Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев: Узбекистон дар 2-3 соли оянда бояд ба истиқлоли нафтӣ бирасад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 17-уми ноябр дар як ҷаласа хабар дод, ки дар вилояти Сурхандарёи он кишвар лоиҳаҳои бузурги саноатӣ иҷро карда мешавад.

"Ман дар соли равон бори севум аст, ки бо ниятҳои хеле бузург ва нақшаҳои дақиқ ба вилояти Сурхандарё омадам, то мардумамон хуб зиндагӣ кунанд ва сарбории онҳо камтар шавад", - иқтибос овардааст сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов аз суханронии Мирзиёев.

Мирзиёев рӯзи панҷшанбеи гузашта бо чаҳор лоиҳаи нави бузурги саноатӣ дар Сурхандарё ба маблағи 3,3 миллиард доллар ба таври муфассал шинос шудааст. Аз ҷумла, бо лоиҳаи ба истифода додани маҷмаии газӣ-кимиёӣ дар Байсун ба маблағи наздики 3 миллиард доллар. Ин корхона тавони истихроҷи 5 миллиард метри мукааб газ дар солро хоҳад дошт.

Президенти Узбекистон афзуда, ки тибқи нақша, ин кишвар давоми ду-се соли оянда бояд ба истиқлоли нафтӣ бирасад.

XS
SM
MD
LG