Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии Тоҷикистон аз Қатар ба ватан баргашт


​​​​​​​Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе
​​​​​​​Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе

Тими миллии Тоҷикистон, ки бозиҳояшро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар анҷом дод, шаби 3-юми феврал ба ватан баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе футболбозони тоҷикро масъулини соҳа ва ҳаводорони футбол хуш истиқбол карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозии аввалини даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар 2-юми феврал аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд, аз ҳаққи иштирок дар нимафинали Ҷоми Осиё-2023 маҳрум гашт.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки бо роҳбарии сармураббӣ Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, дар аввалин иштироки худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё то ба чорякфинал баромад, дар байни ҳашт дастаи беҳтарини мусобиқот дар Қатар ҷойгир шуд.

Дар маҷмуъ мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 панҷ бозӣ анҷом дод. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бар Лубнон пирӯз шуда (2:1), бо Чин бозиро мусовӣ (0:0) кард ва аз дастаи Қатар шикаст хӯрд (0:1).

Дар бозии даври 1/8-ниҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Имороти Муттаҳидаи Арабиро (1:1, 5:3 - аз рӯйи пеналти) мағлуб намуда, бозии даври чорякниҳоиро ба тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 бохт.

Дастаи мунтахаби Қатар, ки дар бозии даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё тими миллии Узбекистонро аз рӯйи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод, ба ҳаққи иштирок дар нимафинали Ҷоми Осиё-2023 мушарраф шуд.

Бозии чаҳорум ва охирини даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни тимҳои миллии Қатару Узбекистон шаби шанбеи 3-юми феврал дар варзишгоҳи Ал-Байти шаҳри Ал-Хаур доир гардид.

Дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 27-ум, бо иштибоҳи дарвозабони дастаи мунтахаби Узбекистон Уткир Юсупов тӯб ба дарвозааш ворид гашт ва голи қатариҳо ба номи ӯ сабт шуд (автогол).

Одилҷон Ҳамробеков, бозигари мунтахаби Узбекистон, дар ибтидои нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 59-ум, бо зарбаи сахту нишонрас аз ҷаримагоҳ ҳисобро баробар кард – 1:1.

Дар муддати 30 дақиқаи замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Дар задани силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ кори футболбозони мунтахаби Қатар омад кард ва бо ҳисоби 3:2 ғолиб шуданд.

Ҳамин тариқ, тими миллии Қатар ба нимафинали Ҷоми Осиё-2023 баромад ва рӯзи 7-уми феврал дар даври ниманиҳоӣ бо мунтахаби Эрон рақобат мекунад.

Тими миллии Эрон, ки рӯзи шанбеи 3-юми феврал дар шаҳри Ал-Райян, дар варзишгоҳи Education City, дар бозии сеюми даври чорякниҳоии мусобиқот тими миллии Ҷопонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба нимафинали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Ҳидемаса Морита, бозигари мунтахаби Ҷопон, дар дақиқаи 28-ум ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро Муҳаммад Муҳибӣ дар дақиқаи 55-ум зад. Голи дуюм ва ҳакунандаи мунтахаби Эронро Алиризо Ҷаҳонбахш дар охири дидор (90+6) аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонд.

Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки 2-юми феврал дар варзишгоҳи Ал-Ҷануби шаҳри Ал-Вакраҳ дар бозии дуюми даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар тими миллии Австралияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба нимафинали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Дар ин бозии сахту ҷолиб, ки 120 дақиқа идома кард, ҳисобро Крейг Гудвин, бозигари мунтахаби Австралия, дар дақиқаи 42-юм кушод. Ҳванг Ҳи-Чан, бозигари мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 90+6, тӯбро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонда, ҳисобро баробар кард – 1:1.

Ғолиб дар 30 дақиқаи замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) муайян шуд. Тӯбро Сон Ҳин Мин, бозигари кореягиҳо, дар дақиқаи 104-ум ба самар расонд.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки ба нимфинал баромад, рӯзи 6-уми феврал дар даври ниманиҳоӣ бо тими миллии Урдун рақобат мекунад.

ҶОМИ ОСИЁ-2023

1/4 ФИНАЛ

2-юми феврал (ҷумъа)

Тоҷикистон – Урдун – 0:1

Гол: Ваҳдат Ҳанонов, 66 – ба дарвозаи худ (0:1).

Мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (сарвони даста), Алишер Шукуров, Парвизҷон Умарбоев, Алишер Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 77), Шервонӣ Мабатшоев, Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 29, Алиҷони Айнӣ, 82).

Корти зард: Салим Ал-Аҷалин, 68, Раҷаъ Ал-Айид, 72, Алӣ Олван, 83 – Урдун, Алишер Шукуров, 79 – Тоҷикистон.

Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ. 35 530 тамошобин.

Австралия – Ҷумҳурии Корея – 1:2

Голҳо: Крейг Гудвин, 42 (1:0), Ҳванг Ҳи-Чан, 90+6 – аз пеналти (1:1), Сон Ҳин Мин, 104 (1:2).

Корти зард: Ҳарри Суттар, 45+1 (Австралия), Ким Мин-Ҷае, 90+1, (Кореяи Ҷанубӣ)

Корти сурх: Эйден O'Нилл, 105+4 – Австралия.

Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб

3-юми феврал (шанбе)

Эрон – Ҷопон – 2:1

Голҳо: Ҳидемаса Морита, 28 (0:1), Муҳаммад Муҳибӣ, 55 (1:1), Алиризо Ҷаҳонбахш, 90+6 – аз пеналти (2:1).

Корти зард: Итакура, 24, Уэда, 48 - Ҷопон

Ал-Райян, варзишгоҳи Education City

Қатар – Узбекистон – 1:1 (3:2 – аз рӯйи пеналти).

Голҳо: Уткир Юсупов, 27 - ба дарвозаи худ (1:0), Одилҷон Ҳамробеков, 59 (1:1).

Корти зард: Мишел Баршам, 46, Халид Мунир, 89, Алмоез Алӣ, 90+1, Педро Мигуел, 105 – Қатар; Шукуров, 69, Сречко Катанес (сармураббӣ), 80, Ашӯрматов, 90 – Узбекистон.

Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт

НИМФИНАЛ

6-уми феврал (сешанбе), 20:00

Урдун – Кореяи Ҷанубӣ

7-уми феврал (чоршанбе), 20:00

Эрон – Қатар

ФИНАЛ

10-уми феврал (шанбе), 20:00

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG