Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Исроил созиши оташбас дар Ғаззаро қабул кардааст

Сарбозони исроилӣ дар Ғазза
Сарбозони исроилӣ дар Ғазза

Исроил "дар умум" пешниҳоди отшабаси шашҳафтаина дар Ғаззаро пазируфтааст.

Дар ин бора телевизиони “CNN" ва нашрияи "Financial Times" бо такя ба намояндаи Қасри Сафеди Амрико хабар додааст.

Тибқи нақша, бар ивази оташбас бояд занҳо, афроди солманду захмӣ аз асорати гурӯҳи мамнуи ҲАМОС дар ИМА ва Аврупо озод ва ба Ғазза кӯмаки бештари башардӯстона расонида шавад.

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки барои баррасии тарҳи созишнома намояндагони гурӯҳҳои фаластинӣ, ИМА ва Қатар ба Қоҳира, пойтахти Миср рафтаанд. Интизор меравад, ҳайати Исроил низ ба Қоҳира равад.

Ба гуфтаи CNN, давоми шаш ҳафта созиши навбатӣ барои ивази гаравгонҳо ва интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза бояд омода шавад.

Намояндаи ҲАМОС гуфтааст, ки агар Исроил шартҳои онҳоро бипазирад, давоми ду рӯз созиши оташбасро имзо мекунанд.

Ҳанӯз ҷузъиёти ин созиш маълум нест. Дақиқ нест, ки ҲАМОС созиши шашҳафтаинаро мепазирад ё не.

Исроил пас аз ҳамлаи ҲАМОС дар рӯзи 7-уми октябри соли гузашта ба хоки ин кишвар амалиёти заминӣ дар Ғаззаро оғоз кард. Дар ҳамлаи ҲАМОС ба Исроил 1200 нафар кушта ва беш аз 200 нафар гаравгон гирифта шуд.

Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 30 ҳазор нафар кушта шудааст, ки аксари онҳо занону кӯдакон ҳастанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Мақомоти Покистон мегӯянд, 145 ҷангҷӯро дар Балучистон куштанд

PAKISTAN-ELECTION/BALUCHISTAN
PAKISTAN-ELECTION/BALUCHISTAN

Мақомоти Покистон рӯзи якшанбе гуфтанд, дар ҷараёни як амалиёти низомии 40-соата дар вилояти Балучистон 145 ҷангҷӯро куштанд.

Даргириҳо пас аз силсилаи ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи ҷудоиталабони балуч оғоз шуд, ки дар онҳо даҳҳо нафар ҷон доданд. Сарфароз Буғтӣ, намояндаи ҳукумати ин вилояти ҳаммарз бо Эрон ва Афғонистон гуфт, ки дар ҳамлаҳои ҷангҷӯён 17 маъмури неруҳои интизомӣ ва 31 ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот, ҳамлагарон дар либоси мулкӣ вориди шифохонаву мактаб ва бозорҳо шуда, ба сӯи мардум оташ кушодаанд ва аз сокинон ҳамчун "сипари инсонӣ" истифода бурдаанд.

Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи мамнӯи "Артиши озодибахши Балучистон" ба уҳда гирифт. Ин гурӯҳ иддао кард, ки 84 сарбози Покистонро куштааст. Аммо артиши Покистон ин иддаоро рад карда, гуфт, ки низомиёни кишвар ҳамлаҳоро рафъ карданд ва иҷоза надоданд, ки ягон иншооти стратегӣ, ё шаҳр ба дасти ҷангҷӯён афтад.

Вазорати дифои Покистон мегӯяд, ҷангҷӯён бештар коргарон ва табақаҳои камбизоатро ҳадаф қарор медиҳанд. Артиши Покистон ин ҳамлаҳоро кори дасти ҷангҷӯёни таҳти ҳимояти Ҳинд хонд, аммо Деҳлӣ ин иттиҳомро "беасос" хонда, рад кард.

Вилояти Балучистон, ки бузургтарин ва камбизоаттарин минтақаи Покистон аст, даҳсолаҳо боз шоҳиди шӯришҳои ҷудоихоҳон мешавад. Онҳо талаб доранд, ки ҳиссаи бештари даромад аз ҳисоби манобеи табиии вилоят ба худи балучҳо дода шавад.

Даври нави музокироти сулҳи Украина дар Абузабӣ сурат мегирад

Владимир Зеленский раиси ҷумҳури Украина, хабар дод, ки даври нави музокироти сеҷониба дар бораи поён додан ба ҷанг дар Украина рӯзҳои 4 ва 5-уми феврал дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.

Ӯ афзуд, ки ин иттилоро аз ҳайати Украина дар музокирот дарёфт кардааст. Дар паёми Зеленский гуфта нашудааст, ки нишасти Абузабӣ рӯзи 1-уми феврал баргузор шуд ё на. Қаблан тамоми тарафҳо — Русия, Амрико ва Украина тасдиқ карда буданд, ки даври нави музокирот рӯзи якшанбе пешбинӣ шудааст.

То ҳол паёми Зеленский дар шабакаҳои иҷтимоиро дар мавриди санаи нави музокирот намояндагони Амрико ва Русия шарҳ надодаанд.

Рӯзи 31-уми январ Кирилл Дмитриев, фиристодаи хоси раиси ҷумҳури Русия дар аёлати Флорида бо ҳайати амрикоӣ, аз ҷумла Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер, фиристодагони хоси Доналд Трамп мулоқот кард. Тарафҳо гуфтугӯҳоро "самарбахш" ва "созанда" хонданд.

Даври аввали музокирот бо ҳузури намояндагони Русия, Украина ва Иёлоти Муттаҳида рӯзҳои 23-24-уми январ дар Абузабӣ сурат гирифта буд. Ҷонибҳо аз пешрафт дар гуфтугӯҳо хабар доданд, ҳарчанд эътироф карданд, ки дар масъалаи марзҳо ва қаламравҳои ишғолшудаи Украина ҳанӯз ба созиши ниҳоӣ нарасидаанд.

Дуздии панҷ кабӯтар дар Душанбе бо зарари 12 ҳазор долларӣ

RUSSIA-PIGEONS/
RUSSIA-PIGEONS/

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дуздии ғайриоддие хабар додааст, ки ба гуфтаи вазорат як ноболиғ ва ду ҷавон дар шаҳри Душанбе анҷом додаанд. Сухан дар бораи дуздии 5 кабӯтаре меравад, ки зоҳиран бисёр гаронқиммат ҳастанд.

Вазорати умури дохилӣ гуфтааст, ҳодиса дар ноҳияи Шоҳмансур ва аввалҳои моҳи январ рух додааст. Як навраси 17-сола ва ду ҷавони 22 ва 25-сола, ба гуфтаи вазорат “пинҳонӣ аз дохили анбори як зани 67-сола 5-адад кабутарро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 12 ҳазору 200-доллари амрикоиро ташкил медиҳад.“

Номи ҳеч яке аз гумонбарон ба дуздиро набурдаанд ва фақат гуфтаанд, ки ҳар се сокини Душанбе ҳастанд. Маълум нест, зарар фақат аз ҳисоби дуздии кабӯтарон аст ва ё ҳам зиён расондан ба моликияти зан, аз ҷумла вайрон кардани дари анбор, ё чизи дигар, аммо дар Тоҷикистон кабӯтароне ҳастанд, ки қиматашон аз 500 то ба 1000 доллар низ мерасад.

Аз ҷумла, кабӯтарҳои зебое, ки ба ғайр аз бозигариашон барои зоҳирии зебоашон талабгор доранд. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ба мисли Узбекистон ва Афғонистон навъҳои кабӯтарҳои бозигаре ҳастанд, ки дар осмон рақс мекунанд ва қимате баъзе аз ин кабӯтарҳои нодир дар бозорҳои дохилӣ метавонад аз 500 то 5000 доллар ва ҳатто бештар аз он бошад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки тафтиши парвандаи дуздии кабӯтарон идома дорад.


Толибон бозори чормағзи заминии Мастчоҳро сард карданд

Чормағзи заминии Мастчоҳ то ба бозорҳои Теҳрон дар Эрон мерасид.
Чормағзи заминии Мастчоҳ то ба бозорҳои Теҳрон дар Эрон мерасид.

Дар панҷ соли охир содироти як навъи мева аз ҳудуди ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба Афғонистон тақрибан номумкин шудааст. Мақомот гуфтанд, бо бозгашти Толибон ба қудрат, ин бозори муҳими худро аз даст доданд.

Баъди ба сари қудрат омадани гурӯҳи Толибон дар Афғонистон фурӯши чормағзи заминии кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ ба сифр баробар шудааст. Ин нуктаро рӯзи 26-уми январ, Аъзам Ализода раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни нишасти матбуотӣ баён кард.

Ализода гуфт, то ба сари қудрат омадани гурӯҳи Толибон ба Афғонистон 20-30 %-и чормағзи заминии Мастчоҳ ба ҳамсоякишвар содир мешуд, ё тавассути он ба Эрон интиқол меёфт. Аммо баъди ба сари қудрат омадани Толибон аз байн рафт ва ба маҳсулоти кишоварзони ноҳияро бе харидори муҳим гузошт. Ҳоло ҳосили чормағзи заминии солҳои гузашта дар хонаву анбори мардум истодааст.

Аъзам Ализода гуфт: “Дар як сол аз 8 то 12 ҳазор тонна ҳосили чормағзи заминиро кишоварзони ноҳия ба даст меоранд ва ҳамаи онро наметавонем дар бозори дохилӣ истеъмол кунем. Барои ҳалли мушкили пешомада бо соҳибкорони ноҳия ҳамкорӣ кардем, аллакай ба шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ҳар ҳафта 20-30 тонна чормағзи заминиро ба ин минтақаҳо мебаранд, вале ин нокифоя аст.”

Раиси ноҳия дар баробари баёни мушкил изҳори хушнудӣ кард, Русия, ки соли гузашта содироти чормағзи заминиро манъ карда буд, имсол иҷозат додааст. Ҳоло соҳибкорон аз шаҳрҳои Исфара ва Истаравшану ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Масчоҳ ба Русия чормағзи заминӣ содир мекунанд.

Аъзам Ализода гуфт, соли 2025 дар умум тақрибан 9 ҳазор тонна чормағи заминӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ кам аст, зеро камбуди харидор ва танг шудани бозори ин навъи маҳсулот, сабаб шудааст, ки онро кам кишт кунанд.

Ноҳияи Мастчоҳ яке аз истеҳсолкунандагони асосии чормағзи заминӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Ба гуфтаи кишоварзон, зиёда аз 90 дарсади чормағзи заминӣ дар вилояти Суғд дар Мастчоҳ парвариш мешавад. Чормағзи заминӣ аз анвои серғизои фаровардаҳои кишоварзӣ аст, ки дар саросари ҷаҳон харидори зиёд дорад.

Дар Молдова пас аз садама дар Украина интиқоли нерӯи барқ қатъ шудааст

Молдова ва Украина дар як ҳалқаи тақсими барқ ҳастанд.
Молдова ва Украина дар як ҳалқаи тақсими барқ ҳастанд.

Дар саросари Молдова, аз ҷумла дар пойтахти он шаҳри Кишинёв, рӯзи 31-уми январ барқ ба таври ногаҳонӣ хомӯш шуд.

Мақомот мегӯянд, ин бар асари садама дар сохтори барқрасонии Украина рух додааст, ки бо Молдова дар як шабакаи тақсими барқ пайваст ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти Украина, садама натиҷаи моҳҳо ҳамлаи мушакии Русия ба сохтори барқрасонии ин кишвар аст, ки онро корношоям ва осебпазир кардааст.

Молдова ва Украина аз замони Шӯравӣ ҳалқаи муштараки тақсими барқ доранд.

Дар Кишинёв, пойтахти Молдова ва дигар шаҳрҳои бузург ҳаракати нақлиёти барқӣ (троллейбусҳо) қатъ шуда, чароғакҳои роҳнамо аз кор монданд. Беморхонаҳо ва иншооти муҳим ба истифода аз генераторҳои изтирорӣ гузаштанд.

Майя Санду, президенти Молдова, Русияро ба "бозии бераҳмона бо амнияти мардум" муттаҳам кард. Ӯ таъкид намуд, ки Русия аз нерӯи барқ ҳамчун силоҳ истифода мебарад, то Молдоваро барои интихоби роҳаш ба сӯи Аврупо ҷазо диҳад.

Ин бори аввал нест, ки Молдова қурбонии ҷанги энергетикӣ мешавад. Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022, Молдова талош дорад вобастагии худро аз нерӯи барқи Русия ва Украина кам карда, ба шабакаҳои Аврупо (ENTSO-E) пайваст шавад.

Мақомоти Молдова хабар доданд, ки мутахассисон барои барқарор кардани интиқоли барқ тавассути хатҳои эҳтиётӣ аз Руминия кор мебаранд, аммо ин раванд аз сабаби сарбории зиёд дар шабака мушкил шудааст.

Фармондеҳии марказии ИМА аз Эрон хост, аз "рафтори танишзо" худдорӣ кунад

Нови ҳавопаймобари "USS Abraham Lincoln". Акс аз соли 2024
Нови ҳавопаймобари "USS Abraham Lincoln". Акс аз соли 2024

Фармондеҳии марказии ИМА (CENTCOM) аз Эрон даъват кард, ки аз “эҷоди хатарҳои нолозим” дар гулӯгоҳи Ҳурмуз парҳез кунад.

Эрон эълон кард, ки сар аз рӯзи 1-уми феврал барои ду рӯз машқҳои низомии дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дар тангаи Ҳурмуз баргузор мекунад.

Дар хабарномаи Фармондеҳии марказии ИМА дар шабакаи Х гуфта шудааст, ки Эрон тамрини эълоншударо бояд ба шакле анҷом диҳад, ки “аз эҷоди хатарҳои нолозим барои киштиронии озод дар масирҳои байналмилалии дарёӣ худдорӣ намояд".

Ба гуфтаи ин ниҳод, "гулӯгоҳи Ҳурмуз як гузаргоҳи байналмилалии дарёӣ ва як долони муҳими тиҷоратӣ мебошад, ки шукуфоии иқтисодии минтақаро таъмин мекунад."

Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки "ҳамарӯза тақрибан 100 киштии тиҷоратии ҷаҳон" аз ин гулӯгоҳ барои додугирифт истифода мебаранд.

Ҳушдори Амрико дар ҳолест, ки новҳои ҳавопаймопар, киштиҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳои низомии ин кишвар дар наздикиҳои Эрон ҷой гирифтаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар аввали моҳи январ ҳазорон нафарро, ки аз болоравии нарх ва беқурбшавии пули миллӣ эътироз доштанд, саркӯб кард. Омори дақиқи кушташудаҳо маълум нест, вале расонаҳо аз кушта шудани 5 то 30 ҳазор нафар гузориш медиҳанд.

Доналд Трамп, президенти ИМА ба Эрон ҳушдор дода буд, ки агар эътирозгаронро бикушад, посухи сахте хоҳад гирифт.

Тими миллии футзали Тоҷикистон аз Ҷопон шикаст хӯрд

Тими футзали Тоҷикистон
Тими футзали Тоҷикистон

Тими миллии футзали Тоҷикистон зери раҳбарии Пайрав Воҳидов дар бозии дувумаш дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи "С" аз дастаи мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд.

Рақобати футзалбозони тоҷику ҷопонӣ 30-юми январ дар варзишгоҳи “Индонезия Арена”-и шаҳри Ҷакартаи Индонезия доир гардид. Ҷопониҳо дар нимаи аввали дидор як гол ва дар нимаи дувум ду гол ба самар расонда, бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд.

Дар бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “С” 30-юми январ дастаҳои мунтахаби Австралия ва Узбекистон рақобат карданд. Ин бозӣ ҳам дар варзишгоҳи “Индонезия Арена”-и Ҷакарта сурат гирифт. Футзалбозони узбек бо ҳисоби 4:2 ғолиб омаданд.

Ёдовар мешавем, тими миллии Тоҷикистон нахустин бозиашро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «С» бо дастаи мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Ҷопониҳо бошанд, дар бозии аввали худ тими миллии Австралияро бо ҳисоби 6:2 мағлуб карданд.

Пас аз натиҷагирии бозиҳои даври дувуми мусобиқа дар гурӯҳи “С” мунтахаби Ҷопон бо шаш имтиёз дар мақоми аввал аст. Дастаи Узбекистон бо чаҳор имтиёз ҷойи дувумро касб намудааст. Тоҷикистон бо як имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад. Австралия бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок дорад. Футзалбозони тоҷик дар мусобиқаи соли 2024 дар Тайланд ҷойи чаҳорумро соҳиб шуда буданд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи мунтахаби кишвар мебошад.

Мунтахаби Ҷопон, ки бори ҳаждаҳум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат меварзад, чаҳор бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст ва пас аз Эрон дувумин дастаи серунвонтарини қора ба шумор меравад. Аммо дар мусобиқаи соли 2024 ҷопониҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашта буданд.

Бояд зикр намуд, мунтахаби Ҷопон соли гузашта дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “С” ғолиб шуда, аз тимҳои миллии Тоҷикистон, Камбоҷа ва Макао пеш гузашта буд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар Индонезия бо иштироки 16 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ сурат гирифтааст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, муборизаро барои медалҳо идома хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол ҳафт дастае, ки пас аз натиҷагирии бозиҳои даври дувум дар гурӯҳҳо ба плей-офф баромаданд, муайян шуданд. Инҳо тимҳои миллии Индонезия ва Ироқ аз гурӯҳи “А”, Тайланду Ветнам аз гурӯҳи “В”, Ҷопон аз гурӯҳи “С” ва Эрону Афғонистон аз гурӯҳи “D” мебошанд, ки ҳар кадом дар ду бозӣ шашимтиёзӣ гирифтаанд.

Соҳиби як роҳхати дигар аз гурӯҳи “С” пас аз натиҷагирии бозиҳои даври сеюм муайян хоҳад шуд. Дар даври охирин 1-уми феврал Тоҷикистон бо Австралия ва Ҷопон бо Узбекистон бозӣ мекунанд. Футзалбозони тоҷику узбек барои роҳхати дуюм талош доранд, аммо австралиягиҳо аз ҳаққи ширкат дар плей-офф маҳрум гаштанд.

Дар бозиҳои даври сеюм 31-уми январ Индонезия бо Ироқ, Тайланд бо Ветнам, 1-уми феврал Эрон бо Афғонистон барои ғолиб шудан дар гурӯҳҳои худ мубориза мебаранд.

Ҷоми футзали Осиё-2026

Гурӯҳи “А”

Даври якум

Индонезия - Кореяи Ҷанубӣ – 5:0

Ироқ – Қирғизистон – 4:2

Даври дуюм

Қирғизистон – Индонезия – 3:5

Кореяи Ҷанубӣ – Ироқ – 2:3

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1Индонезия2200 10-36
2Ироқ22007-46
3Қирғизистон20025-90
4Кореяи Ҷанубӣ20022-80


Даври сеюм

31-уми январ (шанбе)

Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ (17:00)

Индонезия – Ироқ (17:00)

Гурӯҳи “В”

Даври якум

Ветнам – Кувайт – 5:4

Тайланд – Лубнон – 2:0

Даври дуюм

Кувайт – Тайланд – 1:6

Лубнон – Ветнам – 0:2

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1Тайланд2200 8-16
2Ветнам22007-46
3Лубнон20020-40
4Кувайт20025-110

Даври сеюм

31-уми январ (шанбе)

Кувайт – Лубнон (13:00)

Тайланд – Ветнам (13:00)

Гурӯҳи “С”

Даври якум

Ҷопон – Австралия – 6:2

Узбекистон – Тоҷикистон – 0:0

Даври дуюм

Австралия – Узбекистон – 2:4

Тоҷикистон – Ҷопон – 0:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1Ҷопон2200 9-26
2Узбекистон21104-24
3Тоҷикистон20110-31
4Австралия20024-100

Даври сеюм

1-уми феврал (якшанбе)

Тоҷикистон – Австралия (13:00)

Ҷопон – Узбекистон (13:00)

Гурӯҳи “D”

Даври якум

Эрон – Малайзия – 4:1

Афғонистон - Арабистони Саудӣ - 3:0

Даври дуюм

Арабистони Саудӣ – Эрон – 0:2

Малайзия – Афғонистон – 0:7

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “D”

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1Афғонистон2200 10-06
2Эрон22006-16
3Арабистони Саудӣ20020-50
4Малайзия20021-110

Даври сеюм

1-уми феврал (якшанбе)

Арабистони Саудӣ – Малайзия (17:00)

Эрон – Афғонистон (17:00)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

Русия аз ҳамла ба сохторҳои барқрасонии Украина худдорӣ кардааст

Чор сол боз украиниҳо зимистони сахтеро пушти сар мекунанд.
Чор сол боз украиниҳо зимистони сахтеро пушти сар мекунанд.

Мақомоти Украина хабар доданд, ки Русия рӯзи 30-юми январ тақрибан аз ҳамла ба сохторҳои барқрасонӣ ва гармидиҳии ин кишвар худдори кардааст.

Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки ба истиснои як ҳамла ба анбори гази моеъ дар вилояти Донетск воқеан дигар ҳамлае ба сохторҳои барқрасонӣ ва гармидиҳӣ сурат нагирифт.

Аз ин пеш, Доналд Трамп, президенти ИМА гуфта буд, ки аз Путин хостааст, дар сармои шадид як ҳафта аз ҳамла ба сохторҳои барқрасонии Украина худдорӣ кунад. Трамп гуфта буд, ки Путин ба ин пешниҳод розӣ шудааст.

Русия моҳҳо боз бо садҳо паҳбоду мушак ба сохторҳои барқрасонии Украина ҳамла мекунад ва мардуми ин кишвар дар сардӣ аз бебарқӣ ранҷ мекашанд.

Владимир Зеленский гуфт, ки Русия ба ҷойи ҳамла ба сохторҳои барқрасонӣ ҳамла ба қаторҳои боркашониро афзоиш додааст. Ӯ гуфт, дар ин ҳамлаҳо қаторҳои ширкати Роҳи оҳани Украина зиён дидааст.

Русия чор сол боз зидди Украина меҷангад. Дар ин ҷанг ҳазорон украинӣ кушта ва миллионҳо нафар бехона шудаанд. Аксари кишварҳои дунё ҳамлаи Русияро бедалел дониста, маҳкум ва ин кишварро таҳрим кардаанд.

Доналд Трамп, ки барои сулҳ дар Украина талош дорад, дар охирин суҳбаташ гуфт, ки “ба пешравии бузруге даст ёфтаанд”.

Димитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, ки Трамп аз Путин ба таври хаттӣ хоста буд, ки аз ҳамла ба Киев ба хотири шароити хуб барои гуфтугӯ дар мавриди сулҳ то 1-уми феврал худдорӣ кунанд.

Рӯзи 1-уми феврал даври дуюми музокираи навбатии Русия ва Украина дар мавриди сулҳ бояд оғоз шавад.

Трамп Кубаро "таҳдид ба амнияти миллӣ" номид ва "вазъи изтирорӣ" ҷорӣ кард

Доналд Трамп, президенти ИМА
Доналд Трамп, президенти ИМА

Доналд Трамп, Президенти ИМА, бо далели "таҳдид ба амнияти миллӣ" аз ҷониби Куба, фармони вазъияти изтирорӣ имзо кардааст.

Ин санад имкон медиҳад, ки нисбат ба молу маҳсулоти кишварҳое, ки ба Куба нафт мефурӯшанд ва ё бо роҳҳои дигар интиқол медиҳанд, боҷи изофӣ ҷорӣ карда шавад.

Дар гузориши Кохи Сафед гуфта мешавад, ки мақомоти Куба дар хоки кишварашон пойгоҳи низоми ва ҷосусии “кишварҳои зиёди харобкор”-ро ҷой дода, бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Мақомоти Амрико гуфтаанд, ки "дар Куба бузургтарин маркази иктишофии радиоэлектронии Русия ҷойгир аст, ки ба рабудани иттилооти махфӣ дар мавриди амнияти миллии ИМА машғул аст."

Инчунин, дар хабар гуфта мешавад, ки Куба ба гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ҲАМОС ва "Ҳизбуллоҳ" паноҳгоҳ медиҳад.

"Режим мухолифони сиёсиро таъқиб ва шиканҷа мекунад, озодии баён ва матбуотро нақз менамояд, бо фасодкорӣ аз ҳисоби ранҷи мардуми Куба сарват ҷамъ меорад ва бо паҳн кардани идеологияи коммунистӣ дар тамоми минтақа нооромӣ эҷод менамояд", — омадааст дар изҳороти Кохи Сафед.

Бруно Родригес Парриля, вазири корҳои хориҷии Куба гуфт, ки кишвараш талошҳои ИМА-ро барои ҷорӣ кардани муҳосираи комили интиқоли маводи сӯхт ба ҷазира шадидан маҳкум мекунад. Ба гуфтаи ӯ, маъмурияти Трамп барои сафед кардани амалҳои худ кӯшиш дорад Кубаро ҳамчун таҳдиде муаррифӣ кунад, ки "дар асл чунин таҳдид вуҷуд надорад".

Бруно инро “иғво” номида, маҳкум кард.

Нашрияи The Wall Street Journal иддао дорад, ки маъмурияти Трамп дар байни аъзои ҳукумати Куба шахсони бонуфузеро меҷӯяд, ки тавонанд барои бастани созишнома ҷиҳати сарнагун кардани режими кунунӣ то охири соли 2026 кумак кунанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки як нафари наздик ба мақомоти Венесуэла дар аввали январи соли ҷорӣ ба ИМА кумак кард, то дар Каракас амалиёт гузаронида, Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флоресро дастгир кунанд.

Се шаҳрванди Афғонистон дар задухӯрде бо марзбонони тоҷик кушта шудаанд

Мавзеи "Баҳорак" дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Мавзеи "Баҳорак" дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Кумитаи марзбонии Тоҷикистон хабар дод, ки дар задухӯрде дар марзи Тоҷикистон се шаҳрванди мусаллаҳи Афғонистон кушта шудааст.

Мақомот афроди кушташударо “қочоқбарони афғон” номиданд.

Ҳодиса шоми 29-уми январ дар мавзеи “Баҳорак”-и Шамсиддин Шоҳин рух додааст.

Ба гуфтаи мақомот, панҷ қочоқбари мусаллаҳ бо гузаштан аз рӯди Панҷ вориди хоки Тоҷикистон шудаанд ва ба фармони марзбонон барои таслим шудан гуш накарда, муқовимати мусаллаҳона кардаанд.

Се тан аз кушташудаҳо сокинони ноҳияи Чаҳёби вилояти Тахори Афғонистон будаанд ва ду тани дигар ба гуфтаи Кумитаи марзбонӣ, ба хоки Афғонистон фирор кардаанд.

Назари ҷониби Афғонистон ба ин ҳодиса маълум нест, вале Кумитаи марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки аз маҳалли ҳодиса се автомати Калашников бо 150 дона тир, қаиқ, чор борхалта маводи мухаддири навъи “ҳашиш” ва “афюн” пайдо кардаанд.

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон зуд-зуд задухӯрд рух медиҳад, ки мақомоти тоҷик аксари марзшиканонро "узви гурӯҳҳои террористӣ" ва "қочоқбари маводи мухаддир" меноманд.

Рӯзи 18-уми январи имсол низ Кумитаи марзбонӣ гуфт, дар марзи Шамсиддин Шоҳин бо Афғонистон "чор узви гурӯҳи террористӣ" кушта шуд. Мақомоти Толибон дар Афғонистон гуфтанд, онҳо кочоқбар буданд.

Рӯзи 24-уми декабри соли гузашта дар задухӯрде дар ҳудуди ин ноҳияи марзӣ Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков, ду афсари марзбон кушта шуданд. Мақомот хабар доданд, ки се ҳамлагар, ки “узви ташкилоти террористӣ" буданд, “нобуд карда шуданд”.

Дар ду ҳамлаи дигар аз хоки Афғонистон дар аввали моҳи декабри соли гузашта панҷ шаҳрванди Чин дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон кушта шуда буд.

Мақомоти Тоҷикистон аз Толибон, ки аз соли 2021 Афғонистонро идора мекунанд, хоста буданд, ки роҳи қочоқбарон ва террористонро бигиранд.

Дар Душанбе 216 рӯз ҳаво ғуборолуд будааст

Хокбориш ё ҳавои ғуборолуд дар Тоҷикистон соли гузашта 216 рӯз давом кардааст. Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар соли 2025 дар кишвар 63 мавриди олудашавии ҳаво сабт шудааст.

Ин омор ба фарқ аз соли 2024 қариб як баробар бештар будааст. Ниҳодҳои байналмилалӣ ҳам ҳавои Душанберо дар раддабандиҳояшон яке аз олудатаринҳо нишон додаанд.

Соли 2022 пойгоҳи IQAir, қароргоҳаш дар Швейтсария, пойтахти Тоҷикистонро яке аз чаҳор шаҳри ҷаҳон номбар кард, ки ҳаво дар онҷо башиддат олуда аст. Ҳавои Душанбе дар нишондодҳои ин пойгоҳ яке аз олудатаринҳо боқӣ мондааст.

Фаъолони ҳифзи муҳити зист ягона роҳи наҷотро дар ҷангалзор кардани атрофи Душанбе медонанд.

Садҳо донишҷӯи тоҷик аз Русия ихроҷ шудаанд

Соли 2025 қариб 600 донишҷӯи тоҷикро аз Русия ихроҷ кардаанд. Ин оморро Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маорифи Тоҷикистон 30-юми январ дар нишасти хабарӣ эълон кард.

Ба гуфтаи муовини вазир, 600 донишҷӯи рондашуда дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсилро давом доданд.

Лутфия Абдулхолиқзода афзуд, моҳи ноябри соли гузашта дар нишасти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия масъалаи ихроҷи донишҷӯёни тоҷик аз Русия баррасӣ шуд ва иҷозаи бозгашти 730 донишҷӯ ба даст омад. Инҳо донишҷӯёне будаанд, ки давоми ду соли ахир аз Русия ихроҷ шуда буданд.

Лутфия Абдулхолиқзода гуфт, онҳо ба Русия ҳуҷҷатҳое пешниҳод карданд, ки нишон медиҳад, 730 донишҷӯ беасос хориҷ шудаанд. “Баъди ин аз ҷониби Русия пешниҳод шуд, ки тайёр ҳастанд 730 нафарро қабул кунанд."

Вале ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат аллакай қисми зиёди ин ин донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии кишвар интиқол ёфта, таҳсилро идома медоданд ва "нахостанд ба Русия баргарданд”.

Солҳои ахир шикоят аз мушкил шудани вуруди донишҷӯён ба ҳудуди Русия зиёд аст. Аксаран донишҷӯёни тоҷик ҳангоми бозгашт аз таътил ба Русия ё марзро гузашта наметавонистанд ё ба донишгоҳ роҳ намеёфтанд. Мақомоти кишвар гуфта буданд, Русия сабаби рондани донишҷӯёнро шарҳ намедиҳад.

Ин дар ҳолест, ки донишҷӯён муҳоҷирони корӣ ба шумор намераванд ва тибқи созишномаи дуҷониба ба донишгоҳҳои Русия пазируфта мешаванд.

Трамп аз Путин хост, як ҳафта аз ҳамла ба Киев худдорӣ кунад

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ба далели сардиҳои бесобиқа аз раисҷумҳури Русия хостааст, ки давоми як ҳафта аз мушакборон ва зарба ба Киеву шаҳрҳои дигари Украина худдорӣ кунад.

Ба гуфтаи вай, Владимир Путин ин пешниҳодро қабул кардааст. Президенти Амрико дар ин бора дар ҷаласаи кобинаи вазирон, дар Кохи Сафед хабар дод. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аз ин ташаббуси Доналд Трамп истиқбол ва миннатдорӣ кардааст.

Вай дар шабакаи Х навишт, ки барқ ё энергетика дар шароити кунунӣ барои ҳифзи ҷони одамон муҳим аст. Трамп ҳамчунин гуфт, дар музокироти сулҳи миёни Русия ва Украина "пешрафти зиёд" ба даст омадааст.

Субҳи рӯзи панҷшанбе Алексей Гончаренко, вакили порлумони Украина бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки миёни Амрико, Украина ва Русия як созиши сеҷониба дар мавриди "оташбаси энергетикии панҷрӯза" ба даст омадааст. Бар асоси ин созиш ҷонибҳои даргир бояд аз ҳамла ба зерсохтҳои энергетикии якдигар худдорӣ кунанд.

Дар ноҳияи Ҷомӣ як қисми замин фурӯ рафт

Фурӯравии замин. Акс аз ҷойи воқеа. 30 январи соли 2026.
Фурӯравии замин. Акс аз ҷойи воқеа. 30 январи соли 2026.

Дар натиҷаи фурӯравии замин як қисмати роҳ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вайрон шудааст. Дар наворҳое, ки сокинон ба Радиои Озодӣ фиристоданд дида мешавад, як қисмати роҳи мумфарш ё мошингард фурӯ рафтааст.

Аз идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ҷомӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса 28-уми январ рух дода, 85 метр роҳи байни деҳаҳои Ғалаба ва Бӯстон фурӯ рафтааст.

Абдулмалик Боймаҳмадзода, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 30-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин роҳ аҳамияти маҳаллӣ дорад ва дар қисмати “мавзеъҳои хавфнок” дохил мешавад.

Ба гуфтаи ин масъул заминҳои атрофи ин роҳ қаблан ҳам фурӯ рафтаанд ва ин дафъа ба ин қисмати роҳ расидааст. Ин масъули идораи ҳолатҳои фавқулода гуфт, феълан барои равуои мардум аз дигар самт роҳ дуруст кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки дар ин ноҳия заминҳо фурӯ мераванд. Рӯзи 8-уми майи соли 2021 дар натиҷаи лағжиши хок дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даҳҳо хонаву киштзорҳои васеъ вайрон шуд. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт, вале 15 хона ва 100 гектар замин пурра вайрон шуданд.

Вазир: 9 ҳазор хонандаи мактаб аз Русия ба Тоҷикистон баргаштанд

Соли гузашта зиёда аз 9 ҳазор хонандагони мактаб аз Русия ба Тоҷикистон баргаштанд ва дар мактабҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ин оморро Вазири маорифи Тоҷикистон 30-юми январ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ баён кард.

Ба гуфтаи вазир Раҳим Саидзода, “ҳамаашонро зери назорат гирифтем, инҳо фарзандони мо ҳастанд, вақте муроҷиат карданд ҷобаҷо кардем”.

Бо тағйири сиёсати муҳоҷират дар Русия тартиби қабули кӯдакони муҳоҷир ҳам ба мактабҳо душвортар шуд. Ҳоло онҳо бе супурдани имтиҳони забони русӣ ҳаққи таҳсил надоранд.

Ҳамчунин худи муҳоҷирон ҳам бояд қонунӣ будани будубоши худро дар ин кишвар исбот кунанд. Ин маҳдудиятҳо сабаб шуда, ки сентябри соли гузашта беш аз 87 дар сади фарзандони муҳоҷиро дар Русия аз мактаб берун монданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG