Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон мусофирони тоҷикро аз сардӣ наҷот доданд


Мақомоти қазоқ гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷойи гарм таъмин карданд.
Мақомоти қазоқ гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷойи гарм таъмин карданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод, ки як гурӯҳ шаҳрвандони дар роҳ бандмондаи Тоҷикистону Узбекистонро аз сардӣ наҷот додаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки 26 шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Узбекистон аз Русия тариқи Қазоқистон дар роҳи бозгашт ба ватан буданд, вале автобуси онҳо дар роҳи “Остана-Петропавловск” хароб шудааст.

Дамир Қодирбоев, як масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Оқмола дар саҳифаи Инстгарми ин ниҳод бо нашри наворе гуфт, ки соати 1-и шаби 9-уми декабр шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистонро аз сардӣ наҷот доданд ва дар ҷои гарм дар шаҳри Кокшета онҳоро ҷой додаанд.

Нурия Абдураҳмонова, шаҳрванди Тоҷикистон дар ин навор гуфтааст, ки дар ҳавои номусоид автобусашон ба мушкил дучор шуд ва бештар аз се соат дар сардӣ монданд. Ӯ гуфт, ки ҳоло ҷояшон хуб аст ва онҳоро бо маводи ғизоӣ таъмин кардаанд.

Навори мақомоти қазоқро инҷо тамошо кунед:

Хароб шудани автобуси муҳоҷирон дар роҳҳои Қазоқистон борҳо расонаӣ шудааст. Муҳоҷироне бештар тариқи автобус ба Русия сафар мекунанд ё аз онҷо бармегарданд, ки пули кам доранд.

Нархи билети автобус дар нисбат ба ҳавопаймо ва қатора арзонтар аст. Муҳоҷирон тариқи автобус аз Тоҷикистон то Русия аз чор то ҳафт рӯз мерасанд.

XS
SM
MD
LG