Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллифи таронаи "Зан, зиндагӣ, озодӣ" ба ҳабс маҳкум шуд


Шервин Ҳоҷипур. Акс аз бойгонӣ
Шервин Ҳоҷипур. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Эрон Шервин Ҳоҷипур, муаллифи таронаи эътирозии "Зан, зиндагӣ, озодӣ"-ро ба се солу ҳашт моҳ ҳабс маҳкум кард.

Вай ҳамзамон ба навиштани таронаи танқидӣ ба зидди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вазифадор шудааст.

Ба гузориши Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, ҳукми Шервин Ҳоҷипур рӯзи 1-уми март содир шуд. Маълум нест, ки оё ӯ ба зидди он шикоят хоҳад кард ё на.

Ҳоҷипурро, ки таронааш ба шиори эътирозгарони ҳиҷоби маҷбурӣ дар соли 2022 табдил шуд ва ӯро ба ҷоизаи байнулмилалии мусиқии Grammy расонд, ба "таблиғ алайҳи низом" ва "иғво ва таҳрики мардум ба беназмӣ барои ба ҳам задани амният" гунаҳкор донистаанд.

Худаш дар Инстаграм навишт, тибқи ҳукми додгоҳ, инчунин, бояд "тамоми комёбиҳои Ҷумҳурии Исломиро дар 45 сол дар бахши фарҳангу иҷтимоъ ситоиш ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунад"; "чанд китоби мазҳабиро хонда, дар бораи онҳо дар шабакаҳо нависад" ва "дар бораи ҷиноятҳои Амрико зидди ҳуқуқи башар дар як қарни гузашта таронае бисозад".

Шервин Ҳоҷипур вокуниши худро ба ҳукм нанавиштааст, вале ба гузориши Радиои Фардо, гуфтааст, ки мисли маҳкумшудаҳои дигар барои эътироз алайҳи қоидаи ҳиҷобпӯшӣ ҳукми худро оромона қабул мекунад.

Иттилое дар бораи чӣ гуна ҷараён гирифтани муҳокимаи додгоҳӣ нашр намешавад.

XS
SM
MD
LG