Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский талафоти нерӯҳои Украинаро дар ҷанг бо Русия гуфт


Владимир Зеленский, президенти Украина, Киев, 25-уми феврали 2024
Владимир Зеленский, президенти Украина, Киев, 25-уми феврали 2024

Президенти Украина бори аввал талафоти нерӯҳои кишварашро дар ҷанг бо Русия эълом кард.

Владимир Зеленский рӯзи 25-уми феврали имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт, 31 ҳазор сарбози украинӣ ҳангоми дифоъ аз хоки худ ба ҳалокат расидаанд.

Ин омор қурбониёнро дар миёни мардуми осоишта дар бар намегирад. Раиси ҷумҳури Украина, инчунин, теъдоди сарбозони захмӣ ва бедаракшударо нагуфт.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, дар моҳи декабри соли 2023 гуфт, ки 383 ҳазор сарбозу афсари Украина кушта ва захмӣ шудаанд.

Зеленский рӯзи якшанбе талафоти Русияро дар ҷанг 500 ҳазор нафар баршумурд. Дабири кулли паймони низомии НАТО, Йенс Столтенберг, моҳи ноябри соли гузашта ин рақамро 300 ҳазор гуфта буд.

Маскав талафоти нерӯҳояшро дар ҷанги бедалелаш дар Украина фош намекунад.

Як гурӯҳ аз рӯзноманигорони Бахши русии Би-би-сӣ, Mediazona ва ихтиёриён дар солгарди дувуми ҳамлаи Маскав ба хоки Украина номи беш аз 45 ҳазор нерӯи кушташудаи Русияро ҷамъ оварданд.

XS
SM
MD
LG