Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ тарҳи бозсозии Душанберо ба Эмомалӣ Раҳмон нишон дод


 Акс аз president.tj
Акс аз president.tj

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 23 феврал нақшаи бозсозии як қисми пойтахтро муаррифӣ кардааст, ки то ҳол яке аз баҳсбарангезтарин барномаҳои ҳукумати пойтахт дар солҳои истиқлолияти кишвар дониста мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 23 феврал нақшаи бозсозии як қисми пойтахтро муаррифӣ кардааст, ки то ҳол яке аз баҳсбарангезтарин ташаббусҳои ҳукумати пойтахт дар солҳои истиқлолияти кишвар ба шумор меравад.

Ба навиштаи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ нақшаи “ободонии канори чапи соҳили дарёи Душанбе дар шафати кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров аз буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи давродаври ҷанубӣ дар масоҳати наздики 110 гектар бо риояи меъёрҳои иншооти соҳаи маишӣ ва фароғату дилхушӣ”-ро муаррифӣ кардааст.

Нақшаву аксҳои тарҳи ояндаи бозсозии ин қисмати пойтахти Тоҷикистон ҳам дар хабар илова шудаанд.

Дар хабар омадааст, ки хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қаробоев ба самти ғарб то буриши хиёбони Ҷаббор Расулов ва ду шафати кӯчаи Айнӣ то баромадгоҳи шарқии пойтахт дар масоҳати 138,1 гектар мавриди навсозию ободонӣ қарор мегирад.

Сӯҳбати президент ва раиси шаҳр, ки ҳамзамон падар ва писар мебошанд, дар ҳолест, ки давоми даҳсолаҳои ахир интиқоди ҷамъиятӣ аз шеваи навсозии шаҳри Душанбе, аз байн бурда шудани як қатор биноҳои дорои арзиши фарҳангию эстетикии замони шӯравӣ, дар маркази шаҳр бунёд шудани биноҳои осмонбӯс, ҳангоми навсозӣ риоя нашудани талаботи сохтмони иншооти зербунёдӣ аз интиқодҳои ҷиддии нақшаи навсозии симои пойтахт номида мешавад. Танқиди ҳафтаҳои ахир ба тахриби чойхонаи маъруфи "Роҳат" ва бинои ТВ “Сафина” ва аржанг ё мозаикаи рӯи деворҳои он рабт дорад. Мақомот гуфтанд, ки он ба ҷои дигар интиқол меёбад, вале мунаққидон мегӯянд, нақши он тахриб мешавад.

Мақомотро дар Тоҷикистон барои қабули қарорҳои якҷониба ва бидуни омӯзиши афкори умум интиқод мекунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG