Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон бояд ислоҳ шавад." Порлумони Аврупо шартҳои худро эълом дошт. ВИДЕО


Порлумони Аврупо: Баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Порлумони Аврупо: Баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

​​​​​​​Порлумони Аврупо бо қабули як қатънома ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби расонаҳои мустақилу хабарнигорон, мунтақидони давлат ва вакилони мудофеъ сахт танқид кард ва иҷрои дархостҳои Душанберо барои пайвастан ба барномаҳои имтиёздори Иттиҳоди Аврупо ба иҷрои шартҳое бастагӣ дод.

"Фаъолияти озоду мустақили расонаҳо ва созмонҳои иҷтимоӣ бунёди ҳар як ҷомеаи демократӣ аст; вазъи озодии баён бояд ҳангоми баррасии дархости Тоҷикистон барои пайвастан ба GSP+ ба эътибор гирифта шавад," – гуфтаанд муаллифон.

ТАЛАБИ РАҲОӢ

Қатънома рӯзи 18-уми январ қабул шуд. Дар он аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба ҳуқуқи мардум эҳтиром бигузорад ва саркӯбу ба зиндон андохтани хабарнигорон ва фаъолони маданиро бас карда, вакилони мудофеи зиндонӣ – Манучеҳр Холиқназаров ва Бузургмеҳр Ёровро раҳо кунад.

Вакилони Порлумони Аврупо ҳамзамон аз ҳукумат даъват кардаанд, ки тибқи аҳдҳои байнулмилалии худ имкон бидиҳад, то матбуот озодона ва бе тарсу ҳарос фаъолият кунанд. Ва хабарнигоронеро, ки худсарона ва бе муҳокимаи шаффофу одилона паси панҷара андохтанд, озод намоянд. Аз ҷумла, аз Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммазода, Улфатхоним Мамадшоева ном бурдаанд, ки дар ду соли гузашта ба солҳои дарози зиндон маҳкум шуданд.

Дар қатънома гуфта шудааст, ки хабаргузории “Азия-Плюс” ва кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ пайваста таъқибу таҳдид мешаванд ва бо мушкили дарёфти парвонаи кор (аккредитатсия) дучор ҳастанд, зидди рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. “Рӯзноманигорони телевизиони мустақили “Азда” дар хориҷа аз идомаи фишори мақомоти амниятии Тоҷикистон ба хешони худ дар дохили ҷумҳурӣ хабар доданд,” – омадааст дар қатънома.

МУБОРИЗА БО ТУНДГАРОӢ Ё ФАЪОЛОН?

Порлумони Аврупо гуфтааст, фишори мақомот ба расонаҳои дохилӣ ва худсонсурӣ ба таблиғ ва пахши маълумоти дурӯғи Русия дар мавриди ҳамлаи таҷовузкоронааш ба Украина мусоидат мекунад. Дар идома суистифодаи қонунуҳои зидди ифротгароиро алайҳи расонаҳои мустақил, мухолифони ҳукумат, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва ҳуқуқшиносони мустақил маҳкум кардаанд.

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, низ рӯзи 17-уми январ гуфт, “ҳукумати Тоҷикистон далоили амниятӣ, мубориза бо терроризму ифротгароии исломиро сабаби маҳдудиятҳо медонад. Иттиҳоди Аврупо ин нигарониҳои амниятии Тоҷикистонро эътироф мекунад, вале чораҳои андешидаи мақомотро муносиб намедонад."

Аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дархост шудааст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, мудофеони ҳуқуқи башар ва кормандони расонаҳои мустақилро дар Тоҷикистон, ки ба ҳимоят эҳтиёҷ доранд, бо додани раводид (виза) ё бо сармоягузорӣ пуштибонӣ кунанд. Идомаи назорати вазъи ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон аз хостҳои дигари Порлумони Аврупост.

"ТОҶИКИСТОН ЯК КИШВАРИ ХУДКОМА АСТ"

Пеш аз қабули қатънома хабарнигори Радиои Озодӣ, Рикард Ҷозвияк, бо Петрас Аушстревичус, вакили Порлумони Аврупо аз Литва, яке аз муаллифони қатънома, суҳбате анҷом дод ва нахуст аз ӯ пурсид, ки чаро маҳз дар ҳамин замон қатъномаро пешниҳод карданд.

Петрас Аушстревичус: “Ман бояд эътироф кунам, ки имрӯз, яъне чаҳоршанбе 17-уми январ Порлумони Аврупо ба як қатънома дар бораи Осиёи Марказӣ раъй дод. Дар ин қатънома ишораҳои зиёде ба вазъи ҳуқуқи инсон, вазъи матбуот, аҳволи фаъолони маданӣ дар Осиёи Марказӣ шудааст. Аммо ин як нигоҳи умумӣ аст, вале мо саъй кардем, ки ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар шавад, ки бо қабули ду қонун бахусус дар бораи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм, дар чанд вақти гузашта, бахусус аз соли 2022 тамоюли нави таъқибу поймол кардани ҳуқуқи фаъолони маданӣ шиддат гирифт. Мо шоҳиди он шудем, ки мақомот бо истифода аз ин қонунҳо саркӯби ҷомеаи маданиро сахттар кард. Барои ҳамин, мо наметавонистем, дигар ин вазъ, бахусус авзои матбуотро нодида бигирем. Аз ин сабаб мо фавран пешниҳод кардем, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ба вазъи матбуот дар Тоҷикистон тамаркуз карда шавад. Бахусус ба он хабарнигорону фаъолони маданӣ, ки бо истифода аз он ду қонун аз 7 то ба 20 сол зиндон маҳкум шудаанд ва вазъи матбуот ва дигарандеширо дар Тоҷикистон фавқулода бад карданд.”

Радиои Озодӣ: Мақомоти Тоҷикистон ба ин қатъномаи Шумо то кунун чӣ вокунише нишон доданд?

Петрас Аустревичус
Петрас Аустревичус

Петрас Аустревичус: “Дар воқеъ, мо посухҳои муайяне аз ҳукумати Тоҷикистон, аз сафорати кишвар дар Иттиҳоди Аврупо гирифтем. Онҳо ба мо рӯзи сешанбе андаке аз маълумот фиристоданд. Расмиёту шеваи қабули қатънома дар Иттиҳоди Аврупо комилан шаффоф аст ва дастури кори худро аз пеш, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон мекунад. Ин як амри маъмулӣ ва қонунӣ аз тарафи Тоҷикистон аст, ки ба мо дар бораи ҳодисае, ки нигоҳи дигаре ба он доранд, ба мо иттилоъ бидиҳанд. Ман ҳамаи он маълумоту санадҳоро дидам. Дар воқеъ онҳо бахусус ба афроде тамаркуз кардаанд, ки дар қатънома зикр шудаанд. Теъдоди онҳо зиёд нест, ба назарам шаш нафаранд. Дар онҳо назари ҳукумат пешниҳод шудааст ва гуфта шудааст, ки онҳо гуё бар кадом асос ба зиндон маҳкум шуданд ва ё озодиашон маҳдуд карда шудааст. Самимона бигӯям, ки ман онҳоро ҳамчун иттилои фарогиру ниҳоӣ қабул надорам. Ман медонам, ки қонунҳои мубориза бо ифротгароӣ дар бисёре аз кишварҳо истифода шудаанд ва Тоҷикистон ҳам аз ин истисно нест. Барои ҳамин агар ман тамоми он иттилоъро хонда бошам ҳам, назару мавқеи маро дар бораи фаврияти қабули қатънома тағйир надодааст.”

Радиои Озодӣ: Нигарон нестед, ки ҳукумати Тоҷикистон фишорро ба Порлумони Аврупо ва ё худи Шумо идома медиҳад?

Пестра Аустревичус: “Шояд бишавад, вале ман интизор дорам, ки аз роҳҳои қонунӣ сурат бигирад. Ман медонам, ки бархӯрд бо кишварҳои худкома чӣ гуна аст. Маро бубахшед, вале Тоҷикистон яке аз ин кишварҳост ва ин чизи наве нест. Баъзан вокунишҳо бисёр қатъӣ мешаванд. Агар Шумо аз ҳуқуқи инсон ҳимоят мекунед, агар Шумо дар муқоиса ба ҳукумат ва ё раҳбарияти он кишвар гапи дигар мегӯед, бешак бояд мунтазири танқиду раддияҳо аз тарафи муқобил бошед. Аз ин рӯ, медонам, ки моро танқид мекунанд, ки ғайрихолисона ва яктарафа гуфтаем ва гуё ба мухолифон хидмат мекунем. Ба фикрам, мо ҳимояти қавие аз тамоми гуруҳҳои сиёсӣ дорем ва рӯзи гузашта музокироти бисёр хубе доштем ва як санади мустаҳкаме таҳия кардем, ки паёми қавие ба мақомоти Тоҷикистон мерасонад ва, албатта, мо он фаъолон, ҳомиёни ҳуқуқ ва матбуотро ҳимоят хоҳем кард.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Порлумони Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро сахт танқид кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:23 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG