Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Фарғона блогери шинохтаи узбекро ба зиндон маҳкум кард


Олимҷон Ҳайдаровро моҳи июл дастгир карданд.
Олимҷон Ҳайдаровро моҳи июл дастгир карданд.

Додгоҳи Вилояти Фарғона, Олимҷон Ҳайдаров, яке аз блогерони фаъоли Узбекистонро бо гуноҳи тамаъҷӯӣ, паст задани шаъну эътибор ва туҳмати ноҳақ ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи Вилояти Фарғона, Олимҷон Ҳайдаров, яке аз блогерони фаъоли Узбекистонро бо гуноҳи тамаъҷӯӣ, паст задани шаъну эътибор ва туҳмати ноҳақ ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ ҳукми ӯро, ки моҳи июл дастгир шуд, рӯзи 1-уми декабр содир кард. Худаш мегӯяд, ки бегуноҳ аст ва парвандааш дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Олимҷон Ҳайдаров ба ҳимояти чанд блогери дигари узбек бархоста буд, ки онҳоро низ дар моҳҳои гузашта бо гуноҳи тамаъҷӯӣ ба зиндон андохтанд.

Моҳи декабри соли 2022 додгоҳи Фарғона ба ӯ амр дод, барои гузоришҳояш дар бораи норасоии газу барқ дар Узбекистон ҷаримаи бузурге пардозад.

XS
SM
MD
LG