Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Рамазон Қодиров "куратор"-и баталйони шайх Мансур шудааст


Одам Қодиров
Одам Қодиров

Одам, писари 15-солаи Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, нозири баталйони ба номи шайх Мансури он кишвар таъйин шудааст.

"Ин таъйинот натиҷаи қонунии хидматҳои барҷастаи Одам дар пойдории арзишҳои динӣ, хонаводагӣ ва фарҳангии мардуми мо аст. Мехоҳам зикр кунам, ки Одам аз хурдӣ ҳадаф дошт ва ҳамеша ба ҳадафҳои худ мерасад", - навиштааст вакили Думаи давлатии Русия Одам Делимхонов дар Телеграм.

Пештар хабар дода шуд, ки ӯ сардори шуъбаи муҳофизони падараш таъин шудааст. Одам Қодиров рӯзи 6-уми октябр унвони Қаҳрамони Чеченистонро гирифт.

Охири моҳи сентябр Рамазон Қодиров дар саҳифааш дар Телеграм навореро нашр кард, ки дар он писараш дар боздоштгоҳ Никита Журавелро мезанад. Ин ҷавон ба сӯзондани китоби Қуръон муттаҳам мешавад ва боздошт шудааст. Қодиров писарашро барои ин кор тавсиф карда буд.

Баталйони ба номи шайх Мансур ба ҳайати Вазорати дифои Русия дохил мешавад ва онро Руслан Геремеев, афсари пешини баталйони "Север"-и Вазорати дохилии Чеченистон, ки дар қатли сиёсатмадори рус Борис Немтсов гумонбар аст, раҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG