Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар рейдҳои зидди муҳоҷирон 22 нафаре пайдо шудааст, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд


Дар пайи рейду тафтишҳо дар вилояти Свердловски Русия 900 муҳоҷири меҳнатиро дар қайди ҳарбӣ гузоштаанд. Комисариатҳои ҳарбӣ дар ин минтақа маҳз бо ҳамин ҳадаф миёни хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро доранд, амалиёт гузаронида, онҳоро тафтиш кардаанд.

Хабаргузории “Интерфакс” бо истинод ба Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, соли 2024 дар вилояти Свердловск ба беш аз 1000 муҳоҷир даъватномаи ҳарбӣ додаанд. Аз 920 муҳоҷире, ки ба қайди ҳарбӣ гирифта шудаанд, 130 нафар аллакай дар артиши Русия ба хидмати ҳатмӣ ё қарордодӣ шурӯъ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Русия дар пайи рейдҳои чанд рӯзи ахир эълон карданд, ки садҳо муҳоҷир аз Маскав хориҷ хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Русия, зимни амалиёту санҷиш дар сохтмону манзил ва анбору коргоҳҳои дигари муҳоҷирон дар Маскав садҳо мавриди қонуншиканиро ошкор карда, иддаеро ба ҷавобгарӣ кашиданд.

Тавре аз навори нашркардаи пулис мушоҳида мешавад, акнун дар Русия занони муҳоҷирро ҳам мисли асирони ҷанг даст ба кифти ҳам қатор намуда, намоишкорона ба боздоштгоҳ интиқол медиҳанд.

Нерӯҳои амниятӣ беш аз 10 ҳазор иншоотеро ошкор кардаанд, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ кор, зиндагӣ ва истироҳат мекунанд. Пулис аз 6 ҳазор мавриди қонуншиканӣ дар самти муҳоҷират ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани ҳудуди панҷсад корфармо хабар додааст.

Хавфи “депортатсия” аз Маскав ба садҳо муҳоҷири корӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, дар ҷараёни рейдҳо 22 нафарро пайдо кардаанд, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд. Ситоди ин идора дар Маскав барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 192 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мақомоти пойтахт тасмим гирифтанд, ки беш аз 800 муҳоҷирро хориҷ кунанд.

Дар Красноярск, пулис ба муҳоҷирони боздоштшуда пешниҳод кардааст, ки барои дарёфти шаҳрвандӣ бо Вазорати дифоъ қарордод имзо кунанд. Ба навиштаи телеграмм канали “Осторожно, новости” кормандони пулис рӯзи 8-уми апрел дар корхонаи чубу тахта ва анбори сабзавот рейд гузаронданд ҳуҷҷатҳои 32 нафарро тафтиш карданд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои дохилӣ навореро нашр кард, ки дар он корманди пулиси Красноярск ба муҳоҷирони дасгиршуда пешниҳод мекунад бо Вазорати дифоъ қарордод баста бо адои хидмати ҳарбӣ соҳиби шиносномаи Русия шаванд. Дар хабар гуфта нашудааст, ки чӣ теъдоде аз муҳоҷирони дастгиршуда ба ин пешниҳод розӣ шуданд.

Боздошту тафтиши муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия пас аз ҳамла ба "Крокус" шадидтар шуд. Ахиран Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз афзоиши мавридҳои бегонаситезӣ ва поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Масъулони созмони байнулмилалӣ рӯзи 5-уми апрел дар изҳороте гуфтанд, баъд аз як ҳафтаи ҳамла парвандаҳои вобаста ба нақзи қонуни муҳоҷират дар додгоҳҳои Русия "70 дарсад зиёд шуд".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG