Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкиён барои ширкат дар нишасти БРИКС ба Русия меравад


Масъуд Пизишкиён
Масъуд Пизишкиён

Раиси ҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён моҳи октябри имсол барои ширкат дар нишасти БРИКС ба Русия меравад. Дидори роҳбарони узви ин созмони иқтисодӣ рӯзҳои 22-24 октябр дар шаҳри Қазон баргузор мешавад.

Ба ҳайати БРИКС Русия, Эрон, Бразилия, Чин, Ҳиндустон ва Африқои Ҷанубӣ шомил ҳастанд.

Дар бораи сафари Пизишкиён ба Русия, расонаҳои эронӣ ба нақл аз сафири ин кишвар дар Маскав гузориш доданд. Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки равобити низомии Теҳрон ва Маскав, бахусус интиқоли мушакҳои эронӣ ба Русия, кишварҳои ғарбиро нигарон кардааст. Ахиран ИМА ва се кишвари аврупоӣ алайҳи Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Мақомоти Эрон фиристодани мушакҳои баллистикиро ба Русия рад карданд.

Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА ҳафтаи гузашта тасдиқ кард, ки Русия аз Эрон мушакҳои баллистикӣ гирифтааст. Блинкен равобити наздики Теҳрон ва Маскавро дар бахши низомӣ, хатаре ба амнияти кишварҳои Аврупо гуфт.

XS
SM
MD
LG