Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: 300 сомонӣ. Ронандаҳо: 130 доллар. Рухсатномаро кӣ мефурӯшад?


Ронандаҳои мошини борбар бо талаби ҳалли мушкил дар моҳи сентябри соли 2021 дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷамъ омада буданд
Ронандаҳои мошини борбар бо талаби ҳалли мушкил дар моҳи сентябри соли 2021 дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷамъ омада буданд

Бо гузашти тақрибан як моҳ таҷаммӯи ронандагони норозии мошинҳои борбар дар сарҳади Тоҷикистон бо Узбекистон пароканда шудааст, вале на натиҷаи таҳқиқи қазия гуфта шуд ва на чӣ гуна ҳал шудани душворӣ.

Баъзе аз ронандагон ба шарти фош нашудани ном гуфтанд, ки ночор ва барои бекор нашудани маҳсулот бо харидани рухсатнома, агарчи гарон ҳам бошад, ба роҳ баромаданд ва ташвиш доранд, ки масъала ҳамчунон ҳалношуда мондааст. Мисли солҳои гузашта. Мушкил бар сари чист ва чаро ҳар сол як дафъа рӯ мезанад?

"Инро мо чоп намекунем"

Радиои Озодӣ рӯзи якуми феврали имсол аз мушкили даҳҳо ронандаи мошини борбар, ки дар гузаргоҳи "Фотеҳобод - Ойбек", дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон, ҷамъ шуда буданд, гузориш пахш кард. Он замон ронандагон гуфтанд, ҳарчанд роҳ ба Узбекистон боз аст, дарёфти рухсатнома аз тарафи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон онҳоро аз идомаи сафар боздошта.

Ронандаҳои мошинҳои борбар гуфта буданд, рухсатномаро Вазорати нақлиёт медиҳад ва нархаш аз 60 доллар ба 120-130 доллар афзудааст. Танҳо пас як ҳафтаи он вазири нақлиёт мавзуъро шарҳ дод. Азим Иброҳим рӯзи 8-уми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз мушкил огоҳ аст.

"Инро мо чоп намекунем. Бисёриҳо иштибоҳ мефаҳманд. Яъне, мо интизор мешавем, ки ҳамин рухсатномаҳо аз кишвари ҳамсоя биоянд. Рӯзи 29-уми январ ворид шуд. Дар ҳамин муддат ба баъзе ҷамъиятҳо дода шуд, ки тақсим кунанд. Мутаассифона, ин омили инсонӣ ҳаст," – афзуд ӯ.

Азим Иброҳим
Азим Иброҳим

Вазири нақлиёти Тоҷикистон таъкид кард, ки нархи рухсатнома 300 сомонӣ буда, шояд дар инҷо "омилҳои инсонӣ" вуҷуд дорад. Ӯ "омилҳои инсонӣ"-ро шарҳ надод, вале эҳтимол манзураш ҷамъият ё ширкатҳое ҳастанд, ки рухсатномаро аз Вазорати нақлиёт дастрас карда, сипас ба ронандагон мефурӯшанд.

Азим Иброҳим ба ин пурсиш, ки чаро бе миёнарав рухсатномаро ба ронандагон намедиҳанд, посухи дақиқ надод ва таъкид кард, ки "дар оянда фурӯши рухсатнома ғайринақдӣ сурат хоҳад гирифт." Ӯ изҳороти ба ҳамин монандро ду сол пеш ҳам дода буд, вале маълум нест, чаро то ҳол иҷро нашудааст.

Ба иттилои мақомот, ҳоло як гурӯҳи корӣ баррасӣ доранд, ки чаро рухсатнома бо нархи гарон ба ронандаҳо фурӯхта шудааст.

Мошинҳои бандмонда дар сарҳади Тоҷикистон бо Узбекистон. Моҳи феврали 2024
Мошинҳои бандмонда дар сарҳади Тоҷикистон бо Узбекистон. Моҳи феврали 2024

"Ба ҳамонҷо рафта, бевосита рухсатномаҳоро тақсим кардем. Ва шиддат дар байни ду рӯз вобаста ба рухсатнома бардошта шуд. Вале агар шумо аҳамият дода бошед, дар онҷо баъзеҳо гуфтанд, ки қимат буд, мо нагирифтем. Мо ҳозир гурӯҳ таъсис додем, рафта омӯзанд, ки кадом ҷамъият чунин муносибатро раво диданд. Баъдан як қарори дуруст қабул мекунем,” – гуфт вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 8-уми феврал.

Яке аз ронандагон баъд аз нишасти хабарии вазири нақлиёт ба Радиои Озодӣ гуфт, сухани вазир ҳақиқат надорад. Баъзе аз ронандаҳо гуфтанд, ки "мушкил пурра ҳал нашудааст".

“Мушкил пурра ҳал нашудааст”

Ба қавли ронандаҳо, ҳар дафъа бо миёнравии ширкатҳо рухсатномаи даромадан ба ҳудуди Узбекистонро мехариданд. Вазири нақлиёт мегӯяд, рухсатномаҳоро ба 76 ширкат тақсим мекунанд ва ронандагон онҳоро аз ҳамин ширкатҳо мехаранд. Аз ин ширкатҳо ном набурд.

Намояндагони баъзе аз ширкатҳои боркашонӣ дар вокуниш ба иддаои вазири нақлиёт гуфтанд, онҳо аз пеши худ наметавонанд, нархи рухсатномаро боло баранд. Ба гуфтаи онҳо, дар гузаргоҳҳо намояндагони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт низ ба фурӯши рухсатнома машғуланд.

Ронандаҳо мегӯянд, нархи рухсатнома гарон ва ҳам камчин шудааст
Ронандаҳо мегӯянд, нархи рухсатнома гарон ва ҳам камчин шудааст

"Тартиби дастрас кардани рухсатнома чунин аст: кадом ширкате, ки бисёр мошин дорад, аз вазорат бисёртар рухсатнома мегирад. Мо дар умум бо 36 мошини борбар кор мекунем. Кӣ метавонад рухсатномаро гираду бо нархи гарон фурӯшад? Нафаре, ки “таға” дорад. Инҷо айби ронандагон ҳам ҳаст, ки беҳад бетоқат ҳастанд ва мегӯянд, биёр, ба ҳар нархе бошад мегирем," – гуфт мудири як ширкати боркашонӣ, вале нахост номаш бурда шавад.

“Тоҷиквнештранс” ва...

Масъулони Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба тамосҳои мо посух надоданд. Як корманди собиқи ин ниҳод таъкид кард, ки ширкати “Тоҷиквнештранс”, ки зиёда аз 400 мошини боркаш дорад, аз ҳама бештар рухсатнома дарёфт мекунад.

Ширкати “Тоҷиквнештранс” ба ширкати дар гузашта маъруфи “Фароз” рабт дорад. “Фароз” ширкати Шамсулло Соҳибов, домоди президенти Тоҷикистон буд, ҳоло бо ин ном фаъол нест.

Рухсатномаро ҳамчунин ширкатҳои “Усмон Нақлиёт”, “Акмал Транс”, “Авеста Транс”, “Имрон Транс”, “Спитамен Транс”, “Сомон Транс”, “Расул Нақлиёт” ва ғайра низ анҷом медиҳанд, вале саҳми ҳар кадом дар ин бозор чӣ қадар аст, маълум нест. Ба сурати умум фурӯши рухсатномаи ҳаракати мошинҳои боркаш ба кишварҳои ҳамсоя як соҳаи ношаффофест, ки имкони мавҷудияти монополия ва гарон кардани нархро пеш меорад.

Дар Тоҷикистон тақрибан ба воситаи 13 гузаргоҳ ба Узбекистон гузаштан мумкин аст. Гузаргоҳҳои “Фотеҳобод - Ойбек” дар ноҳияи Мастчоҳ ҷойгир буда, яке аз гузаргоҳҳои асосӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон ба шумор меравад. Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, соли 2010 наздик ба 10 ҳазор мошин ва дар соли 2023 бештар аз 40 ҳазор мошин гузаргоҳи “Фотеҳобод - Ойбек”-ро гузаштааст.

Бори аввал нест, ки афзоиши нархи рухсатнома ва камчинии он боис ба ташвиши ронандагон мешавад. Дар гузашта ин масъала борҳо расонаӣ шуда, мақомот ҳам ваъдаи ҳалли мушкилро дода буданд, вале ҳамчунон мондааст.

Дар соли гузашта наздик ба 80 ҳазор рухсатнома фурӯхта шудааст, ки ба камияш 8 миллион долларро ташкил медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG