Аз замони оғози ҷанги Русия дар Украина то кунун на камтар аз 38 261 сарбози рус кушта шудаанд. Ин омори хабарнигорони бахши русии Би Би Си, расонаи интернетии “Медиазона” ва гуруҳе аз ихтиёриёнест, ки талафоти неруҳои Русияро бо такя ба манобеи боз ва дастрас ҳисоб мекунанд.
Ба навиштаи ин хабарнигорони пажуҳишгар, танҳо дар ду ҳафтаи гузашта, яъне аз 17-уми ноябр то 1-уми декабр дар феҳрасти ҳалокшудагон 1200 номи дигар илова шудааст. Ба қавли ҳамин хабарнигорон, теъдоди воқеии сарбозони кушташудаи рус дар ҷанг зиёдтар аз ин аст, чунки онҳо фурсат намеёбанд, тамоми иттилоотеро, ки ба дасташон мерасад, санҷидаву таҳқиқ ва собит кунанд.
Афзоиши талафот ба гуфтаи хабарнигорон ба сабаби ҷангҳои сахт дар ҷабҳа аст. Дар таҳқиқ омадааст, аз аввали моҳи ноябр таъзияномаҳои расмӣ зиёд шудааст ва дар онҳо зикр шудааст, ки сарбозон дар ноҳияи Авдеевка, начандон дуртар аз шаҳри Донетск ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин иттилоот дар бораи кушташудагон дар вилояти Херсон, ҷазираҳои рӯдхонаи Днепр ва дар наздикии деҳаи Кринки зиёдтар нашр шудаанд, ки дар он ҷойҳо ҷанг идома дорад.
Бахши русии Би Би Си ва “Медиазона" ба ҷамъоварии омори сарбозони кушташудаи рус аз замони оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022 оғоз карданд. Онҳо фақат иттилоотеро ҷамъ меоранд, ки аз манобеи боз, ба мисли санадҳои расмӣ, баёнияҳои мақомоти расмӣ, матбуот, навиштаҳои хешовандони кушташудагон ва маълумоти гӯристонҳо ба дасташон мерасад. Хабарнигорони машғули таҳқиқ таъкид мекунанд, ки оморашон комил нест ва фақат онҳое дар феҳрасташон дарҷ шудааст, ки номашон ва ҷойи дафнашонро маълум кардаанд.
Русия ва Украина шумораи талафоташон дар ҷангро эълон намекунанд. Вазорати дифои Русия танҳо рӯзи 21-уми сентябри соли 2022 талафот дар ҷангро эълон кард ва гуфт, ки дар умум 5937 нафар кушта шудаанд. Арзёбии мустақилонаи талафоти Украина дар ҷанг баҳори имсол ба матбуот роҳ ёфт.
Дар санадҳои Хадамоти Ҷосусии Амрико, ки дар интернет нашр шуд, омадааст, ки ба ҳисоби Амрико, артиши Украина дар ҷанг аз 15 500 то 17500 сарбозашро талаф додааст ва шумораи маҷруҳон мумкин аст, аз 109 000 то ба 113 000 нафар расида бошад.
Гуфтугӯ