Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи озод: Вакилони мардумӣ корашонро дуруст иҷро мекунанд, ё не? ВИДЕО

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳар рӯзи чаҳоршанбе ва ё гоҳо панҷшанбе ҷамъ меоянд ва қонуну санадҳоеро баррасиву қабул мекунанд, ки аксаран ҳукумат пешниҳод месозад.

Аммо ба сахтӣ мебинед, ягон қонун, ё санадро барои бознигарӣ бозпас фиристанд, ё бигӯянд, ки ин санад ба манфиати мардум нест ва набояд қабул шавад. Кор ба ҷое расида аст, ки тугмаҳои раъйи «Бале» дар назди курсии вакилон бар асари пахш кардани зиёд, беранг шудаанд, вале тугмаи "НЕ“ рӯшан ва тағйирнохӯрда мондааст.

Оё кори 63 вакили Маҷлиси намояндагон фақат барои муҳру имзо задан ба қарору қонунҳои ҳукумат аст ва ё назорати кори ону талаб аз он барои иҷрои дурусти вазифаҳо?

Мавзӯи суҳбати барномаи Гапи Озод ҳамин аст ва меҳмонон Саидҷаъфар Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби демократ ва Бахтиер Насруллоев ҳуқуқшиноси тоҷик.

Чанде аз суолҳои матраҳшуда:

Мо бисёр мешунавем, ки порлумон дар робита ба масоили муҳими ҷомеа хомӯшӣ ихтиёр мекунад, ки баёнгари огоҳ набудани он аз аҳволи ҷомеа аст?

Масалан таъқибу боздошту латту куби муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки зиёд аз он гузориш мешавад, ё ба гуши вакилон намерасад, ё онҳо агар фаҳманд, ҳам чизе намегӯянд ва барои ҳимоят аз ҳуқуқи раъйдиҳандагони худ садо баланд намекунанд? Чаро?

Мо ин гуфтаҳоро ҳам бисёр мешунавем, ки вакилони мардумӣ, ки бо музди хубу мошини хидматӣ таъминанд, аз он метарсанд, ки дар сурати танқиди ҳукумат ва ё эрод гирифтан ба кори мақомот аз мансаб мераванд ва барои ҳамин сокит ҳастанд?

Посухҳоро дар барнома ва инҷо бубинед:

Порлумони Тоҷикистон вазифаҳояшро дуруст иҷро мекунад, ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:37:25 0:00

  • Акси 16x9

    Мирзонабии Холиқзод

    Аз соли 1995 дар Радиои Озодӣ кор мекунад. 13 сол мудири дафтари радио дар Душанбе буд. Муаллифи “Гапи Озод”, баҳс доир ба мавзӯи доғи рӯз.

  • Акси 16x9

    Тоҳири Сафар

    Аз соли 1999 корманди Радиои Озодист. То 2001 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт ва ҳоло дар Прага кору зиндагӣ мекунад.

  • Акси 16x9

    Мӯъмин Аҳмадӣ

    Аз соли 2008 дар Радиои Озодӣ кор мекунад. Аз соли 2017 дар дафтари марказии Радиои Озодӣ дар Прага аст.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG