Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба 100 сомонӣ иҷозатнома нест, ба 300-400 доллар ҳаст." Эътирози ронандаҳои тоҷик дар Душанбе. ВИДЕО


Эътирози ронандагон дар назди Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, 22-юми сентябри 2021
Эътирози ронандагон дар назди Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, 22-юми сентябри 2021

Даҳҳо ронандаи мошинҳои борбар дар Тоҷикистон, ки ба хориҷа бор бурдаву мол меоранд, аз афзоиши нархи иҷозатномаи сафар норозигӣ карданд. Иҷозатнома барои гузаштани онҳо аз сарҳади кишварҳои дигар зарур аст. Онҳо 22-юми сентябр дар назди Хадамоти давлатии назорату танзим дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон ҷамъ шуданд.

Шералӣ Ганҷалзода, сардори Хадамот, мушкили дастрасӣ ба иҷозатномаи мошинҳои борбарро тасдиқ кард, аммо гуфт, "масъала ба зудӣ ҳал мешавад." "Дар пайи зиёд шудани талаботи ронандагон ба иҷозатнома, он камёфт шуд", -- гуфт Ганҷалзода.

Шикояти ронандаҳо аз чист?

Ронандаҳо шикоят доранд, ки агар як моҳ пеш аз ширкатҳо иҷозатномаро бо нархи 35-50 доллар мегирифтанд, ҳоло он камёфт шуда, нархаш то 300-400 доллар боло рафтааст.

Сабаби асосии норозигии ронандагон қимат шудани иҷозатнома аст
Сабаби асосии норозигии ронандагон қимат шудани иҷозатнома аст

"Маҷбур шудем, ба вазорат биоем. Намедонистем, ки нархи асосии иҷозатнома чанд аст. Мо то кунун ба 300-400 доллар мехарем. Дар кишварҳои дигар иҷозатнома арзон аст, аммо дар Тоҷикистон гарон", -- шикоят кард Суҳроб Раҳмонов, яке аз ронандаҳо рӯзи 22-юми сентябр.

Шахсони ҷамъшуда дар назди идораи зертобеи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, бо мошинҳои шахсияшон солҳо боз ба боркашонӣ машғул буда, аъзои ин ё он ҷамъият ҳастанд.

Соҳибони мошинҳои боркаш аз он ташвиш доранд, ки ҳоло то марзи Узбекистон мераванд, аммо бо далели надоштани иҷозатномаи гузаштан аз қаламрави ин кишвар, дар сарҳад ба мушкилиҳои гуногун дучор мешаванд. Онҳо дар мошинҳои худ маҳсулоти гуногун доранд ва бояд онро ба Туркияву Русия бибаранд.

Наворро дар инҷо бинед:

Эътирози ронандаҳо дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Шуморе аз мошинҳояшон дар сарҳади миёни Тоҷикистону Узбекистон ва теъдоде дар таваққуфгоҳҳои Душанбе дар дохилашон бор дармондаанд. Мегӯянд, ҳар рӯзи монданашон бар зарари онҳо аст.

Муслиҳиддин Муродов, яке аз ронандаҳо, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мошинҳои боркаши кишварҳои хориҷӣ дар марз бори моро бо нархи арзон мебаранд. Азбаски нархи иҷозатнома гарон шудааст ва дастрасияш ҳам мушкил, мо наметавонем бо онҳо рақобат кунем ва роҳамонро идома диҳем".

Ба қавли ронандаҳо, пандемияи COVID-19 ба корашон таъсир расонд, вале бо вуҷуди ин, мақомот ба ҷойи сабукӣ, масъалаи дастрасӣ ба санадҳои заруриро мушкил кардаанд.

Талабот ба иҷозатнома зиёд аст?

Масъулини Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт гуфтанд, масъаларо ба зудӣ ҳал мекунанд
Масъулини Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт гуфтанд, масъаларо ба зудӣ ҳал мекунанд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта бинобар пандемияи фарогир ба маблағи 300 миллион сомонӣ камтар бор ва мусофир кашонида шудааст. Дар ин давра Қирғизистон марзҳояшро ба рӯйи Тоҷикистон баст. Ҳарчанд Туркманистон баъди чаҳор соли монеагузорӣ дар оғози моҳи сентябр ба гузаштани вагонҳои борбари Тоҷикистон аз қаламрави ин кишвар иҷоза дод, аммо роҳро ба рӯйи мошинҳо пурра накушод.

Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт гуфтанд, талабот барои боркашонӣ тавассути Узбекистон аз тарафи ронандаҳо зиёд шудааст ва ин дигаргунӣ мушкили дастрасӣ ба рухсатнома ё иҷозатномаро низ ба миён овард.

Шералӣ Ганҷалзода, раиси ин ниҳод, ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи дастрасӣ ба рухсатнома аз кишварҳои дигар низ вобастагӣ дорад. Ӯ афзуд, барои соли 2021 беш аз 16 ҳазор иҷозатнома ё рухсатномаро дастрас карда, ба ширкатҳо тақсим карда буданд

"Масалан, бо Узбекистон ҳамасола рухсатномаҳоро бо ҳамдигар иваз мекунем. Ин кор дар аввали сол анҷом меёбад. Соли 2021 бо назардошти баланд шудани миқдори боркашонӣ талабот ба рухсатномаи Узбекистон зиёд шуд. Ҳоло дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёти Узбекистон иловатан рухсатномаи ин кишварро дастрас кардем ва аз дирӯз ин ҷониб ба ронандаҳо тақсим намудем", -- гуфт Шералӣ Ганҷалзода.

Шарҳи Ганҷалзода

Дар ҳамин ҳол, чанде аз ронандагон гуфтанд, худи онҳо дар бозори боркашонӣ бештар шудани ҳамкоронашонро мушоҳида накардаанд.

"Агар бо нархи 100 ё 200 сомонӣ гуем, иҷозатнома нест мегӯянд, лекин 300 доллар пешниҳод кунем, зуд пайдо мекунанд. Ин ҷо тиҷорат аст ё кадом ширкате мехоҳад, ҳамаро монополия кунаду танҳо мошинҳои худашон бор кашонад", -- гуфт яке аз ронандаҳо.

Шералӣ Ганҷалзода
Шералӣ Ганҷалзода

Шералӣ Ганҷалзода мегӯяд, арзиши расмии рухсатнома, ки ба ширкатҳо медиҳанд, то 100 сомонӣ аст ва он набояд бо нархи то 300-400 доллар ба ронандаҳо пешниҳод шавад. Вай дар робита ба нигаронии ронандаҳо аз гаронии нархи иҷозатнома гуфт, "агар ин воқеият дошта бошад, пеши роҳи чунин амалро мегирем."

Дар ҳамин ҳол, намояндаи ду ширкати боркашонии байнулмилалӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нархи иҷозатнома дар мувофиқа ба Вазорати нақлиёт дастраси ронандаҳо мегардад ва онҳо аз пеши худ коре намекунанд. Онҳо нахостанд, дар рӯбарӯи дурбини Радиои Озодӣ суҳбат кунанд ва аз тафсилоти мавзуъ худдорӣ варзиданд.

Боркашонии байнулмилалӣ ба воситаи роҳҳои заминӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисод гуфта мешавад, вале дар гузашта нигарониҳо аз вуҷуди мушкили коғазбозӣ ё бюрократия, фасоди молӣ ва афзоиши нарх аз забони ронандаҳо садо додааст.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, дар 8 моҳи имсол 42 ҳазору 601 мошини боркаш вориди Тоҷикистон шуда, зиёда аз 40 ҳазор ба берун рафтаанд.

XS
SM
MD
LG