Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир тасдиқ кард, ки Улфатхоним дар зиндони Норак бемор аст


Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷамъиятии
Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷамъиятии

Вазири адлияи Тоҷикистон бемории Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷамъиятии зиндониро тасдиқ кард ва гуфт, табибони маҳбас талоши табобати ӯро доранд.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки Улфатхоним Мамадшоева, ки дар зиндони занонаи шаҳри Норак адои ҷазо мекунад, аз фишорбаландӣ азият мекашад.

Хешовандони хонум Мамадшоева иддао доранд, ки маъмурияти зиндони занона дар Норак иҷоза намедиҳанд, то пизишкони берунаро барои табобати ӯ ҷалб созанд.

“Мо дар ҳақиқат медонем, ки маҳкумшуда Мамадшоева беморӣ дорад, бемории фишорбаландӣ. Он чизе, ки дар имкониятҳои Сарраёсати адои ҷазои ҷиноятӣ ҳаст, яъне хизматрасониҳои тиббӣ пурра амалӣ шуда истодааст. Дар мавридҳое, ки мутахассисони Сарраёсати адои ҷазои ҷиноятӣ ба машварату ёрии дигар табибони ихтисосманд ниёз пайдо кунанд, онҳо даъват мешаванд. Тибқи маслиҳати онҳо табобатро ба роҳ мемонанд,”—гуфт Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон.

Улфатхоним Мамадшоеваи 66-соларо дар аввали моҳи декабри соли 2022 ба бист сол зиндон маҳкум карданд. Мурофиаи додгоҳии ӯ паси дарҳои баста баргузор шуд. Аз ин рӯ, ҷузъиёти ҳукм маълум нест.

Дилрабо Самадова, роҳбари Созмони ғайридавлатии “Озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд, дар таҷриба хеле кам барои табобати маҳбусони бемор аз берун пизишкон ҷалб мешавад. Ӯ гуфт, замоне ба табибон аз берун иҷозаи табобати маҳбусро медиҳанд, ки пизишкони маҳбас аз идомаи табобат оҷиз мемонанд.

“Мутахассиси маҳбасхона барои худ дарди сар гирифтан намехоҳад ва агар дид, ки саломатии маҳбус бад аст, мегӯяд, ки мутахассиси берунаро даъват кунед. Зеро, онҳо манфиатдоранд ҳама кори аз даст меомадаро анҷом дода, назди маҳбус забонкӯтоҳ нашаванд,”—гуфт Самадова.

Улфатхоним Мамадшоеваро баъд аз нооромиҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар тобистони соли 2022 бо гуноҳи ташкили тазоҳурот дар Хоруғу Рӯшон ва гуноҳҳои дигар барои 21 сол ба зиндон маҳкум карданд. Тарафдоронаш мегӯянд, ҳамаи иттиҳомот сохтаву бофта аст. Ҳамагӣ чанд соат пеш аз дастгир шудан ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҷинояте накардааст ва ҳеч гуноҳ надорад.

Созмонҳои байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон пайваста мақомоти Тоҷикистонро дар боздошт ва зиндонӣ кардани мухолифон гунаҳгор медонад. Аммо Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҷавоб аз мавқеи ҳукумат пуштибонӣ карда гуфта буд, "Мамадшоева дар Душанбе пайваста бо хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ мулоқот карда, маводи дорои сирри давлатиро пешкаш мекард. Ба як гурӯҳи ҷиноии ташкилшуда ҳам дохил буд ва он беназмиҳои бисёр хатарноке ташкил кард, ки сохторҳои ҳифзи қонун ва объектҳои стратегиро ҳадаф қарор медод,"-- изҳор дошт Аламшозода.

Зиндони Норак, ки дар онҷо Улфатхоним Маҳмадшоева нигаҳдорӣ мешавад, аслан барои занони маҳбус осхта шудааст.

Дар вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ки дар зиндони Норак ҳоло наздики 450 нафар зан нигаҳдорӣ мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG