Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба гуруҳи таъқибгарони фаромиллӣ шомил шуд


Туркманистон ба гуруҳи кишварҳои панҷгонае шомил шудааст, ки дигарандешони худро дар хориҷа таъқиб мекунад.

Дар ин бора дар гузориши нави “Хонаи Озодӣ” (Freedom House) гуфта шудааст.

Созмони байнулмилалӣ аз соли 2014 то соли 2023 дар умум 1034 таъқиби фаромиллиро сабт кардааст, ки аз ҷониби ҳукуматҳои 44 кишвар дар қаламрави сад давлат содир шуда.

Фаъолони туркманистонӣ, ки дар берун аз кишвар қарор доранд, мегӯянд, солҳои охир таъқиб, боздошт ва истирдоди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Туркманистон ба ватан афзоиш ёфтааст.

Бунёдгузори ҷомеаи туркманҳо дар Туркия Нурмуҳаммад Аннаев ва чанд ҳамкораш моҳи октябри соли 2021 мавриди ҳамла қарор гирифта буданд.

Таҳқиқ ва далелҳо ишора бар он мекунанд, ки ҳамларо хадамоти махсуси Туркманистон тарҳрезӣ карда буд.

Ҳукумати Туркманистон пайваста барои саркӯби дигарандешон, таҳаммулнопазирӣ ба интиқод, маҳдуд кардани озодии баён ва поймол кардани ҳуқуқи занон интиқод мешавад.

XS
SM
MD
LG