Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия муҳлати ҳабси хабарнигори амрикоиро дароз кард


Эван Гершкович дар толори додгоҳ. Акс аз моҳи октябри 2023
Эван Гершкович дар толори додгоҳ. Акс аз моҳи октябри 2023

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси рӯзноманигори амрикоӣ Эван Гершковичро то ду моҳи дигар дароз кард.

Гершкович барои нашрияи The Wall Street Journal кор мекард.

Дар Русия ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам мекунанд. Мақомоти Амрико ва масъулони The Wall Street Journal иттиҳомро бепоя донистанд.

Додгоҳи ноҳияи Лефортовои Маскав рӯзи 28-уми ноябр дар Telegram эълон кард, ки хабарнигори 32-сола камаш то 30-юми январи соли 2024 дар ҳабс мемонад.

Нашрияи The Wall Street Journal дар изҳороте гуфт, “иттиҳомҳо ба зидди ӯ комилан дурӯғанд ва идомаи ҳабси ӯ ҳамлаи бераҳмона ба матбуоти озод аст. Чизе, ки барои ҷомеаи озод муҳим аст".

Эван Гершкович дар охири моҳи марти имсол дар шаҳри Екатеринбурги Урал дастгир шуд.

Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) ҳангоми боздошт гуфта буд, ки алайҳи Гершкович барои ҷамъоварии сирри давлатӣ дар бораи иншооти низомӣ парванда боз кардааст.

Ба ӯ то 20 сол зиндон таҳдид мекунад.

Худаш иттиҳомро напазируфтааст.

XS
SM
MD
LG