Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Игор Черевченко: Умедворем дар бозӣ натиҷаи хубтарин ба даст меорем


акс аз fft.tj
акс аз fft.tj

Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24-ро бо тими «Ал-Дуҳайл»-и Қатар анҷом медиҳад.

Бозии гурӯҳи “Е” миёни қаҳрамонҳои футболи Қатар ва Тоҷикистон шоми имрӯз, 27-уми ноябр, дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифаи шаҳри Давҳа доир мегардад.

Ба иттилои бошгоҳи футболи “Истиқлол”, дар тамрини қаҳрамони Тоҷикистон шоми якшанбеи 26-уми ноябр дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа ҳамаи 20 нафар футболбозон, ки ба ҳайати даста шомиланд, иштирок карданд.

Дар нишасти матбуотии пеш аз дидор бо “Ал-Дуҳайл” сармураббии “Истиқлол” Игор Черевченко ба хабарнигорон гуфт, ки ба бозӣ муқобили мизбонон омодагии худ дидаанд.

Вай афзуд, “маълум аст, дастаҳо ба бозӣ бо ҳолати хуби равонӣ наомадаанд, зеро дар ҷойҳои сеюму чаҳорум қарор доранд. Умедворем, ки дар бозии дарпешистода натиҷаи хубтарин ба даст меорем.”

Сармураббии “Ал-Дуҳайл” Кристоф Талтйе, мутахассиси фаронсавӣ, дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки дар бозӣ муқобили “Истиқлол” се имтиёз гирифтанианд.

- Бозии фардоина бо “Истиқлол” барои мо бисёр муҳим аст. Мо шонси ба плей-офф баромаданро аз даст додем, вале ба бозӣ хеле ҷидди омодагӣ мегирем, зеро се имтиёз ба даст оварданием. Бо сабаби осеб дидан якчанд футболбози мо дар ин бозӣ иштирок намекунанд, аммо бозигароне дорем, ки онҳоро иваз менамоянд. Мекӯшем, ки бозии хуб нишон диҳем.”

Бозии дигари даври 5-уми мусобиқот дар гурӯҳи «Е» миёни дастаҳои «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) ва «Персеполис» (Эрон) шаби 27-уми ноябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз соати 21 бо вақти маҳаллӣ (соати 23:00 (бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, бозии даври аввали мусобиқот миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл”, ки 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо касби 12 имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис”-и Эрон бо касби 7 имтиёз дар зинаи дувум мебошад.

“Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 2 имтиёз дар зинаи сеюм аст. “Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо касби як имтиёз дар ҷойгоҳи охирин – чаҳорум - қарор дорад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0

19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).

19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи Озодӣ.

Даври 2-юм

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Сенин Себай, 44 (0:1), Криштиану Роналду, 66 (1:1), Андерсон Талиска, 72 (2:1), Андерсон Талиска, 77 (3:1).

2-юми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Персеполис» (Эрон) – 0:1

Гол: Умед Алишоҳ, 63 (0:1).

2-юми октябр. Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

Даври 3-юм

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:0

Голҳо: Саид Содиқӣ, 44 (1:0), Саид Содиқӣ, 71 (2:0).

24-уми октябр. Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ.

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 4:3

24-уми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

Даври 4-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Персеполис» (Эрон) – 1:1

Голҳо: Меҳдӣ Туробӣ, 30 (0:1), Сенин Себай, 74 (1:1)

7-уми ноябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 2:3

Голҳо: Филипп Коунтинҳо, 8 (1:0), Андерсон Талиска, 27 (1:1), Андерсон Талиска, 37 (1:2), Андерсон Талиска, 65 (1:3), Филипп Коунтинҳо, 80 (2:3).

7-уми ноябр. Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

4

4

0

0

12-6

12

2

«Персеполис» (Эрон)

4

2

1

1

4-3

7

3

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

4

0

2

2

2-6

2

4

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

4

0

1

3

5-8

1

Даври 5-ум

27-уми ноябр (душанбе)

21:00 (ба вақти Душанбе). «Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Доҳа. Варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

23:00 (ба вақти Душанбе). «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Персеполис» (Эрон)

Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

Даври 6-ум

5-уми декабр (сешанбе)

21:00 «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

21:00 (ба вақти Душанбе). «Персеполис» (Эрон) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар)

Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG