Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба наздикони Маҳсо Аминӣ иҷозаи сафар надод


Iran
Iran

Мақомоти Эрон ба пайвандони Маҳсо Аминӣ иҷоза надоданд, ки барои қабули ҷоизаи Сахарови Порлумони Аврупо, аз кишвар берун раванд. Марги Аминии 22 сола баъди боздошташ дар соли гузашта, сабаби эътирозҳои густарда дар Эрон шуд.  

Рӯзи 8-уми декабр дар фурудгоҳи Теҳрон ба падар ва бародари Маҳсо Аминӣ гуфтанд, ки ҳақ надоранд, кишварро тарк кунанд. Бино ба манобеи Радиои Фардо, шиносномаҳои онҳо гирифта шудааст.

Рӯзи 19-уми октябр Порлумони Аврупо барои озодии андеша ҷоизаи Сахаровро дар соли 2023 ба Маҳсо Аминӣ ва ҷунбиши “Зан, ҳаёт, озодӣ”, ки пас аз марги ӯ роҳандозӣ шуд, тақдим кард.

“Порлумони Аврупо бо ифтихор, аз занони ҷасуре, ки барои баробарӣ ва шаъну шарафу озодӣ дар Эрон мубориза мебаранд, ҳимоят мекунад”- гуфт, зимни эълони барандаи ҷоизаи Сахаров, президенти Порлумони Аврупо, Роберт Метсол.

Ҷоизаи олии ҳуқуқи башари Порлумони Аврупо ба номи донишманду сиёсатмадори дигарандеши рус Андрей Сахаров гузошта шуда, соле як бор ба афрод ва созмонҳое тақдим мешавад, ки барои ҳимоя аз ҳуқуқи одамон ва озодӣ мубориза мебаранд. Ин ҷоиза 50 ҳазор евро ё 54 ҳазор доллар мукофотпулӣ дорад.

Маҳсо Аминии 22 сола аз курдтаборони Эрон, рӯзи 16-уми сентябри соли 2022 аз сӯйи пулиси Эрон барои “бадҳиҷобӣ” боздошт шуд ва дар бемористон ҷон дод. Наздиконаш гуфтанд, кормандони пулис ӯро латукӯб кардаанд.

Дар посух ба марги ӯ даҳҳо ҳазор эронӣ моҳҳо дар хиёбонҳо эътироз карданд. Мақомоти Эрон эътирозгаронро саркӯб карданд ва ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ дар ин эътирозҳо, 500 нафар кушта шуда, беш аз 20 ҳазор нафар боздошт шуданд.

Чанд тан аз эътирозгаронро ҳукумати Эрон ҳукми қатл дод. Ҷомеаи ҷаҳонӣ амалкарди мақомоти Эронро маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG