Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изи “ДОИШ-и Хуросон”? Раҳимзода ҳодисаи Кӯлобро “амали террористӣ” номид


Рамазон Раҳимзода, вазири ВКД
Рамазон Раҳимзода, вазири ВКД

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, таркиши мошини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлоб “амали террористӣ” аст.
Рамазон Раҳимзода 15-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ин кор аз сӯи “гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир шуд.” Ӯ аз ҳеч гурӯҳи мушаххас ном набурд.

Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин гуфт, дар робита ба ин ҳодиса “шумораи зиёде дастгир шудаанд.” Вай афзуд, ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот шумори боздоштшудагонро ошкор намекунад. Додситонии Кӯлоб пештар эълон карда буд, ки дар робита ба ин ҳодиса 8 нафарро боздошт кардаанд.

Вазири ВКД илова кард, ки муфаттишони ВКД ва КДАМ ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 15-уми феврал гуфт, ки аз хонаи нафаре, ки таркишро анҷом додааст, парчами гурӯҳи тундрави ДОИШ пайдо кардаанд. Ӯ гуфт, ин гурӯҳ бо эҳтимоли зиёд бо дастури "Шохаи хуросонии ДОИШ", ки маъмулан дар Афғонистон фаъол аст, амал кардаанд.

"Ҳамсинф ва дӯсти як узви ин гурӯҳ дар сафи ин созмон дар Афғонистон аст. Ӯ бо дӯсти худ дар тамос шуда, ӯро ба сафи ин созмон ҷалб кардааст. Аз хонааш парчами ин гурӯҳ пайдо шуд, ки онро ҳамроҳ бо ҳамсараш омода карда будаанд,"--гуфт ӯ.

Номи чанд боздоштшуда дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст, вале ба хотири эҳтимоли бегуноҳӣ нашр намешаванд.

Як тан аз пайвандони боздоштшудаҳо бидуни зикри номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба айбе, ки мақомот зидди пайвандашон эълон кардаанд, бовар надорад.

"Ӯ на намоз мехонд, на рӯза мегирифт. Риш ҳам надошт ва ягон бор дар бораи дину диндорӣ гап намезад. Вақте ӯро қапиданд, ҳама ҳайрон шуд. Мумкин нофаҳмида ё дар бораи ягон чизи дигар бо ҳамроҳи дигар боздоштшудаҳо гап зада бошад, вале бовар намекунам, ки ӯ узви ягон созмони террористӣ бошад,"--гуфт ӯ.

Мошини хидматии Салим Сайвализода рӯзи 5-уми январи имсол дар хонааш дар деҳаи Тудакафш таркид. Худаш маҷрӯҳ шудааст. Манобеи расмӣ дар аввал ҳодисаро "қасди куштор" гуфтанд.

Ҳамзаалӣ Музофиров, иҷрокунандаи вазифаи додситони минтақаи Кӯлоб рӯзи 30-юми январ дар бораи боздоштудагон гуфт, ҳамаи онҳо сокинони Кӯлоб ҳастанд ва ин шаҳр маҳалли осебпазир дар баробари ифротгароӣ шумурда мешавад.

Парванди терроризм дар минтақаи Кӯлоб ба сари худ камсобиқа аст ва гуфта мешавад, маҳз он заминаи барканории гуруҳии сарони ниҳодҳои қудратии Хатлон шуд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG