Дар чанд ҷумла
Боздошти як марди тоҷик барои то дами марг задани ҳамсараш
Маъмурони милиса дар Тоҷикистон як сокини 38-солаи шаҳри Ваҳдатро дастгир кардаанд.
Вай барои задан ва ба марг расондани ҳамсараш муттаҳам аст. Дар ҳоле ки назари мард ва пайвандонаш дастрас нест, мақомот рӯзи 28-уми май гуфтанд, ӯ ҳамсарашро ба сабаби рашк латукӯб намудааст. Ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ рӯй додааст. Ҷое, ки ба иттилои расмӣ зану шавҳар ба таъмири як хона машғул буданд. "Дар натиҷа, зан ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ҳангоми бурдан ба хонааш дар роҳ ҷон додааст," – хабар доданд дар Вазорати корҳои дохилӣ. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Белгия моҳи марти имсол гуфт, бо вуҷуди қабули барномаҳои зиёд, ҳукумати Тоҷикистон натавонистааст пеши бадрафториву зулму ситамро ба занон бигирад. Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар маълум кардааст, ки ҳар дувумин зани тоҷик дар як давраи умри худ латукӯб шуда ё таҳти фишори равониву иқтисодии шавҳар ё аъзои дигари оила мондааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Боздошти Эндрю Виндзор, бародари шоҳи Бритониё
Эндрю Маунтбеттен-Виндзор, бародари шоҳи Бритониё Карл (Чарлз)-и III, боздошт шудааст. Ба гузориши Би-би-сӣ ва Sky News, маъмурони пулис дар Сандрингем дар Норфолк, ки шоҳзодаи собиқи 66-сола дар он ҷо мезист, дида шуданд.
Пулис дар изҳороте гуфт, ӯ ба суистифода аз мақом гумонзад ва феълан дар боздоштгоҳ аст. Таҳқиқи парванда идома дорад.
Пештар созмони зиддисалтанатии "Republic" аз пулис хоста буд, ки иддаои суистифода аз мақом ва вайрон кардани қонуни сирри давлатиро аз ҷониби шоҳзодаи собиқ Эндрю бисанҷад.
Тибқи ҳуҷҷатҳои парвандаи сармоягузори амрикоӣ Ҷеффри Эпштейн, шоҳзодаи собиқ ба ӯ дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ маълумоти пинҳонӣ ва дар бораи сафарҳояш ба Сингапур, Ҳонконг ва Ветнам гузориш додааст. Худаш ин иддаоро намепазирад.
Шоҳи Бритониё дар соли 2025 бародараш Эндрюро аз унвону имтиёзҳояш маҳрум кард.
Вазорати адлияи Амрико се миллион саҳифа аз ҳуҷҷатҳои сармоягузор Ҷеффри Эпштейнро дастраси умум гардонд, ки соли 2019 дар маҳбас худкушӣ кардааст. Аъмоли Эпштейн бо ҷурми қочоқи ҷинсии ноболиғон тафтиш мешуд.
Раҳбари пешини Куриёи Ҷанубиро ба ҳабси абад маҳкум кардаанд
Дар Куриёи Ҷанубӣ раисҷумҳури пешин Юн Сок Ёлро ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд. Додгоҳе дар Сеул рӯзи 19-уми феврал ӯро ба ташкили ошӯб ва берун рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ гунаҳкор донист.
Юни 65-сола иттиҳомҳоро рад кардааст. Ӯ гуфт, президент ҳақ дорад қуюди ҳарбӣ ҷорӣ кунад ва он замон барои он ки ҳизбҳои сиёсӣ пеши роҳи кори ҳукуматро нагиранд, чунин қарор қабул кард.
Ҳодиса моҳи декабри соли 2024 рух дод. Пас аз ихтилофҳои тӯлонии президент бо мухолифон дар порлумон, Юн Сок Ёл вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ кард ва гуфт, дар ин муддат барпо кардани эътирозу раҳпаймоиҳо манъ аст. Қарор боис ба эътирозҳои сартосарӣ шуд ва баъди шаш соат президент маҷбур шуд қарорро бекор кунад.
Дар умум зидди президенти собиқи Куриёи Ҷанубӣ ҳашт парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Моҳи январи имсол ӯро барои мудохила ба кори низоми додгустарӣ ба 5 сол ҳабс маҳкум карданд.
Юн Сок Ёл моҳи майи соли 2022 раисҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ интихоб шуда, дар баҳори соли 2025 аз мақомаш барканор гардид.
Ҳамроҳи президенти собиқ чанд мақомдори пешини Куриёи Ҷанубӣ, аз ҷумла вазири собиқи дифоъ ба 30 сол, собиқ фармондеҳи идораи иктишофӣ ба 18 сол ва собиқ раиси полис ба 12 соли ҳабс маҳкум шуданд.
Ҳушдори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз қаллобон
Дар пасманзари шикоятҳо аз зиёд шудани тамоси қаллобон ба муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, Хадамоти алоқа аз сокинон даъват кардааст, ки эҳтиёткор бошанд.
Хадамот 18-уми феврал дар изҳороте гуфт, ашхоси номаълум худро корманди бонк, оператори ширкатҳои мобилӣ ё шахси шинос нишон дода, бо баҳонаҳои гуногун аз муштариён коди SMS, рақами корти бонкӣ ва дигар маълумоти махфиро талаб мекунанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи Хадамоти алоқа, "баъзе қаллобон бо баҳонаи танзими интернети 4G ё 5G дар телефонҳо занг зада, кӯшиш мекунанд маълумоти шахсӣ ё коди тасдиқиро гиранд".
Мақомот мегӯянд, дар сурати гирифтани рақам ё коди махфӣ аз муштариён қаллобон метавонанд ба корти бонкӣ ва ҳамёни мобилии шахс дастрасӣ пайдо карда, маблағҳои онро азхуд кунанд.
Дар изҳороти Хадамоти алоқа омадааст, ширкатҳои мобилӣ ҳеч гоҳ аз муштариён рамзи тасдиқ ё (SMS-код), рақами корти бонкӣ ва рамзи махфии барномаи насбшуда дар телефонро намепурсанд.
Хадамоти алоқа аз сокинон даъват кардааст, ки ба занг ва паёмакҳои шубҳанок ҷавоб надиҳанд, пайванд ё "ссилка"-ҳои шубҳанокро накушоянд ва барномаҳои номаълумро дар телефон насб накунанд.
Ҳафтаи равон чандин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамоси шахсони ношинос ва талаб кардани рамзи паёмак шикоят карданд.
Ба гуфтаи муштариён, афроди ношинос аз хориҷӣ, аз ҷумла аз Қирғизистон ва Русия занг зада, бо баҳони танзими интернети 5G рамзи паёмаки ирсолшударо мепурсанд.
Кумитаи дин мегӯяд, ифторро манъ накардааст
Кумитаи дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон сарусадоҳо дар бораи манъ ё маҳдуд шудани маъракаи ифторро дар кишвар рад карда гуфтааст, ин "хабару овозаҳо асоси воқеӣ надоранд".
Дар вокуниши Кумита аз рӯзи 18-уми феврал омадааст, танҳо аз сокинон даъват мекунанд, ки дар вақти гузарондани маъракаи ифтор "ба исрофу зиёдаравӣ роҳ надиҳанд".
Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои мусалмоннишин афроди доро дар моҳи Рамазон маъракаи ифтор гузаронда, ба шахсони рӯзадор ғизо медиҳанд.
Ҳафтаи гузашта хабаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки гӯё бар асоси қонуни танзими ҷашну маросим маъракаи ифтор дар Тоҷикистон манъ шудааст.
Кумитаи дин ва танзими анъана бо радди ин хабарҳо мегӯяд, ифтор манъ нест, аммо сокинон метавонанд ба ҷойи густурдани хони бодабдаба таомро ба афроди ниёзманд фиристанд.
Моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 19-уми феврал фаро расида, то 20 март идома мекунад.
Al-Jazeera: Ҳузури беш аз 500 зодаи Осиёи Марказӣ дар амалиёти Исроил дар Ғазза
Бино ба гузориши телевизиони "Al-Jazeera", дар амалиёти низомии Исроил дар Навори Ғазза ҳазорон хориҷӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумули Тоҷикистон ширкат кардаанд.
Телевизиони мазкур рӯзи 15-уми феврал дар як гузориши таҳлилӣ гуфтааст, бахши зиёде аз ин сарбозони Артиши Исроил шаҳрвандии дугона доштаанд ва дар байни онҳо шаҳрвандони Амрико, Фаронса, Бритониё, Олмон, Украина, Русия ва кишварҳои дигар ҳастанд.
Бар асоси феҳрасти хориҷиёне, ки дар амалиёти Исроил дар Навори Ғазза ширкат кардаанд,
- 264 нафар аз Узбекистон,
- 189 нафар аз Қазоқистон,
- 52 нафар аз Қирғизистон,
- 31 нафар аз Туркманистон ва
- 8 нафар аз Тоҷикистон будаанд.
Дар гузориш омадааст, дар миёни 264 шаҳрванди Узбекистон намояндагони 5 миллат ҳастанд. Ҳарчанд дар гузориш аз кадом миллат будани онҳоро зикр накардаанд, вале муаллифон гуфтаанд, онҳо шаҳрвандии Исроилро ҳам доранд.
Гурӯҳи аз ҳама бузург, ё аз 12 то 13 ҳазор нафарро низомиёне ташкил медиҳанд, ки шаҳрвандии Амрикоро доранд. Шумори шаҳрвандони Фаронса ва Русия низ қобили таваҷҷӯҳ буда, аз 5 то 6 ҳазор нафар гуфта мешавад. Теъдоди шаҳрвандони Бритониё, Олмон ва Украина бештар аз 1000 нафар будааст.
Муаллифони гузориш гуфтаанд, ки як бахши ин сарбозони хориҷӣ дар артиши Исроил ба таври доимӣ хидмат мекунанд ва бахши дигар пас аз шиддат гирифтани муноқиша дар Навори Ғазза ба Исроил омадаанд.
Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, борҳо ба шаҳрвандони худ ҳушдор додаанд, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат накунанд, зеро барои ширкат дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё ҷанг дар кишварҳои дигар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.
Зеленский гуфт, 2 ҳазор кӯдаки украиниро баргардондаанд
Раисҷумҳури Украина гуфт, то ин дам ду ҳазор кӯдаки украинӣ аз Русия ва қаламравҳои ишғолкардаи ин кишвар баргардонда шудаанд, аммо ҳазорҳо нафари дигар то ҳол дар асоратанд.
Владимир Зеленский 17-уми феврал дар саҳифааш дар шабакаи "Х" бозгардондани онҳоро "натиҷаи кӯшиши ҳаррӯзаи мардум, созмонҳои иҷтимоӣ ва шарикони байнулмилалӣ" донист.
Вай афзуд, "аз ҳамаи онҳое, ки дар ин мубориза барои ояндаи фарзандони мо, кишвари мо ва тамоми ҷаҳони озод саҳм гузоштаанд, сипосгузорем.”
Ба гуфтаи раисҷумҳури Украина, “роҳи пеши рӯ дарозу душвор аст. Ҳазорҳо кӯдаки украинӣ то ҳол дар асорати Русия ҳастанд ва ҳар рӯз қурбонии ҷинояти онҳо мешаванд. Вале то даме, ки ҳар кӯдаки украинӣ ба ватан барнагардад, ором намеистем.”
Аз замони таҷовузи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, Маскав ба бурдани тақрибан бист ҳазор кӯдак аз минтақаҳои Украина ба қаламрави худ айбдор карда мешавад.
Киев мегӯяд, Русия ин кӯдаконро маҷбур кардааст, ки шаҳрвандии ин кишварро бипазиранд. Русия мегӯяд, ҳадафаш таъмини амнияти кӯдакон аст ва дар сурати муайян шудани хешовандон онҳоро бармегардонад.
Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар соли 2023 дар пайванд ба маҷбурӣ бурда шудани ҳазорҳо кӯдаки украинӣ амри боздошти президенти Русия Владимир Путин ва Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакони ин кишварро содир кард.
Шӯрои уламои Тоҷикистон тағйири рӯзи аввали моҳи Рамазонро рад кард
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ягона ниҳоди содиркунанда фатво дар кишвар, сарусадо дар бораи тағйири рӯзи аввали моҳи Рамазонро рад кардааст.
Шӯрои уламо шоми 17-уми феврал дар вокунише навишт, "мувофиқи далелҳои илмӣ" имсол 19-уми феврал рӯзи аввали моҳи Рамазон аст.
Ин эълон дар ҳолест, ки баъзе кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар, Баҳрайн, Судон ва Кувайт 18-уми февралро рӯзи аввали моҳи Рамазон эълон карданд.
Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳанӯз 10-уми феврал рӯзи аввали моҳи Рамазонро эълон карда буд.
Тибқи ривоятҳои исломӣ, фаро расидани Рамазон баъди дидани моҳи нав эълон карда мешавад.
Бар асоси эълони Шӯрои уламо, имсол нисоби закот дар Тоҷикистон 64 ҳазор сомонӣ таъйин шудааст ва аз ин пул бояд 1600 сомонӣ закот дода шавад.
Фитри рӯза барои як нафар 7 сомонӣ ва барои шахсоне, ки имкони молии бештар доранд 72 сомонӣ муқаррар шудааст.
Шӯрои уламо барои касоне, ки наметавонанд рӯзаи моҳи Рамазонро бигиранд, 420 сомонӣ барои 30 рӯз фидя муқаррар кардааст.
Намояндагони Русия, Украина ва ИМА дар Женева мулоқот карданд
Намояндагони Русия, Украина ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 17-уми феврал дар шаҳри Женева вохӯрда, роҳҳои поёни қатъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд.
Нишаст бидуни ҳузури расонаҳо баргузор шуд. Дар назар аст, ки ин музокирот 18-уми феврал низ идома кунад.
Рустам Умаров, дабири Шӯрои амнияти миллии Украина ва роҳбари ҳайати ин кишвар гуфт, дар рӯзи аввали гуфтугӯ "роҳҳои ҳалли имконпазир"-и ҷанг баррасӣ шуд.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, музокироти рӯзи аввал қариб 6 соат идома кард. Барои расонаҳо ягон изҳорот дода нашуд.
Манобеи расонаи "Интерфакс" дар ҳайати музокиракунандаи Русия гуфтаанд, гуфтугӯҳо "бисёр вазнин гузаштанд".
Манобеи Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтаанд, қарор аст 18-уми феврал аз натиҷаи музокирот изҳороти расмӣ пахш шавад.
Даври аввали музокироти намояндагони Русия ва Украина бо миёнҷигарии Амрико охири моҳи январ дар шаҳри Абу-Дабӣ баргузор шуда буд
"Барқи тоҷик" аз сабук шудани "лимит" дар моҳи Рамазон хабар дод
Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, маҳдудият ё "лимит"-и барқ барои аҳолӣ дар моҳи Рамазон сабуктар мешавад.
Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" 18-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзи 19-уми феврал сокинони кишвар аз соати 15 то 8-и рӯзи баъд бо барқ таъмин хоҳанд шуд.
Манбаъ мегӯяд, давоми як моҳи Рамазон интиқоли барқ ба манзили сокинон танҳо аз соати 8 субҳ то 15 қатъ мешавад.
Феълан сокинони Тоҷикистон аз соати 5 то 8 ва аз 17 то 21-и шом барқ бо барқ таъмин ҳастанд.
Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 19-уми феврал оғоз шуда, то 20 март идома мекунад.
Сарфи назар аз зиёд шудани истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон, ҳамасола беш аз нисфи мардуми Тоҷикистон аз миёнаҳои моҳи сентябр то поёни апрел дар як шабонарӯз ҳамагӣ 6-7 соат барқ доранду халос.
Онҳо ин вазъро хеле вазнин ва машаққатовар меноманд.
Мақомоти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки соли 2027 кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад ва маҳдудияти барқ аз байн хоҳад рафт.
Ҳарчанд бархеҳо ба ин чиз шубҳа доранд.
Русия паёмрасони WhatsApp-ро комилан бастааст
Кремл рӯзи 12-уми феврал эълом кард, ки WhatsApp-ро дар Русия пурра баста, дастрасиро ба маъмултарин барномаи паёмнависии ин кишвар барои миллионҳо корбар қатъ кардааст.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт, барномаи паёмнависии амрикоӣ, ки ба ширкати Meta тааллуқ дорад, намехоҳад қонунҳои Русияро риоя кунад ва ба сокинони Русия пешниҳод кард, ки аз паёмрасони давлатии ин кишвар бо номи “МАX” истифода баранд. Мунтақидон ин паёмрасонро як воситаи назорат ном мебаранд. Мақомоти Русия инро рад мекунанд.
Бастани WhatsApp авҷи фишори шашмоҳа ба Мета аст, ки аллакай дар Русия созмони ифротӣ эълон шудааст. Ин кӯшиши густардаи Кремл барои эҷод ва назорати зерсохтори мухобиротиро нишон медиҳад, ки дар он ширкатҳои хориҷӣ ба қонунҳои маҳаллӣ итоат мекунанд ё аз байн бурда мешаванд.
Мета дар изҳороте гуфтааст, ки дар Русия 100 миллион корбар дорад. Ширкат ин иқдомро "қадаме ба ақиб" номид, ки "ба амнияти мардуми Русия зарба мезанад”.
Як сокини Маскав гуфт, ки онҳо аллакай ба паёмрасони давлатӣ гузаштанд.
Баъзеи дигар изҳори ноумедӣ карданд. Як зан бе зикри номаш гуфт: "Ман ба ин масъала муносибати комилан манфӣ дорам ва инро поймоли ҳуқуқи бунёдӣ мешуморам.”
Баъзе доменҳои марбут ба WhatsApp аз феҳристи миллии Русия бароварда шуданд. Акнун корбарон дар дохили Русия метавонанд танҳо бо истифода аз барномаҳои филтршикан ё VPN ба WhatsApp дастрасӣ ёбанд.
Мақомоти давлатии танзими мухобирот дар Русия мавзуъро шарҳ надод.
Ин иқдом чанд рӯз пас аз он сурат гирифт, ки Русия эълон намуд, дар барномаи паёмнависии Telegram маҳдудиятҳои бештар ҷорӣ хоҳад кард. Дар ин паёмрасон зангҳои садоӣ ва видеоӣ аз моҳи август баста шуда, дар авоили ҳамин ҳафта корбарон аз тамоман суст шудани кори Телеграм шикоят карданд.
Додгоҳи Чеченистон ба бозбинии ҳукми Зарема Мусоева ризоят дод
Додгоҳи олии Чеченистон аризаи Зарема Мусоева, модари мухолифони ҳукумат – бародарон Абубакр ва Иброҳим Янгулбоевҳоро дар бораи бозбинии ҳукмаш қонеъ кард.
Дар ин бора “Гурӯҳи зидди шиканҷа”, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, хабар дод. Додситон ҳам дархости вакилони мудофеъро барои бекор кардани ҳукм ҷонибдорӣ намудааст. То мурофиаи нави додгоҳӣ Мусоева дар боздоштгоҳ мемонад.
Ин зани 55-соларо моҳи августи соли 2025 бо иттиҳоми ҳамла ба корманди зиндонҳо ба 3 солу 11 моҳ маҳбаси сукунатӣ маҳкум карданд. Ӯ гуё ба рӯйи корманди зиндон шаппотӣ зада, рутбаашро кандааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳеч шоҳид ин саҳнаро надида ва худи зан ҳам ҳодисаро пурра рад кардаву ғайривоқеӣ номидааст.
Зарема Мусоева ҳамсари собиқ додраси додгоҳи федеролӣ Сайдӣ Янгулбоев ва модари бародарон Янгулбоевҳо ҳаст, ки солҳои дароз ҳукумати Рамазон Қодировро интиқод мекунанд.
Мусоева моҳи январи соли 2022 зӯран аз Нижний Новгород ба Чеченистон бурда шуд. Вайро соли 2023 дар шаҳри Грозний барои хушунат алайҳи ходими полис ва тақаллуб ба панҷуним сол зиндон маҳкум карданд. Дертар ҳукмро кам карданд ва аз рӯи парвандаи аввал ӯ моҳи марти соли 2025 озод мешуд.
Зарема Мусоева аз бемории қанд, дарди чашм ва касалиҳои дигар азият мешавад. Дар маҳбас аҳволи ӯ бисёр бад шуда, ҳоло бо асо ҳам басахтӣ роҳ меравад.
Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва ниҳодҳои қудратии Туркманистон
Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон, дар як тағйироти калони кадрӣ дар ҳукумат ва ниҳодҳои қудратии кишвараш шахсони навро таъйин намудааст.
Ба навиштаи Бахши туркмании Радиои Озодӣ, рӯзи 13-уми феврал ба ҷойи вазири амнияти миллии Туркманистон Назар Отагараев генерал-майор Давлатгелдӣ Мередов таъйин шуд.
Ба иттилои манбаъ, мушовир дар бахши нафту газ Ашӯрқулӣ Беглиев, муовинони нахуствазир Ботир Амонов ва Байрамгул Ораздурдиева ва вазири тандурустӣ Мурод Мамедов аз мақомҳояшон гирифта шуданд.
Ҷудо аз ин, дар ҳукумати Туркманистон сохтори нав – Вазорати роҳҳои мошингард таъсис гардид.
Бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, ин тағйироти кадрӣ дар ҳолест, ки дар Туркманистон соли 2025 маоши кормандони буҷавӣ тағйир наёфт ва ҳатто афзоиши ҳарсолаи 10-дарсадии даромад ҳам сурат нагирифт.
Таъкид мешавад, шахсоне, ки ба ҷойи мақомдорони барканоршуда соҳиби вазифа шуданд, барои ҷомеа чандон ошно нестанд ва собиқаи кории онҳо ҳам барои бисёриҳо номаълум мемонад.
Рубен Варданян дар Озарбойҷон ба 20 сол зиндон маҳкум шуд
Додгоҳи ҳарбӣ дар шаҳри Боку Рубен Варданян, соҳибкор ва вазири собиқи Қаробоғи Кӯҳиро ба 20 сол зиндон маҳкум кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии Озарбойҷон хабар дод.
Варданянро аз рӯи 40 иттиҳом, аз ҷумла маблағгузории терроризм, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ, ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад ва куштору ғасби пурхушунати қудрат гунаҳкор кардаанд. Худи Варданян ин иттиҳомҳоро намепазирад.
Додситон пештар хоста буд, ӯ ба ҳабси абад маҳкум шавад.
Рубен Варданянро рӯзи 27-уми сентябри соли 2023, ҳангоми талоши баромадан аз Қаробоғи Кӯҳӣ, дар сарҳади Арманистон боздошт карданд. Он замон ин минтақа пурра Нерӯҳои Озарбойҷон дар ҷанги соли 2020 як бахше аз Қаробоғи Кӯҳиро зери назорат гирифтанд. Ин минтақа дар даргирии соли 2023 пурра таҳти итоати Озарбойҷон даромад..
Мурофиаи додгоҳӣ алайҳи раҳбарияти минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ моҳи январи соли 2025 шуруъ шуд. Варданян чанд бор гуфт, ки тафтиш ва мурофиа бо мавридҳои фаровони поймоли қонун ҷараён дорад. Ӯ дар боздоштгоҳ ду дафъа гуруснанишинӣ кард.
Ҷониби Озарбойҷон мегуфт, ҳуқуқи айбдоршаванда ва забоне, ки ӯ ба он гап мезанад, риоя шудааст.
Рубен Варданян муассиси ширкати брокерии "Тройка Диалог" ва мактаби тиҷоратии "Сколково" як замоне ба феҳристи шахсони сарватмандтарини Русия ворид буд. Вай соли 2022 аз шаҳрвандии Русия даст кашида, ба Қаробоғи Кӯҳӣ кӯчид.
Мақомоти Озарбойҷон инро ба шиддат танқид карда, гуфтанд, ки Варданян ба гуфтугӯи сулҳи миёни Арманистону Озарбойҷон, ки бо миёнравии Маскав соли 2020 ба даст омада буд, халал мерасонад.
Садҳо қарорро дар бораи тақсими замин дар Кӯлоб нодуруст баровардаанд
Додситони минтақаи Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки танҳо дар соли 2025 садҳо қарори раисони шаҳру ноҳияҳоро дар бораи тақсими замин нодуруст бароварданд.
“Дар соли 2025 ба 416 қарори замин ва дар соли 2024 ба 318 қарори ғайриқонунӣ дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин эътироз оварда шуд,” – гуфт Ҳамзаалӣ Музофиров.
Ин қарорҳоро раисони шаҳру ноҳияҳо имзо кардаанд, вале маълум нест, ки оё касе ҷазо гирифтааст ё не.
Намояндагони додситонӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, баъзе аз қазияҳо солҳо боз давом доранд.
“Аксари эътирозҳо дар ноҳияи Муъминобод ҳаст. Баҳси хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки муддати чанд сол давом доранд. Эътирозҳо вобаста ба роҳу қитъаи замин ҳам ҳаст,” – шарҳ дод Шавкат Мадохиров, намояндаи Додситонии минтақаи Кӯлоб.
Чунин баҳс дар кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фархор ҳам вуҷуд доштааст. Дар ин кӯча хонаи нимсохти баъзе аз сокинонро аз байн бурда, парвандаи чандеро ба додгоҳ фиристодаанд.
Давлаталӣ Амирзода, додситони ноҳияи Фархор, гуфт, "мо ба қарори раиси ноҳия 14 эътироз овардем. Ҳамаашон бекор шуданд. Манзилҳои истиқоматӣ, ки то ба охир расонда нашуда буд, бартараф карда шуданд. Ҳамагӣ се ё чаҳор манзили дигар, ки нотамом аст, дар ҳоли баррасӣ ҳаст."
Омори Идораи замини минтақаи Кӯлоб аз маълумоти додситонӣ фарқ дорад. Юсуф Саидзода, раиси Идораи замин дар минтақаи Кӯлоб гуфт, “тибқи маълумот, 267 эътироз шудааст ва аз ин миқдор 38-тояш ба қонун мутобиқ карда шудааст.”
Замин дар Тоҷикистон моликияти давлат аст ва тақсими онро ниҳодҳои давлатӣ ба дӯш доранд. Бо сабаби кам будани замин ва зиёд будани довталабони он ҷараёни тақсими замин бо мушкилот, аз ҷумла гоҳо олуда бо фасод пеш меравад.
Дар гузашта ҳам даҳҳо мансабдор барои тақсими нодурусти замин аз вазифа барканор шудаанд.
Додситон гуфт, 405 тан баъди гузоштани "лайк" муҷозот нашуданд
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2025-ум 405 нафар дар зери маводи мамнӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ишораи писанд ё "лайк" гузоштанд, аммо бар асоси қонуни нав аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданд.
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул, 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, нисбат ба ин афрод эзоҳи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноӣ татбиқ ва "онҳо аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шуданд".
Моҳи майи соли 2025 ҷазои ҷиноӣ барои "лайк"-гузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бекор шуд. Ангушт задан ба аломати "писанд" ё "лайк" дар зери матлабҳои интернетӣ қаблан садҳо касро ба зиндон бурда буд.
Додситони кулли Тоҷикистон 13-уми феврал гуфт, дар пайи бекор шудани ҷазо барои гузоштани “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, содиршавии ҷиноятҳои марбут ба ифротгароӣ назар ба як соли пеш 314 адад ё 23 дарсад кам шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз якуним ҳазор кас барои гузоштани "лайк" ва навиштани шарҳ дар зери матлабҳои, ба гуфтаи мақомот, "дорои хусусияти ифротӣ", ҷазо гирифтаанд.
Вакилони порлумони Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2018 дар пайи ислоҳи Кодекси ҷиноии кишвар дар қонунгузорӣ "сафедкунии оммавии терроризм тариқи шабакаи Интернет"-ро ҷурм шинохтанд ва ин меъёр дар миёни мардум бо моддаи ҷазо барои "лайк" маъруф аст.