Ин афрод рӯзи 29-уми феврали имсол ҳангоми гирифтани ёриҳои башарӣ ҷон бохтаанд.
Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати гурӯҳи "Ҳамос"* аст, омори ҷонбохтагонро 112 нафар ва маҷрӯҳонро беш аз 760 нафар эълон кард.
Исроил мегӯяд, яке аз мошинҳои борбар беш аз ҳад ба тонкҳои исроилӣ наздик шуд ва тирандозии нерӯҳои ин кишвар, ки эҳсоси "таҳдид" карданд, боис шуд иддае осеб бинанд.
Гутерриш рӯзи 29-уми феврал дар остонаи як нишасти минтақаӣ гуфт, ки аз ҳодисаи охир дар ҷанги Исрол ва "Ҳамос" “таконзада” шуд.
Фаластиниҳо мегӯянд, аз оғози ҷанг, дар панҷ моҳи гузашта, беш аз 30 ҳазор нафар кушта шудаанд.
Дар ҳамлаи ногаҳонии "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023 зиёда аз 1200 исроилӣ кушта ва 240 нафари дигар ба гарав гирифта шуданд.
*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд