Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ба Хон-Юнус ҳамла кард. СММ: Нисфи мардуми Ғазза гуруснаанд


Ҳамлаи Исроил ба Хон-Юнус
Ҳамлаи Исроил ба Хон-Юнус

Исроил ба ҳазорон сокини шаҳри Хон-Юнус дар Ғазза ҳушдор додааст, ки фавран ин шаҳрро тарк кунанд.

Дар ин шаҳр садҳо ҳазор нафар аз шимоли Ғазза гурехта паноҳанда шудаанд, вале ҳоло маълум нест, ки онҳо бояд ба куҷо бираванд.

Исроил пас аз онки Амрико ба қарори Шӯрои амнияти СММ барои оташбаси фаврӣ дар Ғазза вето гузошт, ҳамлаҳояшро ба ҷануби ин минтақа афзоиш дод.

Созмони милали муттаҳид мегӯяд, бо зур берун кардани фаластиниён аз хонаҳояшон фоҷеаи бузургтар ба дунбол дорад ва онҳо ҷое барои рафтан надоранд.

Вазорати дифои Исроил харитаи шаш минтақаи шаҳри Хон-Юнусро нашр кард ва эълон кард, ки сокинони он бояд фавран берун раванд.

Созмони милали муттаҳид вазъ дар Ғаззаро даҳшатнок номида мегӯяд, нисфе аз мардуми ин борика аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд.

Навори Ғазза аз се тараф дар муҳосираи Исроил аст ва танҳо як роҳ ба Миср дорад, ки он барои берун рафтани мардуми оддӣ баста аст. Аз ин рӯ, сокинони ин минтақа ба ҷое берун аз Ғазза рафта наметавонанд. Ҷое, ки шабонарӯз зери бомборони Исроил қарор дорад.

Масъулони Барномаи ғизорасонии СММ мегӯянд, имкони ба қадри кофӣ расонидани кумак ба мардуми оддиро надоранд. Ба гуфтаи масъулони ин барнома, бомборони Исроил расонидани кумакҳои башардӯстона ба Ғаззаро тақрибан номумкин кардааст ва фаъолияти бахшҳои Созмони милал гирифтори мушкили ҷиддӣ шудаанд.

Исроил иддао дорад, ки дар Ғазза гурӯҳи ҲАМОС-ро саркӯб мекунад, ки рӯзи 7-уми октябр ба хоки ин кишвар ҳамла кард ва беш 1200 нафарро кушта, зиёда аз 200 нафарро гаравгон бурд.

Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза аз ҳама бештар сокинони оддӣ кушта шудаанд.

То кунун беш аз 17 ҳазор нафар дар Ғаззза кушта ва беш аз 40 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудааст, ки аксарашон занону кӯдаконанд. Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, агар вазъ чунин идома кунад, Ғаззаро фоҷеаи гушношуниде фаро хоҳад гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG