Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон гуфт, дар масъалаи марз бо Тоҷикистон як қадами дигар пеш гузоштанд


Ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд
Ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

Девони вазирони Қирғизистон хабар додааст, ки беш аз як километри дигари марзи ин кишвар бо Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Тибқи ин хабар, ду ҷониб аз рӯзи 11-ум то 18-уми феврал дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд музокира кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабар надодаанд, вале Девони вазирони Қирғизистон гуфтааст, ба дарозии 1,11 километр марзи ду кишвар муайян шудааст.

Мақомоти ду кишвар ҷузъиёти созиш дар мавриди марзро шарҳ намедиҳанд. Маълум нест, ки ин қитъае, ки сари он созиш шуд, дар куҷо ҷойгир аст.

Дар як соли ахир борҳо ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон аз мувофиқа кардани қитъаҳои замин дар марзи ду кишвар хабар доданд.

Мақомоти ду кишвар тасдиқ карданд, ки танҳо дар чор моҳ 196 километри марзи баҳсии ду кишвар дақиқ карда шудааст.

Марзи ду кишвар 972 километр аст ва ҳоло мақомот мегӯянд, қитъаҳои ками баҳсӣ дар марз боқӣ мондааст.

Номаълумӣ дар хатти марз борҳо боиси муноқишаи хунин дар марзи ду кишвар шудааст.

XS
SM
MD
LG