Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Биржаи Маскав додугирифт бо доллар ва евроро қатъ кардааст


Як нуктаи табдили асъор дар минтақаи аз ҷониби Русия ишғолшуда дар Украина
Як нуктаи табдили асъор дар минтақаи аз ҷониби Русия ишғолшуда дар Украина

Баъди эълони таҳримҳои нави Амрико алайҳи Русия, биржаи молии Маскав додугирифт бо доллар ва евроро қатъ кардааст. Дар сомонаи биржа омадааст, тиҷорат бо доллар ва евро аз рӯзи 13-уми июн боздошта мешавад.

Дар хабар омадааст, савдои саҳмияҳо, металҳои қимматбаҳо ва муомилот бо доллар ва евро қатъ мешавад.

Рӯзи 12 июн биржаи Маскав ба феҳристи таҳримҳои Вазорати хазинадории ИМА ворид шуд. Ин таҳримҳо ба далели таҷовузи Русия ба хоки Украина алайҳи Маскав ҷорӣ шуд.

Вазорати хазинадории Амрико дар изҳороте гуфт, таҳримҳои нав “баданаи низоми молии Русия”-ро ҳадаф қарор додааст, ки ба сармоягузорӣ дар саноати дифоъ равона шудааст.

Александр Коляндр, пажӯҳишгари иқтисодӣ гуфтааст, таҳримҳои нав ивазшавӣ ё конвертатсияи рублро маҳдуд мекунанд ва хароҷот барои баровардани асъори хориҷиро аз Русия афзоиш медиҳанд. Баъди таҷовузи Русия ба Украина дар феврали соли 2022 кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG