ чанд муассисаву идораро барои пайдо кардани кор сар мезанад. Чун дархосташ барои кор бепосух мемонад, ба китобхона меояд.

“Аз маҳбас баромадам, идораҳо, ки маро қабул намекунанд, омадам дар китобхонаи С. Айнии шаҳри Кӯлоб аъзо шудам, дигар дар замони бекорӣ панҷто китоб оварда мехонаму боз бурда китобҳоро супоридан мегирам,”—нақл кард ӯ.

Синни Рустам ба 40 расидааст ва то ҳол дар хонае танҳо зиндагӣ мекунад.

Аммо ӯ худро танҳо ҳис намекунад, мегӯяд, ки китоб ҳамроҳӣ ҳамешагиаш ҳаст.

Мушкили ҷои кор пайдо накардани зиндониёни собиқ солҳост, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Коршиносон як сабаби дубора ба ҷиноят даст задани зиндониёни собиқро дар пайдо накардани ҷои кори дуруст ва бархурди нохуби атрофиён бо онҳо медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG