Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фаъоли иҷтимоӣ Абзал Достияров дар Қазоқистон


Абзал Достияров. Акс аз моҳи январи соли 2020
Абзал Достияров. Акс аз моҳи январи соли 2020

Пулис дар шаҳри Алматои Қазоқистон фаъоли шаҳрвандӣ Абзал Достияровро дастгир кардааст.

Вай ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки дар идораи пулис қарор дорад, вале сабаби боздошташро намедонад.

Достияров замоне боздошт шудааст, ки духтарашро ба кӯдакистон мебурд. Дана Сарсенбой, ҳамсари Достияров, гуфт, пулис шавҳари ӯро задааст.

Абзал Достияров баҳсҳои додгоҳии рӯзноманигор Думан Муҳаммадкаримро дар шаҳри Конаев бозтоб медод.

XS
SM
MD
LG