Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонон ба таъхир афтод


Бомборони Ғазза аз сӯи Исроил
Бомборони Ғазза аз сӯи Исроил

Озодии гаравгонони исроилӣ, ки аз сӯи ҲАМОС рӯзи 7 октябр рабуда шуданд, то фардо - 24 ноябр ба таъхир афтод.

Дар ин бора аз дастгоҳи сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу хабар доданд.

Рӯзи чаҳоршанбе ҳукумати Исроил шартҳои созиш бо ҲАМОС-ро тасдиқ кард, ки бино ба ин шартҳо, ҳадди ақал 50 гаравгони исроилӣ мебоист, озод ва дар иваз дар Ғазза оташбаси муваққат эълом мешуд.

Сабабҳои таъхири озодии гаравгонон ва эъломи оташбас барои расонаҳо маълум нест. Мақомдорони исроилӣ мегӯянд, "ҷузъиёти камаҳамият"-е барои иҷрои созиш боқӣ мондааст.

Бӣ-бӣ-сӣ менависад, бино ба бархе иттилоъ ҲАМОС созишномаро ҳанӯз имзо накардааст ва манобеи дигар гуфтаанд, ҲАМОС ба Исроил номгӯи гаравгононеро ба Исроил надодааст, ки дар рӯзи аввали иҷрои созиш бояд озод шаванд.

Пештар расонаҳо навиштанд, ҳукумати Исроил бо пешниҳоди оташбаси чоррӯза дар ивази мубодилаи 150 зиндонии фаластинӣ бо 50 гаравгон дар ихтиёри гурӯҳи "Ҳамос", мувофиқат кардааст. Дафтари нахуствазири Исроил эълон кардааст, ки 50 гаравгони зан ва кӯдак, ки дар дасти "Ҳамос" ҳастанд, тайи чор рӯз озод хоҳанд шуд.

Мақомоти Қатар, ки дар ин гуфтугӯҳо нақши миёнаравро доштанд, ба ҳамроҳи мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил ва "Ҳамос" тайи чанд рӯзи ахир гуфта буданд, ки тавофуқ наздик шудааст.

Ин нахустин созиш бар сари оташбас аз оғози ҷанги кунунии Исроил ва Ҳамос" аст. Ҷанге, ки то кунун ба қимати ҷони беш аз 13300 фаластинӣ ва овора шудани аз се ду ҳиссаи аҳолии 2,3 миллионнафарии Навори Ғазза тамом шудааст.

Бенямин Нетаняҳу қабл аз ташкили нишасти кобинаи худ, рӯзи сешанбе бо вазири ҷанг ва масъулини амнияти миллии Исроил дар бораи ин созиш гуфтугӯ кард. Тибқи омори мақомот дар Телавив, гурӯҳи "Ҳамос" дар пайи ҳамлаи 7-уми октябр ба Исроил, ки ба кушта шудани ҳудуди 1200 исроилӣ анҷомид, беш аз 240 нафарро ҳам гаравгон гирифт.

Нахуствазири Исроил пеш аз эълони тавофуқи оташбас гуфта буд, ки мудохилаҳои Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ба беҳбуди шароити ин созиш кӯмак кард, то гаравгонҳои бештар озод ва имтиёзоти камтар ба тарафи дигар дода шавад.

Вай таъкид кард, ки маъмурияти аслии Исроил тағйир накардааст. Нетаняҳу дар ибтидои нишасти кобинаи худ гуфт, "мо дар ҳоли ҷанг ҳастем ва то вақте, ки ба ҳадафҳоямон даст наёфтаем, ин ҷанг идома хоҳад дошт". Ӯ ҳадафи Исроил аз ин ҷангро нобудии "Ҳамос" ва бозгардонидани ҳама гаравгонҳо гуфтааст.

Гурӯҳи "Ҳамос" ҳам субҳи чаҳоршанбе дар баёнияе гуфт, ки тибқи созиш бо Исроил бар сари озодии шуморе аз гаравгонҳое, ки дар Ғазза ҳастанд, 150 фаластинӣ низ, ки дар зиндонҳои Исроил ба сар мебаранд, озод хоҳанд шуд. Ин баёния мегӯяд, ки 150 зиндонии фаластинӣ занон ва кӯдакон ҳастанд.

Баёнияи "Ҳамос" меафзояд, ки созиш бо Исроил ҳамчунин шомили иҷозаи вуруди садҳо мошини борбари ҳомили маводи хӯрокворӣ, таҷҳизоти пизишкӣ ва сӯзишворӣ ба ҳама минтақаҳои Ғазза хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи дипломатӣ ба шабакаи телевизионии CNN гуфтааст, агарчӣ кобинаи Исроил субҳи чаҳоршанбе бо тавофуқ бар сари озодии 50 гаравгон дар баробари оташбаси чаҳоррӯза мувофиқат кардааст, аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки оташбаси муваққат чӣ вақт иҷро мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG