Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндон ва бемористони рӯҳӣ барои танқиди президент


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Шавкат Мирзиёев, ки баъди расидан ба қудрат дар Узбекистон барои оғози чанд ислоҳот, аз ҷумла бардоштани баъзе маҳдудиятҳои вобаста ба озодии баёну дин ситоиш мешуд, ба назар мерасад, “ҷомаашро чаппа пӯшидаааст”.

Ҳоло дастикам се нафар ба гуноҳи “таҳқир”-и ӯ дар Интернет дар Узбекистон зиндонӣ ҳастанд.

Блогери 54-сола Валиҷон Калонов маҷбурӣ аз бемории рӯҳӣ табобат мегирад. Ӯ то замони дастгир шудан дар соли 2021 дар вилояти Ҷиззах мезист ва сиёсатҳои пешгирифтаи Мирзиёевро аксар вақт дар YouTube танқид мекард.

Аз ҷумла, Калонов ҳукумати Мирзиёевро барои беэътиноӣ ба саркӯби уйғурҳо ва мусулмонони дигар дар вилояти Шинҷон ва ҳифзи равобити хуб бо Чин маҳкум карда буд. Дар моҳи марти соли 2021 аз шаҳрвандон хост, ки барои истеъфои президенти Узбекистон рой бидиҳанд ва бо ҳамин ба ҳукмронияш поён бахшанд.

“Аз Шумо даъват намекунам, ки ба даст силоҳ бигиреду биҷангед, мехоҳам, ки ҳуқуқи демократии худро истифода баред ва дар интихобот рой бидиҳед. Ман кишварам ва ояндаи фарзандонамро ба Мирзиёев бовар намекунам,” -- гуфта буд ӯ соли 2021.

Ба маълумоти расмӣ, Валиҷон Калоновро маъмурони мубориза бо терроризму ифротгароӣ дастгир карда, Додгоҳи Ҷиззах ба “таҳқири президент” ва “ҷиноятҳои дигаре, ки ба ҷомеа хатар дорад” гунаҳкор донистааст.

Тафсилоти парвандаи Калонов ва, ҳамин тавр, ҳукми ӯ ошкор намешавад. Ҳоло блогерро дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ, ки дар баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҷазо додани мунтақидони ҳукумат истифода мешавад, ҷойгир кардаанд.

Валиҷон Калонов
Валиҷон Калонов

Таҳқири президент дар Узбекистон ҷиноят аст ва додгоҳ метавонад муттаҳамонро то панҷ сол аз озодӣ маҳрум кунад.

"ҲАНӮЗ АЗ КАРДААШ ПУШАЙМОН НЕСТ"

Ҳафтае пеш баъзе аз хешовандони Валиҷон Калонов ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Додгоҳи Ҷиззах ҳукми муолиҷаи маҷбурии ӯро дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ то се моҳи дигар дароз кард.

Онҳо ба шарти фош нашудани номашон гуфтанд, ӯ дар асл бемори равонӣ нест ва дар ин замина мушкиле ҳам надорад. Ба иддаояшон, Калонов ҳангоми хабаргирӣ ба наздиконаш гуфтааст, пизишкон ӯро ба истифодаи доруҳои оромбахш (транквилизатор) маҷбур мекунанд.

Бар асоси ҳуҷҷате, ки бахши узбекии Радиои Озодӣ дастрас кард, пизишкон гуфтаанд, “вазъи рӯҳии Калонов беҳтар нашуд” ва ӯ ба мисли пешина “аз кардааш пушаймон нест”.

Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Самарқанд як ҷавонро ба гуноҳи “таҳқири президент” дар Инстаграм дуним сол аз озодӣ маҳрум карданд. Дар ҳукми додгоҳ аз 26-уми ноябри соли 2023 гуфта шудааст, ки Дилшод Искандарови 19-сола дар ҳаққи Мирзиёев ва оилаи ӯ сухани қабеҳ гуфт.

Искандаров шарҳи гузоштаи худро дар Инстаграм бардоштааст. Онро соли 2022 ҳангоми муҳоҷирати корияш дар Русия монда буд.

Дар санад гуфта шудааст, ки Искандаров пас аз “бозгашти ихтиёрӣ” дар соли 2023 боздошт, айбдор ва маҳкум шуд, ҳарчанд дар додгоҳ гуфта буд, ки “аз кардааш пушаймон аст” ва “ба зидди сиёсати президенти Узбекистон нест”.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Дар вилояти Фарғона ду нафар баъди шикоят аз нарасидани гази табиӣ ва нерӯи барқ дар маҳалли зисти худ дар Телеграм ба додгоҳ кашида шуданд.

Бино ба ҳукми додгоҳ Уткирбек Собирови 27-сола ба “таҳқири президент”, "норизоятӣ аз сиёсати ҳукумат" ва "даъват ба барканории Мирзиёев” гунаҳкор дониста шудааст. Ӯро ба се сол зиндон маҳкум карданд. Ҷавони дигар, Аҳрорбек Қучқорови 30-сола ба ҳамин айбнома ба чор сол ҳабси хонагӣ маҳкум карда шуд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳ ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Узбекистон муроҷиат кард, аммо то замони нашри матлаб посухе нагирифт.

“НАҚША”-И ТАҲАММУЛ ПУР ШУД?

Дар Узбекистон оппозитсияи воқеии сиёсӣ ва расонаи воқеии мустақил вуҷуд надорад. Ҳукумат озодии баён ва ҳар гуна танқидро саркӯб мекунад.

Матбуот ва ҳомиёни ҳуқуқи башар Тошкандро ба шиканҷаи рӯзноманигорон ва блогнависони мунтақид муттаҳам мекунанд.

Дар моҳи августи соли 2023 блогер Абдуқодир Муъминовро ба иттиҳоми шубҳаовари “қаллобӣ” ва “тамаъҷӯӣ” беш аз ҳафт сол зиндонӣ карданд. Тарафдоронаш бовар доранд, ки мақомот аз ӯ барои гузоришҳояш дар бораи фаъолияти тиҷоратии наздикони Мирзиёев интиқом гирифтанд.

Дар солҳои охир Мирзиёевро барои пушт гардондан ба ислоҳоти ваъдагияш танқид мекунанд. Вай соли 2016, пас аз марги раҳбари худкома Ислом Каримов зимоми ҳукуматро дар Узбекистон ба даст гирифт.

Ӯро дар солҳои аввали ҳукуматдорияш барои кушодани дарҳои Узбекистон ба рӯйи сармоягузорон; муносибати гарм бо ҳамсояҳо; талош барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар; хотима додан ба кори иҷборӣ дар саҳрои пахта, додани баъзе аз озодиҳои мазҳабӣ; берун кардани номи ҳазорон нафар аз рӯйхати ба истилоҳ “сиёҳ” ва раҳоии маҳбусоне, ки барои эътиқоди динӣ маҳкум шудаанд, ситоиш мекарданд.

Аммо баъдан ӯ аз роҳи худ пас гашт ва фаъолияти расонаҳоро маҳдуд карду даҳони мунтақидонро бо зӯр баст ва эътирозҳои зиддиҳукуматиро дар Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистон бераҳмона саркӯб намуд.

Бо вуҷуди танқиду нигарониҳо, Қонуни асосии Узбекистон дар моҳи апрели соли 2023 дигар карда шуд. Ин ислоҳот муҳлати президентиро дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон аз 5 то 7 сол дароз ва роҳи мондани Мирзиёевро дар қудрат то соли 2037 ҳамвор кард.

Шавкат Мирзиёев то кунун дар ду интихоботи президентӣ ширкат карда, аз тарафи Кумисюни марказии интихобот баранда эълон шудааст. Интихоботҳое, ки ба гуфтаи нозирону таҳлилгарони ғарбӣ дар он рақобати воқеӣ вуҷуд надошт ва на озод буду на одилона.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG