Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал ҷанг дар Ғаззаро фалокатбор хонд


Акс аз ҳамлаҳои Исроил ба ҷануби Ғазза дар рӯзи 1-уми декабр.
Акс аз ҳамлаҳои Исроил ба ҷануби Ғазза дар рӯзи 1-уми декабр.

Созмони Милали Муттаҳид аз сар гирифтани ҷанг дар Ғаззаро  маҳкум кард ва онро “фалокатбор” номида, аз тарафҳои даргир  хост, оташбаси пойдоре эълон кунанд.

Йенс Лаерк, сухангӯи Идораи Кӯмакҳои Башарии Созмони Милал дар шаҳри Женева рӯзи 1-уми декабр, ки ҷанг дубора оғоз шуд гуфт, аз сар гирифтани муноқиша ба ин маънист, ки “дӯзах дар Замин ба Ғазза баргаштааст.”

Баъди хотимаи оташбаси якҳафтаина ҳавопаймоҳои Исроил дигарбора ба бомбборони Ғазза оғоз карданд ва фаластиниёнро маҷбур ба тарки хонаҳояшону ҷустуҷуи паноҳгоҳ сохтанд. Волкер Турк, масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфт, “Аз саргирии низоъ дар Ғазза фалокатбор аст”. Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябр бо ҳамлаи гурӯҳи фаластинии Ҳамос ба Исроил оғоз шуд.

Ҳамос ки аз тарафи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун созмони террористӣ шинохта шудааст, дар ин ҳамла 1200 нафарро кушт ва 240 каси дигарро гаравгон гирифта, ба Ғазза бурд. Дар ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Исроил ба Ғазза ба гуфтаи созмони Ҳамос беш аз 14 ҳазор нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо занону кӯдакон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG