Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чор мард ба гумони "қатли номусӣ" дар Покистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маъмурони пулис дар Покистон чаҳор мардро ба гумони "қатли номусӣ"-и як духтар дастгир карданд.

Ҳодиса рӯзи 24-уми ноябри имсол дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ, воқеъ дар шимоли ғарби Покистон, рӯй додааст.

Духтарро баъди он куштаанд, ки акси якҷояашро бо писаре дар Фейсбук нашр кард.

Нур Муҳаммад, як афсари пулис, рӯзи 28-уми ноябр гуфт, дар куштор падари духтар ва се хешованди дигараш даст доранд.

Ба иттилои як манбаъ, ҷавоне, ки дар акс тасвир ёфтааст, зери ҳимояти пулис қарор дорад.

Қатли зан барои гуё ҳифзи обрӯи хонавода дар Покистон ҳодисаи нав нест.

Ин ҷиноят маъмулан аз сӯйи мардони хонавода - падар, писар ё бародару амакбачаҳо содир мешавад.

XS
SM
MD
LG