Дар чанд ҷумла
Беш аз $13 миллиони Бонки ҷаҳонӣ барои "Қамбарота-1"
Бонки ҷаҳонӣ ва Вазорати энержии Қирғизистон 27 май сармоягузории иловагӣ ба лоиҳаи “Дастгирии техникии неругоҳи Қамбарота-1”-ро баррасӣ карданд.
Хадамоти матбуотии вазорат иттилоъ дод, ки сармояи иловагӣ ба лоиҳа 13,6 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 11 миллион доллари он ҳамчун қарзи бефоиз ба муҳлати 50 сол ироа шуда, 2,6 миллион доллари боқӣ грант хоҳад буд.
"Пули ҷудошуда ба сармоягузории чорабиниҳои муҳим барои омода кардани лоиҳаи бунёди неругоҳ равона мешавад", - афзудааст манбаъ.
Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров моҳи ноябри соли 2023 гуфт, кишвараш мехоҳад аз Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди "Қамбарота-1" 500 миллион қарз гирад. Қаблан ин бонк барои неругоҳ 5 миллион доллар ҷудо карда буд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Фавти як ҷавон дар рӯзи ҷашн дар Суғд
Як корманди давлатӣ дар шаҳри Конибодом рӯзи ҳафтуми сентябр дар чорабинии бахшида ба Истиқлолият фавтидааст.
Аз ӯ Хушбахт Акрамов сокини 36 - солаи деҳаи Зарбеди ин шаҳр ном бурда мешавад. Вай тули чанд соли охир ба ҳайси котиби Ҷамоати Пӯлодон кор мекардааст. Дар ин бора чанд манбаъи Радиои Озодӣ хабар доданд.
Як масъули беморхонаи шаҳрӣ бидуни зикри номаш гуфт, ки "Пеш аз гашти низомӣ ҳангоми табрикоти раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода бахшида ба 35 -солагии истиқлолияти давлатӣ ин корманди ҷамоати Пӯлодон аз ҳуш рафт ва зуд ба ёрии таъҷилӣ, ки онҷо истода буд, савор карданд. Дар роҳ бо вуҷуди кумаки аввалия наҷот дода нашуд. Хушбахт Акрамов тули ду моҳ дар омодагии гашти низомӣ фаъолона иштирок мекард. Вале он рӯз беҳол гардид".
Як ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ гуфт, ки у бемории саръ (эпилепсия) дошт ва он рӯз хуруҷ кард. Маҳз ин беморияш сабаби аз ҳуш рафтан ва сипас фавтиданаш гардид.
Хабари даргузашти ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ навиштаанд. Вале сабаби маргаш дар онҷо зикр нашудааст. Аз ӯ ҳамчун ҷавони ватандӯсту хайрхоҳ ва кумакрасони одамон тавсиф кардаанд.
Кувайт дар Тоҷикистон сафорат боз кард
Давлати Кувайт сафорати худро дар Тоҷикистон боз кард ва Муҳаммад Рошид Ал-Амириро ба унвони нахустин сафири худ ба Душанбе фиристод.
Кувайт севумин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс аст, ки намояндагии дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ мекунад. Аз ин қабл, Арабистони Саудӣ ва Қатар сафоратхонаҳои худро дар Тоҷикистон боз карда буданд.
Сафорати навтаъсиси Давлати Кувайт дар Тоҷикистон дар паёме ба муносибати 35-уми солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар, зимни таманниёти нек ба тоҷикистониён, аз омодагии Кувайт барои таҳкими ҳамкорӣ таъкид кард.
"Ифтитоҳи Сафорати Давлати Кувайт дар Душанбе ва оғози фаъолияти намояндагии дипломатии доимии Кувайт марҳилаи муҳиме дар рушди муносибатҳои дуҷониба ба шумор рафта, аз талошҳои ду кишвар барои таҳкими робитаҳои мустақим ва тавсеаи самтҳои ҳамкории муштарак шаҳодат медиҳад",-омадааст дар ин баёния.
Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши иқтисод, фарҳанг ва сармоягузорӣ, ҳамкориҳо доранд.
Дар моҳи ноябри соли 2024 пойтахти Кувайт мизбони конфронс оид ба тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм буд, ки аз ҷониби Кувайт, Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм (UNOCT) ба таври муштарак ташкил шуда буд.
Давлати Кувайт ҳамчунин аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон саҳмгузорӣ кардааст. Фонди кувайтии тараққиёти иқтисоди арабӣ дар моҳи декабри соли 2024, барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" 100 миллион доллар қарз ҷудо кард.
Ҳамчунин дар моҳи июни соли ҷорӣ Бунёди кувайтӣ барои рушди иқтисоди арабӣ бо Вазорати молияи Тоҷикистон барои тарҳи рушди мактабҳо дар Тоҷикистон, ба маблағи 6 миллион динори кувайтӣ (тақрибан 19,2 млн доллари ИМА) созишномаи қарзӣ имзо намуд.
Аз ин пеш ин Бунёд ба Тоҷикистон ба маблағи умумии тақрибан 30 млн динори кувайтӣ барои тарҳҳо дар бахшҳои роҳсозӣ, энержӣ ва обёрӣ, қарз дода буд.
Тоҷикистон ҳам сафорати худро дар Давлати Кувайт дорад. Он дар моҳи январи соли 2013 ифтитоҳ шуда буд.
Таҳқиқ: "$100 млрд" хароҷоти иловагии ҷанги Эрон барои амрикоиҳо
Бар асоси баровардаҳое, ки Донишгоҳи Бровн дар Амрико анҷом додааст, ҷанг бо Эрон барои амрикоиҳо 100 миллиард доллар хароҷоти иловагии энержӣ ба ҳамроҳ доштааст.
Ин маълумот, ки рӯзи 7 сентябр нашр шуд, мегӯяд, ин хароҷот ҳар ду дақиқа як миллион доллар афзоиш меёбад.
Пажӯҳиши "Пайгирии хароҷоти энержии ҷанги Эрон"-ро Маркази Ватсони Донишгоҳи Бровн дар умури байналмилалӣ ва сиёсати умумӣ анҷом додааст.
Ин ниҳод аз замони оғози ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Исроил ба Эрон дар 28 феврали соли ҷорӣ, қимати бензин ва гази моеъро дар Амрико дунболагирӣ кардааст.
Баровардаҳо нишон медиҳад, ки маҷмуи ин хароҷоти изофӣ тақрибан баробари ҳудуди 762 доллар барои ҳар хонавода мерасад, бар асоси тахмин, 131 миллион хонавода дар саросари Амрико.
Афзоиши қимати сӯзишворӣ дар натиҷаи ҷанг, боиси сар задани норизоятиҳое дар Амрико шудааст.
Ҳудуди 20 дарсад аз содироти нафт ва гази ҷаҳон аз тангаи Ҳурмуз убур мекунад. Оброҳае, ки Эрон мегӯяд, онро бастааст, вале ИМА таъкид дорад, ки боз аст.
Бонки миллӣ сиккаҳои тилоии 500 сомонӣ мефурӯшад
Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ба муносибати 35-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, сиккаҳои ҷашни нуқрагин ва тилоиро ба муомила баровардааст.
Танга ва ё сиккаҳои хотиравӣ аз 50 то 500 сомонӣ арзиш доранд. Дар ин тангаҳо нишони давлатии Тоҷикистон ва арзиши он ифода шудааст.
Дар аксҳои ин сиккаҳо, ки Бонки миллӣ нашр кардааст, дар давродаври танга навиштаҷоти «Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ сабт шудааст ва ба гуфтаи бонк: «дар қисмати рости поёни доираи берунӣ иёри филиз Au 999 - тилло, Ag 925 - нуқра ва вазни танга нишон дода шудааст.”
Радиои Озодӣ бо саволи ин ки оё нархи тангаҳои ҷашнӣ чанд аст, ба Бонки миллӣ муроҷиат кард. Як корманди он шарҳ дод, ки нархи фурӯши ҳар танга вобаста аз вазни он таъйин мешавад.
Дар рӯи сиккаи тило ё нуқра вазни он навишта шудааст ва мутобиқ ба нархи ин филизот дар бозори ҷаҳонӣ дар ҳамон рӯз, сиккаҳо ҳам бо ҳамон арзиш фурӯхта мешаванд. Сиккаҳои хотиравӣ бо тасвири «Маҷмааи Истиқлол», манзараҳои Тоҷикистон — кӯҳу пиряхҳо, табиат, роҳу нақб ва неругоҳ таҳия шудаанд.
"Азия Плюс" аз ин пас бо хатти форсӣ ҳам дастрас аст
"Азия-Плюс", яке аз расонаҳои камшумор ва мустақили Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ, бахши форсӣ роҳандозӣ кард.
Ин расона, ки хабаргузорӣ ва нашрияву радио ва маҷаллаҳои дигар низ дорад, гуфтааст, ки ҳадафи асосии нашри матолиб бо хатти форсӣ, «дастрас кардани хабару иттилои муҳим дар бораи рӯйдодҳои Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ба форсизабонони ҷаҳон аст.»
Умед Бобохонов, мудири кулли гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" гуфтааст, ки яке аз ҳадафҳои бахши нав «эҷоди пули иртиботӣ миёни Тоҷикистон ва ҷаҳони форсизабон аст.»
Дар баёнияи «Азия Плюс» омадааст, ин бахш «ба муаррифии паҳлуҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистон, аз ҷумла иқтисод, ҷомеа, адабиёт, илм ва фарҳанг, инчунин имкониятҳои сармоягузорӣ, зарфиятҳои гардишгарӣ ва мероси таърихию фарҳангии кишвар ба форсизабонҳо равона хоҳад шуд.»
"Азия-Плюс", ки дар ибтидо фақат бо забони русӣ хабару гузориш нашр мекард, ҳоло бо ду забон матлабу барномаҳояшро нашру пахш мекунад. “Азия Плюс” танҳо дар cаҳифаҳои худ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар Фейсбук бештар аз 300 000 пайрав дорад.
Футболбозони ҷавони тоҷик ба Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтанд
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо шикаст додани ҳамсолони худ аз Урдун, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳхат гирифт.
Футболбозони ҷавони тоҷик рӯзи 6 август дар даври ниҳомии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиёи -2027, мунтахаби ҷавонони Урдунро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.
Голи ягонаи ин рӯёрӯиро Муҳаммадҷон Исҳоқов дар дақиқаи 55-и бозӣ вориди дарвозаи урдуниҳо кард.
Ҳамин тавр, шогирдони Рустам Хоҷаев бо шаш имтиёз ва садрнишинӣ дар гурӯҳи худ, ба марҳилаи ниҳомии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтанд.
Ҷоми Осиё-2027 миёни мунтахабҳои U-20, соли оянда дар Чин баргузор мешавад.
Дар Душанбе паради низомӣ доир шуд
Рӯзи 7 сентябр дар майдони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе ба муносибати 35-уми солгарди Истиқлоли Тоҷикистон парад ё гузашти низомӣ доир шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ин парад, ки боз ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, ҳазорон низомӣ иштирок карданд.
Ба ин муносибат, субҳи 7 сентябр равуои нақлиёт дар бархе аз хиёбонҳои пойтахт маҳдуд шуд.
Дар назар аст ба муносибати ҷашни истиқлол дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар парадҳои низомӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор шаванд.
Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 ва баъди аз ҳам пошидани Иттиҳоди Шӯравии собиқ истиқлолияти хешро расман эълон кард.
Созиши 5 кишвар барои интиқоли муҳоҷирони бесанад ба берун аз Аврупо
Олмон, Австрия, Юнон, Дания ва Ҳолланд эълон карданд, дар талошанд то поёни соли ҷорӣ бо кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси марказҳои бозгардонидани муҳоҷироне, ки санади иқомати қонунӣ надоранд, ба созиш бирасанд.
Вазирони корҳои дохилии ин кишварҳо рӯзи 4 сентябр дар Копенгаген гуфтанд, дар бораи гомҳои мушаххас барои даст ёфтан ба чунин созише ба тавофуқ расиданд, аммо аз кишварҳои эҳтимолии мизбони ин марказҳо ном набурданд.
Александр Добринт, вазири корҳои дохилии Олмон гуфт, ҳадаф ин аст, ки созиш бо кишварҳои севум дар соли ҷорӣ ниҳоӣ шавад. Ин кишварҳо қарор аст дар поёни моҳи сентябр бори дигар дар Мюнхен ҷаласа баргузор кунанд.
Порлумони Аврупо дар моҳи июн ислоҳотеро дар сиёсати муҳоҷиратии ин иттиҳодия ворид кард, ки раванди ихроҷи муҳоҷиронро метезонад ва таъсиси марказҳои бозгардондан дар берун аз иттиҳодияро мумкин мекунад.
Шӯрои Аврупо ва чанд созмони пуштибони ҳуқуқи башар ҳушдор додаанд, ки чунин марказҳо метавонад ҳуқуқҳои асосии паноҳҷӯёнро нақз кунад. Шӯрои паноҳандагони Дания низ гуфтааст, ки ин тарҳ монеи истифодаи муҳоҷирон аз масирҳои хатарноктаре хоҳад шуд.
Ҳукумати Дания интизор дорад то поёни соли 2027 имкони интиқоли муҳоҷирон ба яке аз ин марказҳоро фароҳам кунад. Мақомҳои панҷ кишвар ҳамчунин гуфтаанд, дар бораи марҳилаҳои баъдӣ бо Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират ва Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, гуфтугӯ хоҳад кард.
Фиристодагони Трамп ба Киев ва Маскав сафар мекунанд
Раисҷумҳури Украина мегӯяд, Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, ду музокиракунандаи баландпояи ҳукумати Доналд Трамп дар рӯзҳои оянда барои гуфтугӯ дар бораи ҷанги Украина ба Киев сафар хоҳанд кард ва қарор аст ҳамзамон музокироте низ дар Маскав дошта бошанд.
Хабаргузории давлатии Русия -- ТАСС рӯзи 4 сентябр ба нақл аз як манбаъ гузориш дод, ки сафари ин ду мақоми амрикоӣ ба Русия ва Украина мумкин аст рӯзҳои шанбе ва якшанбе анҷом шавад, ҳарчанд вақти дақиқи ин сафарҳо ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст.
Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, Русия бо сафари онҳо ба Киев мухолиф аст ва талош мекунад барномаи ин сафарро тағйир диҳад.
Виткофф ва Кушнер дар моҳҳои ахир нақши аслиро дар талошҳои ҳукумати Трамп барои миёнҷигарӣ миёни Русия ва Украина бар ӯҳда доштаанд. Дар сурати анҷоми сафар ба Киев, ин нахустин сафари онҳо ба Украина дар ин чорчӯб хоҳад буд.
Онҳо пештар чанд бор бо мақомҳои Русия гуфтугӯ кардаанд ва охирин бор дар моҳи январ дар Маскав чаҳор соат бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дидор доштанд.
Бо гузашти чаҳоруним сол аз ҷанг, ҳанӯз ихтилофҳои амиқе байни Маскав ва Киев бар сари шартҳои поён додан ба он вуҷуд дорад.
Русия хостори вогузории бахшҳои бештаре аз хоки Украина аст, аммо Киев шартҳоеро, ки ба гуфтаи мақомоти Украина ба маънои таслим шудан бошад, рад мекунад.
Ҳамлаи Русия ба қароргоҳи Хадамоти амнияти Украина
Раисҷумҳури Украина рӯзи 4 сентябр хабар дод, ки як паҳподи русӣ ба қароргоҳи Хадамоти амнияти ин кишвар дар Киев бархӯрдааст.
Владимир Зеленский ваъда дод, ки Украина интиқоми ин ҳамларо хоҳад гирифт. Ӯ бо нашри ин хабар дар Телеграм навишт, "ин паҳпод мустақиман бинои дафтари раиси Хадамоти амниятро ҳадаф гирифтааст".
Раисҷумҳури Украина мегӯяд, ба нерӯҳои ин кишвар дастур додааст, ки "посухе муносиб" ба Русия бидиҳанд ва дар сурати имкон, вақте ҳама чиз омода шуд, вокунише нишон диҳанд, ки "монанди ин ҳамла" бошад.
Ҳамлаи Русия дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии пайвастаи ин кишвар алайҳи Украина дар даҳ рӯзи ахир рух додааст.
Аксҳо ва наворҳои видеоии нашршуда нишон медиҳад, ки пас аз ин ҳамла дуди сиёҳ ва ғализе дар маркази шаҳри Киев ба ҳаво бархост.
Шаҳрдори Киев эълон кард, ки дар ин ҳодиса дастикам ҳафт нафар захмӣ шудаанд. Ҳанӯз маълум нест оё аъзои Хадамоти амниятии Украина низ дар миёни захмиён ҳастанд ё на.
Ин ҳамла дар ҳоле рух дод, ки дар беш аз чаҳоруним соли ҷанг бо Русия, биноҳои давлатии Украина хеле кам ҳадафи ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакӣ қарор гирифтаанд.
Хадамоти амнияти Украина нақши муҳиме дар фаъолиятҳои ҷангии ин кишвар дорад ва амалиёти густурдаеро барои осеб задан ба мошини ҷангии Русия ва зерсохтҳои энержии он дунбол мекунад.
Хадамоти амнияти Украина дар солҳои ахир амалиётҳои ногаҳонӣ ва бепарвоёнаеро алайҳи Русия анҷом додааст, аз ҷумла, бамгузории пуле дар соли 2022, ки Русияро ба нимҷазираи Қрим мепайванд ва ҳамлаи паҳподии соли 2025 бо номи "Тори анкабут", ки бамафканҳои стратегии Русияро дар умқи он кишвар ҳадаф қарор дод.
Хадамоти амнияти Украина ҳамчунин яке аз бозигарони аслӣ дар маъракаи террори махфиёнаи мақомҳои баландпояи низомии Русия ва дигар шахсиятҳо шинохта мешавад, ки Украина онҳоро ба иртикоби "ҷиноятҳои ҷангӣ" муттаҳам кардааст.
Ба Алишер Мирзонабот баъди маргаш мукофоти давлатӣ доданд
Алишер Мирзонабот, собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки чанд моҳ пеш дар як садамаи нақлиётӣ ҷон бохта буд, бо фармони президенти Тоҷикистон бо орден ё нишони Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, қадрдонӣ шудааст.
Ин мукофоти давлатӣ рӯзи 4 сентябр тайи маросиме дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба падари Алишер Мирзонабот супурда шуд.
Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II, яке аз мукофотҳои олии давлатии Тоҷикистон буда, шахсони масъули давлатӣ, ходимони ҷамъиятӣ ва шахсони дигар барои хизматҳои шоиста сарфароз гардонида мешаванд.
Алишер Мирзонабот ва ҳамсару як фарзанди хурдсол ва ёвару ронандааш рӯзи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ бо мошини хидматӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуданд.
Пайкари Алишер Мирзонаботро рӯзи 30-юми июн, ёвару ронандаашро рӯзҳои 25-26-уми июн ва ҳамсараш Амина Амонуллоеваро 3 июл пайдо карда, ба хок супурданд.
Ҷасади Орифа, духтари дусолаи Алишер Мирзонабот, ҳанӯз пайдо нашудааст.
Нақби неругоҳ дар Непал ду нафарро аз марг наҷот дод
Баъди нӯҳ рӯзи фоҷеаи маргбори Непал субҳи 4 сентябр ду сокини ин кишварро аз як нақби нерӯгоҳи барқи обӣ пайдо карданд.
Ҳардуи онҳо бо чархболи низомӣ ба як беморхонаи шаҳри Катманду расонда шуданд.
Онҳоро нӯҳ рӯз баъди фоҷеа дар дохили як нақби гидроэнергетикие ёфтанд, ки дар дарёи Тришули ҷойгир мебошад. Рӯзи 26 август дар натиҷаи афтодани як пораи азими пирях ба кӯли маҳаллӣ дар Непал, обхезии азиме рух дод, ки бинову иморатҳо, роҳу мошину киштзорҳои зиёдро вайрон карду боиси марги садҳо нафар гардид.
Дафтари вазири энержии Непал Бираҷ Бхакта Шрестха дар изҳороте гуфт, ду коргари наҷотёфта аз дохили нақби “Тришулии боло” механикҳо Санҷай Сах ва Кабир Махарҷан мебошанд.
Мақомоти расмӣ ва наҷотбахшон гуфтанд, вақте яхпора дар болооби Тришули афтод, дар дохили нақбҳои шаш муассисаи гидроэнергетикӣ дарё на камтар аз 900 коргар банд монданд.
То ҳол марги 1252 нафар тасдиқ шудааст. Офати табиӣ хонаву кӯча, мактабу беморхонаҳои зиёдеро нобуд кард, ки дар сарҳад бо ноҳияи мухтори Тибети Чин ҷойгир мебошанд. То ҳол беш аз 4200 нафар бенишонанд ва ҳазорҳо нафар аз хонаву сарпаноҳ маҳрум шудаанд.
Тарҷума ва нашри "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ
Китоби "Тоҷикон", асари мондагори академик Бобоҷон Ғафуров, ба забони олмонӣ тарҷума ва нашр шудааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин асар ба муносибати 35-уми солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нашр гардид.
Китоби "Тоҷикон" аз ҷониби дипломати тоҷик Соҳибназар Ғайратшо Қаноатшо ба забони олмонӣ тарҷума ва мураттаб шуда, дар нашриёти олмонии "Ферлаг Восток Берлин", ба нашр расидааст.
Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд,"тарҷумаи олмонии китоби "Тоҷикон" доираҳои илмӣ ва маъхазҳои шарқшиносии кишварҳои Ғарбро боз ҳам ғанӣ гардонида, ба ташаккули афкори илмӣ нисбат ба таъриху тамаддуни тоҷикон ва дигар халкҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард".
Китоби "Тоҷикон"-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз ин қабл ба забонҳои англисӣ, арабӣ, туркӣ ва узбек низ нашр шуда буд.
СММ: Дар 3 сол 6 млн муҳоҷири афғон ба ватанашон бозгаштаанд
Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, ки дар наздик ба се соли гузашта, шаш миллион муҳоҷири афғон ба кишварашон бозгаштаанд. Оморе, ки ба гуфтаи ин ниҳод, дар таърихи муосир бесобиқа аст.
Комиссариати олии СММ дар умури паноҳанданон рӯзи 2 сентябр дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, "бозгашти муҳоҷирон бояд довталабона, амн ва боиззат бошад".
Ин ниҳод аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки Афғонистон ва муҳоҷирони афғонро фаромӯш накунанд.
Аз сӯи дигар, Вазорати умури муҳоҷирини ҳукумати Толибон гуфтааст, ки ҳафтаи ҷорӣ наздик ба 400 муҳоҷири афғон аз зиндонҳои Покистон озод ва ба Афғонистон бозгардонида шудаанд.
Покистон ва Эрон дар се соли гузашта фишор бар муҳоҷирони афғонро афзоиш дода ва шуморе аз онҳоро аз кишварҳои худ берун карданд.
Тоҷикистон ҳам солҳои ахир даҳҳо муҳоҷири афғонистониро аз кишвар берун кардааст.
Даргирии нерӯҳои амниятӣ дар Киев. Зеленский "шармовар" хонд
Даргирии мусаллаҳона миёни ду ниҳоди аслии амниятии Украина дар Киев бо вокуниши Владимир Зеленский, раисҷумҳури ин кишвар, рӯбарӯ шуд.
Ин тирандозӣ рӯзи 2 сентябр дар яке аз минтақаҳои шаҳри Киев миёни нерӯҳои Хадамоти амнияти Украина (SBU) ва Созмони истихбороти низомии ин кишвар (HUR), рух дод.
Шоҳидони айнӣ аз дидани афроди захмӣ ва осори хун дар маҳал хабар додаанд. Ба гузориши Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ, ҷузъиёти дақиқи ҳодиса ҳанӯз рӯшан нест ва ду ниҳод ривоятҳои гуногун ироа кардаанд.
Хадамоти амнияти Украина ибтидо эълон кард, ҳамроҳ бо Созмони истихбороти низомӣ дар ҳоли пешгирӣ аз як "ҳамлаи террористӣ"-и Русия будааст, аммо баъд гуфт, гурӯҳе талош кардаанд монеи анҷоми амалиёти бозрасӣ шаванд.
Дар муқобил, яке аз фармондеҳони нерӯҳои вижаи Созмони истихбороти низомӣ гуфт, кормандони Хадамоти амнияти Украина дар ҳоли боздошти нерӯҳои ин созмон буданд ва "бе ҳеч ҳушдор" ба сӯи онҳо тирандозӣ карданд.
Ба назар мерасад ин даргирӣ бо парвандаи боздошти Степан Каплунов, муовини фармондеҳи "Сипоҳи довталабони рус" рабт дошта бошад. Ин гурӯҳи ниманизомӣ аз сӯи Украина ҳимоят мешавад ва бо Созмони истихбороти низомии ин кишвар ҳамкорӣ дорад.
Зеленский ин ҳодисаро "комилан шармовар" хонд ва хостори "посухгӯӣ" шуд. Ӯ гуфт, танҳо касоне, ки нерӯҳои украинӣ бояд ба сӯи онҳо тирандозӣ кунанд, "ишғолгарони рус" ҳастанд.
Раисҷумҳури Украина ҳамчунин эълон кард, ки додситонӣ дар бораи ин даргирӣ таҳқиқ хоҳад кард.