Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Дар Тоҷикистон 5 мардро барои таҷовуз ва озори ҷинсӣ ҷазо додаанд

Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар кишвар 5 нафарро барои таҷовуз ва ё озори ҷинсӣ ба зиндон маҳкум кардаанд.

Дар омори тозаи вазорат, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, омадааст, ки дар ин муддат фақат як нафар барои таҷовуз ва бақия барои озори ҷинсӣ ва ё маҷбур кардан барои алоқаи ҷинсӣ ва ё бачабозӣ ҷазо гирифтаанд.

Дар Тоҷикистон бо вуҷуди қабули барномаҳои зиёде барои маҳви хушунати хонаводагӣ, ҳануз бадрафториву озору азияти занон аз ҷумла озори ҷинсӣ зиёд мушоҳида мешавад.

Як пажӯҳиши Барномаи Рушди Созмони Милал дар гузашта нишон додааст, ки 67 дарсад дар Тоҷикистон ба ин боваранд, ки зӯроварӣ ба зан дар оила як кори маъмулист ва бисёре аз мардон ва худи занон ҳам гуфтаанд, ки “латукӯби зан ҷоиз аст”.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Садҳо парванда барои аз таҳсил дур кардани кӯдакон дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон соли 2025 барои аз таҳсил дур кардани кӯдакону наврасон бештар аз 330 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Дар миёни онҳо волидоне ҳастанд, ки фарзандони худро ба Русия бурда, вале ба мактаб надоданд.

Додситонии кул як сокини ноҳияи Спитаменро мисол овардааст, ки ду фарзанди ноболиғашро ба Русия бурда, монеи таҳсили онҳо шудааст.

Теъдоде аз онҳое, ки фарзандони худро ба Русия бурдаанд, мегӯянд, дар ватан касе надоранд, ки фарзандонашонро сарпарастӣ кунад, аз ин рӯ ночоранд барои пешбурди зиндагӣ онҳоро низ бо худ баранд.

Дар Тоҷикистон барои монеъ шудан ба таҳсили фарзанд ҷаримаҳои бузург ва то ду соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.

Владимир Зеленский: Ба Русия бовар кардан мумкин нест

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Раисҷумҳури Украина гуфт, бовар надорад, ки агар нерӯҳои кишвараш, ҳамон тавре Русия мехоҳад, аз қаламрави Донбасс берун раванд, шароит барои сулҳи пойдор фароҳам гардад.

Владимир Зеленский ин суханонро дар суҳбат бо маҷаллаи бонуфузи “Financial Times” баён доштааст. Дар рӯзҳое, ки аз таҷовузи низомии Русия ба хоки Украина чаҳор сол гузашт.

"Рости гап, бовар надорам, ин танҳо чизест, ки Русия мехоҳад. Берун рафтани мо аз Донбасс. Ва гуё он гоҳ ҷанг поён меёбад. Шумо медонед, ки ба Русия бовар кардан мумкин нест," – афзудааст Зеленский.

Ба қавли ӯ, масъалаи муҳимтарин барои Украина кафолат ё тазминҳои амниятӣ аст, ки метавонад аз таҷовузи дубораи Русия пешгирӣ кунад.

Зеленский ҳамзамон гуфт, маъмурияти президенти Амрико Доналд Трамп барои розӣ шудан ба созишномаи сулҳ дар муқоиса ба Маскав ба Киев фишори бештар меорад.

Раисҷумҳури Украина дар навбати худ аз кишварҳои ғарбӣ хост, ба Кремл фишори сахти иқтисодӣ биоранд.

Аввалин қатори Чин-Тоҷикистон ба роҳ баромадааст

Акс аз сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки аввалин қатораи санҷишӣ дар хатсайри Чин-Тоҷикистон ба роҳ баромад.

Вазорат 23-юми феврал дар хабарномае навишт, қатор 17-уми феврал ба роҳ баромада, давоми 18-20 рӯз ба Душанбе мерасад.

Дарозии умумии хатсайри Чин-Тоҷикистон зиёда аз 3 500 километр гуфта мешавад ва ин роҳ аз қаламрави Чин, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон мегузарад.

Ба иттилои вазорат, қатор молҳои мавриди ниёзи мардум ва техникаи сохтмониро ба Тоҷикистон меорад.

Роҳандозии ҳаракати қатораҳо дар масири Чин-Тоҷикистон аз сӯи ширкати "UTK International Logistics Co. Ltd" амалӣ карда мешавад. Ин ширкати муштараки Чин ва Узбекистон мебошад, ки соли 2025 ташкил шудааст.

Чин яке аз шарикони асоси тиҷоратии Тоҷикистон мебошад ва молу колои ду кишвар аз тариқи нақлиёт интиқол дода мешавад.

Додгоҳ ду тоҷирро барои боло бурдани нарх ҳабс кард

Як дӯкони гӯштфурӯшӣ дар Душанбе
Як дӯкони гӯштфурӯшӣ дар Душанбе

Пулиси Душанбе мегӯяд, ду тоҷир барои гарон фурӯхтани гӯшт, бо қарори додгоҳ панҷ шабонарӯз аз озодӣ маҳрум шуданд.

Ба иттилои расмӣ, Умед Раҷабов ва Файзулло Ҷалилов қаблан барои муътадил нигоҳ доштани нарх расман огоҳонида шуданд, аммо боз ҳам "дидаву дониста гӯштро ба шаҳрвандон бо нархи баланд" фурӯхтанд.

Назари ин ду соҳибкор ба қазия маълум нест. Пулиси Душанбе нагуфтааст, ки ин ду нафар гӯштро чанд сомонӣ зиёдтар аз нархи бозор ба савдо гузоштанд.

Пулиси Душанбе бо нашри ин хабар аз тоҷирони маҳсулоти хӯрокворӣ талаб кардааст, ки "аз худсарона баланд бардоштани нархи маҳсулот худдорӣ намоянд!"

Давоми панҷ рӯзи моҳи Рамазон ин ягона ҳолати ҷазо додани гӯштфурӯшон нест.

Рӯзи 19-уми феврал ва дар нахустин рӯзи моҳи Рамазон ду фурӯшандаи гӯшт дар пойтахт барои ба гуфтаи мақомот беасос боло бурдани нарх чор шабонарӯз аз озодӣ маҳрум шуданд. Аммо назари ин афрод ба қазия маълум нашуд.

Мақомоти Тоҷикистон аз роҳи таъйини нарх барои маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт талош доранд қиматҳоро танзим кунанд. Бархеҳо аз ин чиз интиқод карда мегӯянд, бигзор бозор нархро муайян кунад.

Додраси пешин бо иттиҳоми порагирӣ чор сол зиндонӣ шуд

Самандари Қаландар / Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Самандари Қаландар / Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон Самандари Қаландар, додраси пешини ноҳияи Ҷалолиддин Балхиро бо иттиҳоми гирифтани пора чор сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Дар ин бора як манбаъ аз Додгоҳи олӣ 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳукм аввали моҳи феврал содир шуда, додраси пешин аз болои он шикоят накардааст. Назари Самандари Қаландар ва наздиконаш ба ҳукм маълум нест ва талошҳои мо барои пайдо кардани назари онҳо то ин дам бенатиҷа буд.

Ҳамсуҳбати мо дар Додгоҳи олӣ гуфт, додраси пешин аз ҳукми содиршуда нисбаташ "қаноатманд аст".

Самандари Қаландар рӯзи 17-уми декабри соли 2025 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақом ронда шуд. Сабаби барканории ӯро кирдоре донистанд, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад".

Рӯзи 23-юми феврал Оҷонсии мубориза бо фасод дар хабарномае навишт, ин додраси пешин ба гирифтани 75 ҳазор сомонӣ ришва муттаҳам шудааст. Дар ҳоле, ки назари Самандари Қаландар ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест, Оҷонси мубориза бо фасод гуфтааст, ӯ моҳи октябри соли 2025 барои сабук кардани ҷазои як шахс "пора" талаб кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Самандари Қаландар "дар утоқи корияш, бори аввал 50 ҳазор сомонӣ ва бори дуюм 25 ҳазор сомонӣ гирифт."

Дар Тоҷикистон зиёда аз чорсад додрас кор мекунанд. Дар бештар аз даҳ соли гузашта зиёда аз сӣ нафари онҳо ба иттиҳоми ришвагирӣ боздошт ва бархе зиндонӣ шуда ё бо пардохти ҷарима озод гардидаанд.

Маҷористон таҳримҳои навро алайҳи Русия ҷонибдорӣ накард

Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон
Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон

Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 23-юми феврал бар сари бастаи 20-уми таҳримҳо алайҳи Русия ба тавофуқ нарасиданд.

Ин хабарро Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо тасдиқ кард. Масъули сиёсати хориҷии ИА гуфт, "ин на он паёме буд, ки мехостанд" дар остонаи чорсолагии таҷовузи Русия ба Украина ирсол кунанд.

Маҷористон (Венгрия) ва Словакия ба ин тасмим мухолифат кардаанд. Барои тасдиқи бастаи таҳримҳо розигии ҳама аъзои Иттиҳоди Аврупо лозим аст.

Қаблан интизор мерафт, ки бастаи 20-уми таҳримҳо алайҳи Русия то рӯзи 24-уми феврал тасдиқ мешавад. Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, кор дар ин самт идома дорад.

Маҷористон ё Венгрия мақомоти Украинаро ба қасдан зарар расондан ба хати лӯлаи нафти "Дружба" муттаҳам мекунад, ки роҳи асосии интиқоли нафти Русия ба Маҷористон ва Словакия буд. Ҷараёни нафт аз хати лӯлаи "Дружба" аз 28-уми январ ва пас аз ончӣ Украина "ҳамлаи паҳбодии Русия ба зерсохтҳои хати лӯла" эълон кард, қатъ шуд. Ба ғайр аз ин Киев мегӯяд, Маҷористон ва Словакия бо идомаи хариди нафт аз Русия, ҷанги Маскав алайҳи Украинаро сармоягузорӣ мекунанд.

Рӯзи 23-юми феврал намояндагони Маҷористон ҳамчунин аз тасдиқи 90 миллиард евро қарзи Иттиҳоди Аврупо ба Украина худдорӣ карданд.

"75 ҳазор сомонӣ." Эълони иттиҳом ба зидди додраси барканоршуда

Самандари Қаландар. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Самандари Қаландар. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Самандари Қаландар, додраси пешини ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон, ки ду моҳ қабл аз мансабаш барканор шуд, ба гирифтани 75 ҳазор сомонӣ ришва муттаҳам шудааст.

Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврал гуфт, ӯ моҳи октябри соли 2025 барои сабук кардани ҷазои як шахс "пора" талаб кардааст. Ба иттилои манбаъ, Самандари Қаландар "дар утоқи корияш, бори аввал 50 ҳазор сомонӣ ва бори дуюм 25 ҳазор сомонӣ гирифт."

Назари додраси собиқ ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.

Самандари Қаландар рӯзи 17-уми декабри соли 2025 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақом ронда шуд. Сабаби барканории ӯро кирдоре донистанд, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад".

Ҳамроҳи ӯ Фирдавс Ҳусейнзода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд ва Нозим Давлатзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Балҷувон низ бо иттиҳоми ҳамсон аз мақом барканор карда шуданд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз чорсад додрас кор мекунанд. Дар бештар аз даҳ соли гузашта зиёда аз сӣ нафари онҳо ба иттиҳоми ришвагирӣ боздошт ва бархе зиндонӣ шуда ё бо пардохти ҷарима озод гардидаанд.

Созмони Шаффофияти Байнулмилал ё Transparency International дар гузориши имсолааш Тоҷикистонро аз ҷиҳати ҷой доштани фасоду ришвахорӣ дар миёни 184 кишвар дар мақоми 164 ҷой дод. Ин созмон гуфт, “коррупсия дар Тоҷикистон расм шудааст” ва “мақомот ислоҳоти бунёдӣ намегузаронанд”.

Омӯзгорро барои шаппотӣ задани хонанда ҷазо доданд

Додгоҳи шаҳри Левакант (Сарбанди собиқ) ҳукми як омӯзгорро баровард, ки ба шаппотӣ задани хонанда гунаҳкор мешуд.

Ба гузориши хабаргузории "Азия-Плюс", омӯзгор Фарҳод Назаров ба 200 соат кори ҳатмӣ маҳкум шуда, аммо ҳақ дорад ба фаъолияти омӯзгорӣ идома диҳад. Вокуниши ин омӯзгор ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Алайҳи ин омӯзгор бар асоси моддаи моддаи 174-и Кодекси ҷиноятӣ (иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ) парванда боз шуда буд. Ин модда аз 15 ҳазор сомонӣ ҷарима то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Шаппотӣ задани хонанда, ки боиси парвандаи ҷиноятӣ омӯзгор гардид, моҳи сентябри соли 2025 рух додааст. Он вақт наздикони Меҳмед Бозорови 17-сола иддао карда буданд, ки рӯзи 6-уми сентябр ӯро Фарҳод Назаров, омӯзгори забони англисӣ лату кӯб кардааст ва ӯ 15 рӯз дар бемористон бистарӣ буд.

Идораи маорифи ин шаҳр ҳодисаро тасдиқ кардааст, вале осеб дидани хонандаро рад кардааст. Фарҳод Назаров пештар гуфта буд, хонанда дарсро вайрон карда ба гапҳои ӯ гӯш надод. Ин ҳодиса вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

"Даромад кам бошад, патент бекор мешавад". Тарҳи нав барои муҳоҷирон

Новосибирск, Русия
Новосибирск, Русия

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки асосҳо барои рад кардани иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирон бештар карда шаванд.

Бар асоси лоиҳаи қонун, ки дар сомонаи Дума нашр шуд, мақомоти андоз ба таври худкор (автоматӣ) дар бораи даромади шаҳрвандони хориҷӣ ба Вазорати корҳои дохилии Русия маълумот ирсол мекунанд. Дар сурати пешниҳод нашудани ин маълумот, мақомоти Русия метавонанд ба муҳоҷир патент надиҳанд ё иҷозатномаи кории ӯро, ки пештар гирифта буд, бекор созанд.

Ҳамчунин дар ҳолати аз маоши ҳадди ақал камтар будани даромади муҳоҷир, патенти ӯ метавонад бекор карда шавад. Онҳое, ки бори аввал барои гирифтани патент ҳуҷҷат месупоранд аз ин тартиб озод ҳастанд.

Дар сурати қабули ин қонун тартиби гирифтани ҳаққи иқомат дар Русия ва бекор шудани ин ҳуҷҷат низ тағйир меёбад. Бар асоси ин санад, шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани ҳаққи иқомати Русия бояд маълумот дар бораи даромадро ҳар семоҳа пешниҳод кунад. Дар ҳолати аз маоши ҳадди ақал кам будани даромади муҳоҷир давоми 10 моҳ, ҳаққи иқомати ӯ дар Русия бекор карда мешавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки Дума кай ин қонунро баррасӣ мекунад.

Вакилон ва мансабдорони Русия бо қабули даҳҳо тарҳ қариб дар тамоми бахшҳои кору зиндагии муҳоҷирон дар ин кишвар, аз истифодаи замимаву паёмрасонҳои мобилӣ гирифта, то қоидаи убури марзу вуруд ба кишварро дигар карданд. Шумораи қонунҳои нав ва тағйиру иловаҳо танҳо дар соли 2025 аз 35 адад гузаштааст.

Вокунишҳо ба суханони сафири ИМА дар бораи "ҳақ"-и Исроил бар Ховари Миёна

Чандин кишвари арабӣ ва исломӣ ба ҳамроҳи се ниҳоди минтақавӣ, изҳороти Майкл Ҳакаби, сафири Амрико дар Исроилро дар бораи ончӣ "ҳаққи инҷилӣ"-и Исроил бар бахшҳои калоне аз Ховари Миёна хондааст, маҳкум карданд ва онро мухолифи ҳуқуқи байналмилалӣ донистанд.

Майкл Ҳакаби дар гуфтугӯ бо Такер Карлсон, шореҳи муҳофизакори амрикоӣ, ки рӯзи 20 феврал нашр шуд, дар посух ба пурсише дар бораи тафсири таҳтулафзии як оят аз китоби муқаддаси масеҳиён гуфт, "агар Исроил ҳамаашро ҳам бигирад, мушкиле надорад".

Ин ояти Инҷил гоҳ ба унвони "ҳақ"-и Исроил бар сарзамини миёни дарёи Нил дар Миср то Фурот дар Сурия ва Ироқ, таъбир мешавад.

Дар вокуниш, Вазорати корҳи хориҷии Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 22 феврал якҷо бо чандин кишвари дигари арабӣ ва исломӣ бо нашри баёнияи муштарак эълон кард, ин изҳорот "хатарнок ва таҳрикомез" аст ва бо санадҳои Созмони Милали Муттаҳид дар мухолифат қарор дорад.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, дар ин баёния Арабистони Саудӣ, Миср, Урдун. Имороти Муттаҳидаи Араб, Индонезия, Покистон, Туркия, Қатар, Кувайт, Умон, Баҳрайн, Лубнон, Сурия ва Давалти Фаластин, имзо гузоштаанд. Ҳамчунин Созмони ҳамкориҳои исломӣ, Иттиҳодияи Араб ва Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс низ онро таъйид карданд.

Дар баёнияи кишварҳои арабӣ ва исломӣ таъкид шудааст, ки чунин мавзеъгирӣ талошҳо барои коҳиши таниш дар ҷанги Ғазза ва пешбурди як дурнамои сиёсӣ барои ҳаллу фасли фарогири ин муноқишаро камранг мекунад.

Дар муқобил, Амир Оҳана, раиси порлумони Исроил, дар шабакаи Х аз Майкл Ҳакаби ба хотири мавзеъгириаш дар ҳимоят аз Исроил дар мусоҳибааш, ситоиш кардааст.

Исроил аз замони таъсис дар соли 1948 марзҳои комилан ба расмиятшинохташуда надоштааст. Ин кишвар дар ҷанги шашрӯзаи 1967 Каронаи бохтарӣ ва Байтулмуқаддаси шарқиро ба тасарруфи худ даровард. Минтақае, ки акнун ҳудуди 700 ҳазор шаҳракнишини исроилӣ дар миёни се миллион фаластинӣ дар он зиндагӣ мекунанд.

Фаластиниҳо ин сарзаминҳоро барои ташкили кишвари мустақили худ ва пойтахташ Байтулмуқаддаси шарқӣ, мехоҳанд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои гузориш додаанд, ки ҳукумати Исроил ахиран тарҳеро барои хариди осони замин аз сӯи шаҳракнишинон дар Каронаи бохтарӣ қабул кардааст. Иқдоме, ки бо интиқоди Олмон ва бархе кишварҳои дигар рӯбарӯ шудааст.

Маҷористон таҳдид кард, ки ба додани қарз ба Украина мухолифат мекунад

Маҷористон эълон кард, то вақте интиқоли нафти Русия аз тариқи хати лӯлаи "Дружба" ба ин кишвар аз сар гирифта нашавад, бо додани қарзи 90-миллиардевроии Иттиҳоди Аврупо ба Украина мухолифат хоҳад кард.

Додани қарз аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ба Украина ниёз ба раъйи мусбати ҳамаи аъзои ин иттиҳодия дорад. Бо ин ҳол, ба сабаби наздикии ҳукуматҳои Будапешт ба Маскав, ҳукумати Виктор Орбан дар Маҷористон ҳамеша дар ҳар масъалае аз ин раъй ҳамчун абзори фишор истифода кардааст.

Петр Сийярто, вазири корҳои хориҷии Маҷористон рӯзи 20 феврал гуфт, Киев бо пешгирӣ аз транзити нафт ба Маҷоистон аз масири "Дружа", тавофуқи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Украинаро нақз кардааст ва Будапешт "дар баробари ин боҷхоҳӣ кӯтоҳ нахоҳад омад".

Ҷараёни нафт аз хати лӯлаи "Дружа" аз 28 январ ва пас аз ончӣ Украина "ҳамлаи паҳбодии Русия ба зерсохтҳои хати лӯла" эълон кард, қатъ шуд.

Маҷористон ва Словакия, ки танҳо полоишгоҳҳои боқимонда дар Иттиҳоди Аврупоро доранд, ки ҳанӯз аз нафти Русия аз тариқи ин хати лӯла истифода мекунанд, аз он замон барои таъмини ҷойгузин талош мекунанд.

Ҳар ду кишвар Киевро муттаҳам кардаанд, ки бинобар ангезаҳои сиёсӣ, аз интиқоли нафт пешгирӣ мекунанд.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, ки дар ин робита аз вазорати корҳои хориҷии Украина ва ширкати нафту гази он кишвар тафсилот хоста, аммо посухе дарёфт накардааст.

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар моҳи декабри соли гузашта пас аз соатҳои музокирот бар сари ироаи бастаи кӯмакҳои 90-миллиардевроии дусола ба Украина мувофиқат карданд.

Аммо ба ҷойи истифодаи мустақим аз дороиҳои масдудшудаи Русия, тасмим гирифтанд ин кӯмакро умдатан аз тариқи қарзи бо замонат аз будҷаи иттиҳодия таъмин кунанд. Бархе аз кишварҳои узви иттиҳодия ба додани пулҳои бандмондаи Русия ба Украина мухолифат карданд.

Иттиҳоди Аврупо ҷанги Русия алайҳи Украинаро таҳдиде барои амнияти худ медонад ва бар зарурати таъмини молии Киев барои идомаи ҷанг ё бозсозӣ таъкид дорад.

Трамп: 32 ҳазор нафар дар эътирозҳои Эрон кушта шуданд

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 20 феврал гуфт, ки дар эътирозҳои моҳи январ дар Эрон 32 ҳазор нафар кушта шуданд.

Ӯ зимни суханронӣ дар Кохи Сафед гуфт, ки "32 ҳазор нафар дар муддати кӯтоҳе кушта шуданд. Барои мардуми Эрон бисёр нороҳатам".

Ин нахустин бор аст, ки раисҷумҳури Амрико ба таври ошкор ба шумори кушташудагони эътирозҳои густурдаи ахир дар Эрон ишора мекунад.

Дар вокуниш ба ин суханони Доналд Трамп, вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ аз президенти Амрико хост, ки то дар ин бора "мадрак" пешниҳод кунад.

Ӯ дар шабакаи Х навишт, "агар касе нисбат ба дурустии маълумотҳои мо шак дорад, лутфан бо мадрак суҳбат кунад".

Ҳукумати Эрон омори кушташудагонро 3 ҳазору 117 нафар эълон кардааст, аммо ниҳодҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки шумори ҷонбохтагон бисёр зиёд аст.

Созмони Мустақили Дидбони Ҳуқуқи Башар, HRANA, ки қароргоҳаш дар Вашинтгон мебошад, як ҳафта пеш дар охирини омори худ гуфт, ки шумори ҷонбохтагони эътирозҳои ахир, ки ҳувияташон маълум шуд, аз марзи ҳафт ҳазор нафар гузаштааст.

Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин бори дигар эълон кард, ки ҳукумати Эрон ният дошт "837 нафар"-ро дар пайи эътирозҳо эъдом кунад, аммо пас аз ҳушори ӯ аз ин амал ақибнишинӣ кардааст.

Путин қонуни назорати сахти ФСБ бар интернетро имзо кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонуни наверо имзо кард, ки ба Хадамоти амнияти дохилии ин кишвар қудрати нав барои қатъи интернет дар дохили кишварро медиҳад. Ин қонун, ки 20 феврал қабул шуд, навтарин қонун аз маҷмӯе аз муқаррарот аст, ки ба шиддат тавоноии мақомотро барои маҳдуд кардани ахбор ва маълумот дар дохили Русия афзоиш медиҳад.

Ин иқдоми нав, ки аввалҳои ин ҳафта аз сӯи вакилони Думаи давлатӣ пазируфта шуд, ба Хадамоти амнияти федеролӣ маъруф ба ФСБ ин қудратро медиҳад, ки аз ироакунандаҳои хадамоти интернетӣ ва телефонҳои ҳамроҳ бихоҳад дар мавридҳое, ки "тавассути қонунҳои назоратии раисҷумҳури Русия муайян шудааст", дастрасиро қатъ ё маҳдуд кунанд.

Ин иқдом ба Путин иҷозат медиҳад, то шахсан тасмим бигирад, ки чӣ вақт иртиботи онлайнӣ дар кишвар ё як минтақаи хос бояд хомӯш шавад, бе онки ниёзе ба пешниҳоди далелу сабаб бошад. Ҳамчунин ҳаргуна масъулиятеро барои ироакунандагони хадамот дар баробари анҷоми ин кор аз байн мебарад.

Дар моҳҳои ахир мақомоти рус бо равишҳое барои пешгирӣ аз вуруди паҳбодҳои украинӣ ба ҳарими ҳавоии Русия, даст ба кор шудаанд.

Мақомот аз ҷумла, шабакаҳои интернетии маҳбуб, ба вижа барномаҳои паёмрасон монанди "Вотсапп" ва "Телеграм"-ро маҳдуд карданд. Ҳар ду барнома ба шиддат масдуд шудаанд, зеро ҳукумат талош мекунад, то русҳоро ба истифодаи як барномаи зери ҳимояти ҳукумат бо номи Max тарғиб кунад. Дар як гузориш омадааст, ки "Телеграм" аз аввали моҳи апрел ба таври комил баста хоҳад шуд.

"Роскомнадзор", ниҳоди танзимкунандаи фаъолияти фановарӣ дар Русия, "Телеграм"-ро, ки аз сӯи Павел Дуров сохта шудааст ва ҳоло дар табъид ба сар мебарад, ба ифшои маълумоти шахсии шаҳрвандони Русия муттаҳам кард.

Маҳдудиятҳои ҷоришуда бар "Телеграм" боиси вокуниши блогерҳо шудааст, ки аз наздик таҳаввулоти майдонии набарди Русия дар Украинаро дунбол мекунанд ва барои воҳидҳои низомии Русия пул ҷамъоварӣ мекунанд. "Телеграм" ҳамчунин ба таври густурда аз сӯи сарбозони Русия, ки дар хатти ҷанг қарор доранд, истифода мешавад.

Дар як ҳушдори ғайримаъмулӣ, Хадамоти амнияти федеролии Русия рӯзи 21 феврал дар баёнияе иддао кард, ки ниҳодҳои амниятии Украина қодир ба дастрасӣ ба маълумоти фиристодашуда тавассути сарбозони рус дар "Телеграм" будаанд ва ин амр "борҳо боиси таҳдиди ҷони аъзои ФСБ" дар се моҳи гузашта шудааст.

СММ аз таъсиси "Ҳайати илмии байналмилалии ҳуши маснуӣ" хабар дод

Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки як ҳайати нав дар бахши ҳуши маснуӣ таъсис кард, то "назорати инсон бар технология"-ро тақвият кунад.

Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти Деҳлӣ гуфт, ҷаҳон ба суръат ба сӯи ношинохтаҳо меравад ва бояд ба ҷойи тарс ва ҳаяҷон, ба воқеиятҳо таваҷҷуҳ шавад.

Ӯ афзуд, 40 нафар узви "Ҳайати илмии байналмилалии ҳуши маснуъӣ" таъйин шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, мудирияти илмӣ метавонад ин фановариро бехафтар ва одилонатар кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар канори хубиҳои ҳуши маснуӣ, нигарониҳое монанди аз байн рафтани ҷойҳои корӣ, сӯистифодаи онлайнӣ ва масрафи зиёди барқ низ вуҷуд дорад.

Раҳбарони ҷаҳон рӯзи 20 феврал дар поёни нишасти ҳуши маснуӣ дар Деҳлӣ, дидгоҳи муштараки худ дар бораи хатарҳо ва фурсатҳои ҳуши маснуиро баён карданд.

Дар ҳамоиши байналмилалии ҳуши маснуӣ дар Деҳлӣ, президенти Фаронса ва нахуствазири Ҳинд иштирок ва суханронӣ карданд.

Кишварҳои аврупоӣ эҳтимолан барои муҳоҷирон дар Африқо марказ месозанд

Муҳоҷирон дар Юнон. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирон дар Юнон. Акс аз бойгонӣ.

Олмон, Ҳоланд, Австрия, Дания ва Юнон созиш карданд, ки марказеро барои муҳоҷирон дар хориҷ аз қаламрави Иттиҳоди Аврупо таъсис диҳанд.

Танос Плеврис, вазири муҳоҷирати Юнон рӯзи 20 феврал гуфт, муҳоҷироне, ки дархости паноҳандагиашон рад шудааст ва кишварҳое, ки онҳо аз онҷо ба Аврупо омадаанд ва онҳоро намепазиранд, ба маркази нав фиристода хоҳанд шуд.

Тибқи гузоришҳо, ин марказ эҳтимолан дар Африқо таъсис хоҳад шуд, аммо намояндагони панҷ кишвари аврупоӣ қарор аст ин ҳафта дар ин бора гуфтугӯ кунанд.

Юнон беш аз як даҳа аст, ки масири аслии муҳоҷирон ба Аврупо мебошад ва бисёре аз муҳоҷирон аз Ховари Миёна барои дархости паноҳандагӣ дар кишварҳои аврупоии пешрафта, аз роҳи Юнон сафар мекунанд.

Дар гузашта садҳо муҳоҷир аз Ховари Миёна ва Африқо дар обҳои Юнон ғарқ шудаанд, ки дар миёни онҳо занон ва кӯдакон низ буданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG