Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи ҳавоии фаромӯшшудаи назорати кайҳонӣ дар ноҳияи Шоҳин. ВИДЕО


Тоҷикон иҷозати даромадан ба ин макони махфиро надоштанд.

Ин ҷо то солҳои 2000-ум нуқтае барои назорати кайҳонӣ буд. Бо вуҷуди қатъи кораш он то соли 2015 дар ихтиёри пойгоҳи 201-уми Русия буд. Акнун як харобазор шудааст.

Сарҳанги бознишаста Абдушафеъ Тоҷов дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо дар замони Шуравӣ талош кардем, ки аз ин макон дидан кунем, аммо ба мо иҷоза надоданд ва гуфтанд, ки ин макон макони махфист ва касе ҳақ надорад, ки вориди ин макон шавад.”

Ҳар бинои ин марказ дар зери кӯҳ аст ва аз чанд тараф ба самти он роҳ сохта шудааст. Он дар баландии деҳаи Бодомтути ноҳияи Шоҳин қарор дорад ва замоне дастгоҳҳояш бо моҳвора пайваст будааст.

Аз ин ҷо сарбозони дивизияи 201, ки имрӯз номаш пойгоҳи 201-уми Русия аст, васеъ истифода мебурдаанд.

Афсари собиқадори тоҷик мегӯяд, ки бояд ин марказ нигоҳдорӣ ва ба тарафи Тоҷикистон супурда мешуд.

Пойгоҳи кайҳонии фаромӯшшуда дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

“Ин маконро бояд вайрон намекарданд ва ба Тоҷикистон медоданд. Агар имрӯз вазъи сарҳади мо бад мешуд, ё ин ки ягон ҳавопаймо ё ин ки чизҳои ҳавоӣ парвоз мекардаро ё хавфу хатарро бартараф кардан мумкин буд, аммо инро ба мо надоданд”, гуфт Тоҷов.

Ба гуфтаи сарҳанги бознишаста, дар даврае, ки ҷангҳои муосир ба воситаи паҳпод ё дронҳо анҷом мегиранд, бояд ин марказ бозсозӣ ва фаъол карда шавад.

Як афсари дигари тоҷик бидуни бурдани номаш гуфт, ки ин макон рафтуомади ҳавопаймоҳоро назорат мекард ва соли 1960 вориди шӯравӣ шудани ҳавопаймои амрикоии “У-2”-ро ошкор кардааст.

Он замон Фрэнсис Пауэрс аз Пешовари Покистон парвоз карда, аз ин минтақа гузашт ва то вилояти Свердлови СССР рафта буд.

Баъд аз онки Тоҷикистон маркази назорати кайҳонии “Окно”-ро дар ивази як қарзи замони шӯравӣ ба ихтиёри Русия дод, таҷҳизот аз он ҷо ба Норак бурда шуд.

Ба ғайр аз “Окно” Вазорати дифои Русия пойгоҳи 201 ва як тамрингоҳи ҳарбиро дар ихтиёр дорад. Маоқомти Тоҷикистон аз даромадан ба пойгоҳи “Окно” маҳруманд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG