Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Садҳо нафар болои қабри Навалний гул гузоштанд

Маросими ҷанозаи Навалний дар Маскав
Маросими ҷанозаи Навалний дар Маскав

Сокинони Маскав гулгузорӣ ба рӯи гӯри Алексей Навалний, мухолифи Путинро идома медиҳанд.

Алексей Навалнийро рӯзи 1-уми март дар оромгоҳи Борисови Маскав ба хок супурдаанд.

Дар маросими хоксупории ӯ, ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ аз 13 то 23 ҳазор нафар ширкат кардааст.

Бархе иштирокдорон дар рӯзи маросими ҷанозаи ӯ зидди Путин ва ҷанг дар Украина шиор доданд. Ба навиштаи расонаҳо, рӯзи 1-уми март 14 нафарро барои шиор додан боздошт кардаанд.

Мақомоти Русия рӯзи 16-уми феврал марги Алексей Навалнийро дар зиндон эълон карданд. Тарафдоронаш мегӯянд, ӯро куштаанд.

Ӯ аз мухолифони сарсахти Владимир Путин, президенти Русия буд, ки се сол пеш ҳангоми бозгашт аз Олмон боздошт шуд ва то лаҳзаи марг дар зиндон буд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Занозании хонандагони ду мактаб дар Душанбе

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Хонандагони ду мактаб дар шаҳри Душанбе бо ҳам занозанӣ кардаанд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, муноқиша рӯзи 13-уми январ миёни хонандагони мактабҳои рақами 123 ва 129 рух додааст. Ҳардуи ин мактабҳо дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд. Мақомот аз шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Ба гуфтаи як манбаи огоҳ аз ҳодиса, муҳассилини ду мактаб бар сари хариди кабӯтар ё кафтар бо ҳам занозанӣ кардаанд. Ҳодиса баъди соати дарсӣ рух додааст. Дар ин ҳодиса наврасон аз корд истифода бурдаанд. Як хонандаи мактаби рақами 129 захмдор шуда, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳодисаро тасдиқ карда гуфтанд, мақомоти корҳои дохилӣ ҳодисаро таҳқиқ доранд. Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии Душанбе то ин лаҳза ба суолҳои мо посух надодааст.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, дар пайи ин занозанӣ ҳадди ақал як хонандаи мактаб боздошт шудааст ва чанд хонандаи дигар бозпурсӣ мешаванд. Директори мактаби 129, ки хонандагонаш дар ин занозанӣ ширкат карданд гуфт, аҳволи хонандаи кордхӯрда хуб аст ва захмаш чандон вазнин нест.

Ҷанҷолу муноқишаи наврасон дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Рӯзи 9-уми октябри соли 2025 дар пайи муноқишаи наврасон дар Душанбе Алӣ Раҷабов, як навраси 16-сола кушта шуд. Дар ин муноқиша як навраси дигар захмӣ ва понздаҳ нафар дастгир шуданд. Намунаи ахираш занозании як гуруҳи наврасон дар шаҳри Кӯлоб аст, ки дар он варзишгари 19-сола Муҳаммадалӣ Саъдуллоев кушта шуд. Дар пайи ин ҳодиса, ки шаби 11-уми январ рух дод, Сулаймон Одинаеви 19-сола боздошт ва алайҳаш бо иттиҳомҳои “расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати инсон мешавад” ва “авбошӣ” парванда кушодаанд.

Намояндагони бахши маориф дар бораи ин ҳодисаҳо зиёд суҳбат намекунанд. Як масъули Раёсати маорифи шаҳри Душанбе 15-уми январ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "истифодаи нодуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳузури наврасон дар марказҳои компютерӣ" аз сабабҳои асосии зиёд шудани занозанӣ миёни наврасон аст.

"Дар чанд ҳолат наврасон дар шабакаҳои иҷтимоӣ соат ва макони ба гуфтаи худашон “разбор”, яъне "ҳаллуфасли моҷаро"-ро аниқ карда, ҷамъ мешаванд ва занозанӣ мекунанд. Чанд маротиба ҳамроҳ бо кормандони пулис дар Душанбе рейд гузарондем, нисфи шаб наврасон дар марказҳои компютерӣ ба бозиҳои хусусияти зӯроваридошта машғуланд," - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Барои пешгирӣ аз ҷанҷол байни наврасон ва кордзании онҳо, дар чанд соли охир дар мактабҳо муҳофиз гузошта шуд, рафтани наврасон ба маркази бозиҳои компютерӣ манъ шуд, садҳо падару модарро барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд ҷазо доданд ва ҳамчунин мақомот амалиёти “Корд”-ро роҳандозӣ карда, аз боздошти наврасону ҷавонон бо корду силоҳҳои сард хабар доданд. Аммо баъди ин ҳама талошҳо боз ҳам ҷанҷолу кордкашии наврасон рух медиҳад.

Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир мешавад

Моҳи сентябр дар Тоҷикистон Фестивал ё Ҷашнвораи бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад.

Ин ҷашнвора дар асоси "Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026", ки онро президенти кишвар тасдиқ намудааст, доир карда мешавад.

Барои баргузории ин чорабинии оммавии варзишӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ дар якҷоягӣ бо федератсияҳои миллии варзишӣ, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд.

Гуфта мешавад, Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо мақсади эҳё, рушди бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносию худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон баргузор мегардад.

Ба барномаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ гуштигирӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнабардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, варзиши сабук (давидан ба масофаҳои мухталиф), шоҳмот, бандкашӣ ва ғайра дохиланд.

Бояд зикр намуд, нахустин Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ моҳи сентябри соли 2016 доир гардида буд. Ба барномаи фестивал ба ғайр аз намудҳои миллии варзиш, инчунин бозиҳои намоишӣ – хурӯсҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, буҷулбозӣ, камонғулак, фалахмонбозӣ, ҳойталак ва бандпарак шомил буданд.

Таҳрими панҷ мақомдори эронӣ аз сӯи ИМА

Алии Лориҷонӣ, мушовири раҳбари олии Эрон
Алии Лориҷонӣ, мушовири раҳбари олии Эрон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи панҷ мақомдори эронӣ таҳрим карда, онҳоро ба саркӯби эътирозгарон гунаҳкор кард. Бино ба гузориши Вазорати молия ё хазонадории Амрико, ба рӯйхати таҳримҳо, аз ҷумла Алии Лориҷонӣ, дабири кулли Шӯрои олии амнияти миллӣ шомил шудаанд.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, Алии Лориҷонӣ масъул ва ҳамоҳангсози саркӯби эътирозгарон аст. Ҳамчунин чор фармондеҳи минтақавии пулис ва Сипони посдорон дар вилоятҳои Луристон ва Форс низ ба рӯйхати сиёҳи Амрико илова шуданд.

Вазорати хазонадории Амрико гуфтааст, ин фармондеҳон алайҳи эътирозгарон аз хушунат истифода бурда, норозиёнро куштаанд. “Аз замони оғози эътирозҳо дар моҳи декабри соли 2025 мақомоти қудратии Эрон аз силоҳҳои ҷангӣ истифода бурда, мардумро аз ҳаққи зиндагӣ ва озодӣ маҳрум карданд”, - омадааст дар хабарномаи Вазорати хазонадории Амрико.

Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин чанд нафарро барои давр задани таҳримҳо ва фурӯши нафти Эрон таҳрим кард.

Навраси тоҷик дар Русия 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Додгоҳе дар Русия як зодаи 17-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” панҷуним сол аз озодӣ маҳрум кард.

Расонаҳои русӣ, 15-уми январ навиштанд, ин зодаи Тоҷикистон ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” савганди садоқат ёд карда, дар телеграм-каналаш ба тарафдории террористон таблиғот бурдааст.

Падари ин наврас пеш аз содир шудани ҳукм аз додгоҳ хостааст, ки писарашро ҷазои сахт надиҳанд. Ба гуфтаи падари наврас, ӯ аз он ҳайратзада шудааст, ки писараш мехост, ба Афғонистон равад. Бо қарори додгоҳ ин наврас панҷуним солро дар муассисаи ислоҳотии тарбиявӣ мегузаронад.

Бо қарори Додгоҳ, наврас ҳамчунин ҳақ надорад баъди озод шудан, давом се сол сомонаҳои интернетиро мудирият кунад. Дар ҳоле, ки назари навраси ҳабсшуда ва наздиконаш ба қазия маълум нест, додситон гуфтааст ӯ гуноҳро пурра эътироф кардааст.

Дар гузашта низ зодагони Тоҷикистон бо гуноҳи узвият дар созмонҳои террористӣ дар Русия зиндонӣ шудаанд. Аммо наздикони бархе аз онҳо ба бегуноҳии азизонашон таъкид карданд.

"Ҷасадҳоро намедиҳанд". Дидаву шунидаҳои мусофирони аз Эрон омада

Мусофирони аз Эрон баргашта дар фурудгоҳи Душанбе
Мусофирони аз Эрон баргашта дар фурудгоҳи Душанбе

Дар шароите, ки мақомоти Эрон интернетро қатъ қарданд ва ҳеҷ тамосе бо дохили кишвар нест, мардум дар чӣ вазъе қарор доранд? Аксари мусофироне, ки нисфирӯзии 15-уми январ аз шаҳри Теҳрони Эрон ба Душанбе расиданд, дар суҳбат бо Озодӣ гуфтанд, вазъ дар кишвар нигаронкунанда аст.

Ҳамкорони мо Иршод Сулаймонӣ ва Шаҳлои Абдуллоҳ ба пешвози мусофирони ҳавопаймои самти Теҳрон-Душанбе рафтанд, ва аз онҳо дар бораи ҳоли мардум дар ин кишвар пурсон шуданд.

Зани эронӣ дар фурудгоҳ:

- Вазъ ҳануз одӣ нашуда, мусалламан иттифоқе ба назарам бояд биуфтад, чун ҳама мунтазиранд ва ҳама дар воқеъ азодоранд. Ҳама касони кушташудаашонро суроғ доранд.

- Ҳанӯз тазоҳургарон дар хиёбонҳо зиёд аст?

-На, нерӯҳои зиддишӯриш, ҳамашон бо калашникуф мусаллаҳ ва бо туфангҳои ҷангӣ дар хиёбонанд.

- Дар расонаҳо хабарҳои даҳшатангезе дар бораи кушташудаҳо аст, дар воқеъ зиёданд?

- Бисёр зиёд, бисёр зиёд. Ҷанозаҳоро ҳам намедиҳанд. Бештар ҳаст, 12 ҳазор. Мағозаҳо кор мекунанд, вале баъди зуҳр соати ду ба се мебанданд, ки хатар надошта бошад. Вале ҳозир дигар назорат сахт шуда, шаҳр ором аст.

- Аз бастагони шумо касе зарар надид?

- На, Худоро шукр. Вале касонеро мешиносем, ки бисёр бастагонашонро ҳам дастгир кардаанд ва ҳам кушта шуданд.

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Теҳрон омадааст:

- Мо надидем вазъиятро, фақат дар беморхона будем. Фаҳмидем фақат.

-Интернет кор мекунад?

-Тамоман, як ҳафта шуд, ки тамоман кор намекунад. Занг зада нашуд ягон хел.

- Худи духтурон дар бораи вазъият чӣ мегуфтанд?

-Мегуфтанд хуб мешаваду маълум набуд.

- Хабарҳо ҳаст, ки одами биёреро куштаанд?

- Ин чизро дидагӣ нестем.

Мусофироне, ки аз Эрон омадаанд, чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00


Марди эронӣ дар фурудгоҳ:

- Иншоаллоҳ, ки ҳама чӣ дуруст бишавад. Феълан авзоъ ором аст. Интерент феълан қатъ аст. қавл доданд, кӣ чанд рӯзи оянда васл бишавад.

-Кушташудаҳоро ба чашми худ дидед?

-Ман, шахси худам чизе надидам, вале эълом мекунанд. Мисли ин ки кушта ҳам доштем, бале, мутассифона.

- Ҳамин шабу рӯзҳое, ки шумо омадед, авзоъ дар худи Теҳрон чӣ тур аст?

-Дар ҳоли ҳозир, авзоъ ором аст, таҳти контроли неруҳои амниятӣ аст.

- Шумо ин ҷо бо масруфияте омадед ё аз авзоъ фирор кардед?

-На, на, Мо ин ҷо барои анҷоми як коре, як маъмурияте омадем. Як кори шахсӣ дорам.

-Ҳоло парвозҳо тибқи маъмул аст ё кадом тағйироте аст?

- Дишаб мисле, ки парвозҳо лағв шуда буд, вале хушбахтона субҳ парвозҳо барқарор шуд. Дар шаҳр нерӯҳои амниятӣ зиёд шудаанд, рафту омади мардум ҳам ҳаст.

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҷазири Кеш омадааст:

- Воҳимае, ки карданд инхелӣ набуд, фақат интернетро куштанд, ҳамин қадар кор карданд, вале роумингомон кор мекард.

-Бо хона тамос доштед?

- Бале, фақат бо смс.

- Шаҳрвандони Тоҷикистон бисёранд он ҷо?

-Не, ҳамин дар Кеш буданамон 100 ё 110 кас будем. Тарс набуд.

Марди эронӣ, ки аз Теҳрон омад:

- Тазоҳурот кам шуда. Пулису нерӯҳои амниятӣ зиёданд.

- Таъқиб мекунанд хона ба хона?

- На, таъқиб нест, фақат дар хиёбонҳо.

-Мегӯянд масоҷиду бонкҳову муассисот зиёд ба оташ кашида шуданд, Инҳоро дидед?

-Оре, масҷид буда, оре. Ҷойҳои дигар ҳам буд. Мошину ин чизҳо ҳам буд. Бонкро надидам, аммо мошини пулис, оре.

Ҷавони эронӣ, дар фурудгоҳи Душанбе:

-Расонаҳо бисёр дурӯғ мегӯянд.

-Масъалан дар бораи кушта шудани 4-5 ҳазор сухан меравад.

-На-на, ин гапҳо воқеияте надорад.

-Ҳоло ки шумо омадед, вазъ чӣ гуна буд.

-Хеле хуб буд, мушкиле надоштем. Ҳама чи тибқи ривол буд. Мо аз Мозандарон омадем. Аз шимол то Теҳрон.

-Дар шимол ҳам тазоҳурот буд?

- Дар ҳадди як эътироз буданд. Он чизе, ки расонаҳо бузургаш карданд, набуд.

Бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Филиппин дар Ҳисор доир мешавад

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) макон ва замони баргузории бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Филиппинро тасдиқ кард.

Бозии ниҳоии даври интихобӣ дар гурӯҳи “А” рӯзи сешанбеи 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19 шуруъ мешавад.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин 13-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва Филиппин дар ҷойи дуюм қарор доранд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон муборизаро барои роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 идома медиҳанд.

Тақдири роҳхати ягона аз гурӯҳи “А” ба қисми ниҳоии мусобиқот дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Филиппин 31-уми март ҳал хоҳад шуд.

Тимҳои миллии Тимори Шарқӣ ва Молдив аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гаштанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Трамп: Эрон аз эъдоми эътирозгарон даст кашидааст

Президенти ИМА Доналд Трамп мегӯяд, ҳукумати Амрико маълумот гирифтааст, ки давлати Эрон нақшаи эъдом ё қатли эътирозгаронро надорад. Дар ин бора шабакаи NBC News хабар додааст.

Трамп бори дигар таҳдид кард, ки агар Эрон куштани эътирозгаронро дубора оғоз кунад, ИМА чораҳои сахт хоҳанд андешид. Ба маълумоти ИМА ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, Ҷумҳурии исломии Эрон ният дошт, ки рӯзи 14-уми январ як эътирозгари 26-соларо ба қатл расонад.

Тибқи омори созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз замони оғози норозигиҳои ахир, ки беш аз ду ҳафта аст идома дорад, зиёда аз 2500 кас кушта шудаанд. Доналд Трамп куштани эътирозгаронро маҳкум кард. Маъмурияти Трамп роҳҳои гуногуни фишор ба Теҳронро баррасӣ дорад, аз ҷорӣ кардани таҳримҳои нав то ҳамлаҳои ҳавоӣ.

Манобеи хабаргузории “Ройтерс” 14-уми январ гуфтаанд, ИМА мумкин аст давоми як рӯзи оянда ба Эрон ҳамла кунад. Дар чунин шароит ИМА ба хориҷ кардани нерӯҳояш аз Ховари Миёна оғоз кардааст.

Рақобати навбатии Муин Ғафуров бо размкори лаҳистонӣ

Варзишгари тоҷик Муин Ғафуров рақобати навбатиашро дар ташкилоти UFC бо размкори лаҳистонӣ Ёқуб Виклач баргузор мекунад. Муҳорибаи ду варзишгар 8-уми феврал дар мусобиқаи UFC Vegas баргузор мешавад.

Дар назар аст, ки муҳориба дар вазни сабуктарин баргузор шуда, 3 раунд идома кунад. Муин Ғафуров 29 сол дошта, дар корномаи варзишиаш дар муҳорибаҳои омехта 21 ғалаба ва 6 шикаст дорад.

Рақиби ӯ Ёқуб Виклач ҳам 29-сола буда, дар муҳорибаҳои омехта 16 маротиба пирӯз шуда, 3 бор шикаст хӯрдааст. Дар ташкилоти маъруфи UFC аз Тоҷикистон се варзишгар Нурулло Алиев, Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов баромад мекунанд. Ахиран роҳбарони UFC шартнома бо Лоиқ Раҷабовро тамдид накарданд.

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷакарта се бозии санҷишӣ мекунад

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар пойтахти Индонезия – шаҳри Ҷакарта - се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), тими миллии футзали кишвар дар Ҷакарта дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Осиё-2026 бо дастаҳои мунтахаби Қирғизистон (16-уми январ), Индонезия (18-уми январ) ва Арабистони Саудӣ (20-уми январ) бозиҳои санҷишӣ баргузор мекунад.

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов 16 бозигарро барои тамринҳои дастаҷамъӣ даъват кардааст. Ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаб барои Ҷоми Осиё-2026 14 бозигарро дарбар хоҳад гирифт.

Ҳайати васеи тими миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар», Хуҷанд), Нуриддин Ҷабборов («Соро компания», Душанбе), Фирӯз Бозмамадов («Сомон», Душанбе);

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Иқбол Воситзода (ҳарду аз «Сипар»), Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров, Некрӯз Идиев (ҳарчор аз «Истиқлол», Душанбе), Идрис Ёров, Баҳодур Хоҷаев (ҳарду аз «Ойл Стар», Узбекистон), Умед Қузиев («Амонатбанк», Душанбе).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Дар Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар Индонезия баргузор мегардад, рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Узбекистон ва Австралия мебошанд.

Таркиби се гурӯҳи дигар чунин аст:

Гурӯҳи “А”: Индонезия, Ироқ, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ;

Гурӯҳи “В”: Тайланд, Ветнам, Кувайт, Лубнон;

Гурӯҳи “D”: Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Малайзия.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми футзали Осиё-2026 тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои мунтахаби Узбекистон (28-уми январ), Ҷопон (30-юми январ) ва Австралия (1-уми феврал) бозӣ хоҳад кард.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, муборизаро барои медалҳо идома хоҳанд дод.

Дар Тоҷикистону ду нерӯгоҳи офтобӣ месозанд

Соли 2026 дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ хабар дода гуфтааст, созишнома бо ширкати “Аён Энерҷӣ” 13-уми январ дар Душанбе имзо шуд.

Ба қавли манбаъ, иқтидори ду нерӯгоҳи барқии офтобӣ 500 мегават хоҳад буд ва марҳилаи наве дар рушди энергияи сабз аст. Дар назар аст, ки нерӯгоҳҳои барқӣ офтобӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун сохта шавад.

Дар хабари расмӣ омадааст, “нерӯгоҳи барқӣ офтобӣ бори аввал дар таърихи Тоҷикистон бо чунин иқтидори бузург” сохта мешавад. Дар назар аст, ки барои сохтани лоиҳа 250 миллион доллар сарф шавад. Кумитаи сармоягузорӣ мегӯяд, ширкати “Аён Энерҷӣ” бояд ҳарду нерӯгоҳи барқии офтобиро соли 2026 ба истифода диҳад.

Ҷузъиёти бештари созишнома бо ин ширкат ва ҳамчунин моликони “Аён Энерҷӣ” маълум нестанд. Моҳи декабри имсол Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гуфта буд, ширкати ACWA Power музокирот бо Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистонро оғоз кардааст.

Дар пайи камбуди шадиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон мақомот талош доранд тавлиди барқро аз дастгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ роҳандозӣ кунанд. Феълан бахши асосии барқи Тоҷикистон дар неругоҳҳои обӣ тавлид мешавад.

Сироҷиддин Муҳриддин ба сафири Амрико барои кораш сипос гуфтааст

Мануэл Микаллер аз охири соли 2022 сафири Амрико дар Тоҷикистон буд.
Мануэл Микаллер аз охири соли 2022 сафири Амрико дар Тоҷикистон буд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо Мануэл Микаллер, сафири Амрико дар Душанбе, аз саҳми ӯ дар таҳкими ҳамкориву муносибатҳои ду кишвар изҳори сипос кардааст.

Вазорати умури хориҷӣ рӯзи 14-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, вазир Мануэл Микаллерро дар ҳамин рӯз ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтааст. Дар баёния омадааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин ба дипломати амрикоӣ “барои саҳми ӯ дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва ИМА изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолиятҳои ояндаи касбиаш муваффақиятҳоро таманно кард.”

Ду тараф зимни сӯҳбат ҳамчунин дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Амрико табодули афкор кардаанд. Мануел Микаллер аз охири соли 2022 ба ҳайси сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе кор мекард. Забонҳои тоҷикӣ ва русиро ҳам медонад.

Садама дар Қубодиён ҷони падари ҷавону ду тифли хурдсолашро гирифт

Дар садамаҳои нақлиётӣ тифлони хурдсол ҳам зиёд ба ҳалокат мерасанд.
Дар садамаҳои нақлиётӣ тифлони хурдсол ҳам зиёд ба ҳалокат мерасанд.

Дар як садамаи фоҷиабор дар вилояти Хатлон падари ҷавоне бо ду тифли хурдсолаш ҷон бохта ва танҳо яке аз онҳо зинда мондааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки садама шоми 9-уми январ дар ҳудуди ҷамоати Кайқубоди ноҳияи Қубодиён ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи вазорат, Ҷурабек Сафарови 32-сола ҳангоми ҳаракат дар мошин аз ӯҳдаи идораи мошин барнаомадааст ва дар натиҷа мошин ба канал ва ё наҳри назди хонаашон чаппа шудааст.

Дар ин фалокат, худи падар ва тифлони 4-сола ва 2-солааш Абдулло ва Яҳё дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд ва писари бузургӣ Муҳаммад захм бардошта дар дар шифохона бистарӣ шудааст. Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Гоҳе дар ингуна садамаҳо хонаводаҳои комил аз байн мераванд.

Моҳи сентябри соли гузашта, бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо мошини борбар дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд панҷ узви як оила ба ҳалокат расидаанд. Мошинҳои кӯҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.

Роҳи мушкилгузари Айнӣ-Куҳистони Мастчоҳ таъмир мешавад

Роҳи Айнӣ-Куҳистони Мастчоҳ
Роҳи Айнӣ-Куҳистони Мастчоҳ

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки роҳи душворгузари "Айнӣ-Куҳистони Мастоҳ" пурра таъмир ё бозсозӣ хоҳад шуд.

Ба иттилои вазорат, ширкати машваратии "NARCO Consultants"-и Кувайт якҷо бо "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ” –и ПЛИН" лоиҳаи таъмири роҳи "Айнӣ –Кӯҳистони Мастчоҳ"-ро таҳия мекунанд.

Мақомот гуфтанд, ки тибқи лоиҳа роҳи мазкур дар ду қисмат ва бо дарозии умумии 162 километр сохта мешавад.

"Қисмати аввал аз ноҳияи Айнӣ то маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ деҳаи Меҳрон бо дарозии 80 км ва қисмати дуюм аз маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ то деҳаи Деҳҳисори ҳамин ноҳия бо дарозии 82 км тӯл хоҳад кашид. Дар тӯли роҳ бунёди 27 пули мошингард ва 405 қубури обгузар ба нақша гирифта шудааст," – омадааст дар хабари расмӣ.

Роҳи "Айнӣ-Куҳистони Мастчоҳ" яке аз роҳҳо душворгузари Тоҷикистон мебошад, ки солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда, ягон бор таъмири куллӣ нашудааст.

Ин роҳ яке аз масирҳои асосии интиқолии картошка ва ангишт ба шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Сокинони ин минтақа шикоят карданд, ки аз сабаби хароб будани роҳ, "60 километрро дар 5-6 соат убур мекунанд.

Трамп аз мардуми Эрон хост, эътирозро идома диҳанд

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбеи 13-уми январ аз эрониён даъват кард, ки ба эътирозҳои худ идома диҳанд. Трамп дар паёмаш ба мардуми Эрон ваъда дод, ки "кумак дар роҳ аст", аммо ҷузъиёти бештар надод.

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин хабар дод, ки ҳама вохӯриҳо бо мақомҳои эрониро "то замони қатъ шудани куштани эътирозгарон” лағв кардаст. Доналд Трамп даъват кард, ки номи “қотилон ва шиканҷагарон” бояд маълум шавад. “Онҳо баҳои сангине хоҳанд пардохт”, - гуфт президенти Амрико.

Ба гузориши расонаҳо, изҳороти Доналд Трамп нишон аз тағйири мавқеи ИМА дар рӯзҳои ахир аст.

Рӯзи душанбеи 12-уми январ Кэролайн Левитт, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, роҳҳои иртиботи дипломатӣ бо Теҳрон боз аст. Худи Доналд Трамп 11-уми январ ба хабарнигорон гуфт, роҳбарони Эрон мехоҳанд бо Вашингтон музокира кунанд.

Оҷонсии хабарии фаъолони ҳуқуқи башар (HRANA), ки қароргоҳаш дар Амрикост, рӯзи 13-уми январ гуфт, ки дар ҷараёни эътирозҳои ахир Эрон 2003 нафар кушта шудаанд. Хабаргузории Ройтерс ҳам дар такя ба манбааш дар мақомоти Эрон шумораи кушташудаҳоро қариб 2000 эълон кард.

Саодат Амиршоева, нахустин зан-генерали тоҷик даргузашт

Генерал Саодат Амиршоева, яке аз вакилони дар гузашта пуровозаи порлумони Тоҷикистон субҳи 14-уми январ дар 73-солагӣ даргузашт.

Дар ин бора як дӯсти хонаводаи ӯ ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи вай, Амиршоева чанд вақти ахир бемор буд. "Тақрибан як соли пеш писараш вафот карда буд ва Амиршоева баъди ин ҳодиса ба худ наомад".

Саодат Амиршоева, нахустин генерали тоҷик аз миёни занон аст. Вай чандин сол дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қонун, дар маснадҳои раҳбарӣ, аз ҷумла ба ҳайси сардори Раёсати адлия дар вилояти Хатлон кор кардааст. Замони фаъолияташ чун вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо чанд пешниҳодаш пурсару садо шуда буд.

Ӯ гуфта буд, духтарони тоҷик набояд шавҳари хориҷӣ кунанд ва санҷиши бакорати душизагон як таҳқир аст ва аммо муҳимтарин пешниҳодаш манъи издивоҷи хешу таборӣ буд. Порлумони Тоҷикистон онро пазируфт ва қонунӣ кард.

Саодат Амиршоева соли 1953 дар деҳаи Паранаки ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Дар назар аст маросими видоъ бо ҳуқуқшиноси тоҷик имрӯз 14-уми январ дар манзили зисташ, ҷамъати Бустонқалъаи ноҳияи Кушониён баргузор шавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG