Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

КМИР 68 номзадро сабти ном кардааст

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон номзадҳои аҳзоб аз рӯйхати ҳизбиро сабти ном кардааст.

Ин ниҳод дар хабарномае навиштааст, ки 68 номзад сабти ном шудаанд. Шаш ҳизби Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ номзадии 70 нафарро пешниҳод карда буданд. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, ду номзади Ҳизби демократ сабти ном нашудаанд, аммо сабабаш маълум нест.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки ягона ҳизби мухолиф дар кишвар гуфта мешавад, ягон номзад пешниҳод накардааст. Намояндагони ҳизб сабаби инро шарҳ надоданд.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, бо 28 номзад, аз ҳама зиёд Ҳизби халқии демократӣ номзад пешниҳод кард ва ҳамаи онҳо сабти ном шудаанд.

Аз ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ 13 номзадӣ, сотсиалистӣ 6, коммунистӣ 5 ва Ҳизби демократӣ 3 номзад ба қайд гирифта шудаанд. Аксари ҳизбҳо тарафдори ҳукумат гуфта мешаванд.

Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ нагуфтанд, ки аз ҳавзаҳои якмандатӣ чанд номзадро сабти ном кардаанд.

Аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон 22 вакил аз рӯйхати ҳизбӣ ва 41 намоянда аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.

Интихоботи вакилони порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар кишвар рӯзи 2-юми марти имсол баргузор мешавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Панҷ зани футболбози эронӣ аз паноҳҷӯӣ дар Австралия даст кашиданд

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Эрон. Акс аз 8-уми марти 2026
Дастаи мунтахаби занонаи футболи Эрон. Акс аз 8-уми марти 2026

Расонаҳои Австралия иттилоъ медиҳанд, ки узви панҷуми дастаи мунтахаби футболи занонаи Эрон, ки қаблан дархости паноҳандагӣ карда буд, фикри худро тағйир дода, тасмим гирифтааст ба ватанаш баргардад.

Вазири маорифи Австралия Ҷейсон Клер мегӯяд, ӯ ифтихор дорад, ки кишвараш ба варзишгарони эронӣ интихоб фароҳам овард, вале на ҳамаи онҳо пешниҳодро пазируфтанд.

"Ба фикрам, мо набояд, мутаассиф бошем. Ман бо кишварамон ифтихор мекунам. Мо ба ин хонумҳои ҷавон ҳаққи интихоб додем. Бо ин иқдом Австралия собит мекунад, ки беҳтарин кишвари олам аст. Мо ба онҳо имкон додем, ки визаи башардӯстона гирифта, дар Австралия бимонанд. Вале баъзеҳо қабул карданду дигарон не. Фарқи Австралия ва Эрон ҳамин аст!" – гуфт Ҷейсон Клер.

Ҳафтаи гузашта баъди мусобиқаи футбол шаш хонуми футболбози эронӣ ва як узви ҳайати ин кишвар хавф доштанд, ки дар Эрон мавриди таъқиб қарор мегиранд. Ин нигаронӣ баъд аз он пайдо шуда буд, ки онҳо ҳангоми садо додани гимни Эрон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё хомӯш истоданд.

Рӯзи якшанбе се узви дастаи футболи Эрон дархости паноҳандагиро пас гирифтанд. Пеш аз он як узви дигари даста ҳам аз паноҳандагӣ дар Австралия даст кашид. Иттиҳоди футболи Эрон мегӯяд, ин афрод дар Малайзия ба дастаи Эрон пайваста, ҳамроҳи онҳо ба ватан бармегарданд.

Оғози мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё ба ҳамон рӯзҳое рост омад, ки Амрико ва Исроил амалиёти низомиро дар Эрон шурӯъ карданд. Дастаи футболи занони эронӣ як ҳафта пеш аз идомаи ширкат дар мусобиқа маҳрум шуда буд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

5 зани футболбози эронӣ аз Австралия бармегарданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Натиҷаи раъйдиҳӣ дар Қазоқистон. Чӣ дигар мешавад?

Остона, 15-уми марти 2026
Остона, 15-уми марти 2026

Дар Қазоқистон барои тағйири Конститутсия раъйдиҳӣ барпо шуд, ки амалан қудрати президентро қавӣ ва порлумонро суст мегардонад. Овоздиҳӣ рӯзи 15-уми март гузашт. Кумисюни марказии интихоботи Қазоқистон гуфт, беш аз 87 дарсади раъйдиҳандагон ба тарафдорӣ аз ислоҳоти конститутсионӣ овоз доданд. Наздик ба 10 дарсад бо ин тағйирот розӣ нестанд.

Дар як суҳбат бо сардабири вебсайти Free Eurasia Ислом Текушев, ки овоздиҳиро дар шаҳри Остона мушоҳида мекард, хостем, натиҷаҳои муҳимтарини ин раъйпурсиро хулоса кунад.

Ислом Текушев: "Дар овоздиҳӣ одамони зиёде иштирок карданд ва ман инро дар чандин нуқтаи раъйдиҳӣ дар шаҳри Остона дидам. Дар суҳбат ба ман чанд раъйдиҳанда гуфтанд, ки дар бораи овоздиҳӣ ва тағйирот ба Конститутсия аз шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Инстаграм огаҳ шуданд. Хуб, муҳимтарин тағйирот ин гузаштан аз порлумони думаҷлиса ба як маҷлис хоҳад буд. Дар ин кишвар мақоми муовини президент эҷод мешавад ва инчунин ислоҳоти конститутсионӣ тағйирот дар салоҳиятҳои як қатор сохторҳои давлатиро пешбинӣ мекунад. Ин кор чӣ гуна амалӣ мешавад, вақт нишон медиҳад. Баъд аз нашри охирин натиҷаҳо бояд санаи баргузории интихоботи нави порлумонӣ эълон шавад. Ин кор базудӣ анҷом мешавад ва порлумони нав сари кор меояд."

Радиои Озодӣ: Дар бораи маҳдудият ва ҳам боздошти чандсоатаи хабарнигороне, ки хостанд овоздиҳии президент Қосимҷомарт Тоқаевро мушоҳида кунанд, гузориш расид. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз овоздиҳӣ мунтақидони тағйироти конститутсионӣ зери фишори зиёд буданд. Шумо ҳамчунин чизеро мушоҳида кардед?

Ислом Текушев: "Дар як нуқтаи овоздиҳӣ бо раъйдиҳандагон ҳамсуҳбат шудам. Масалан, як зани нафақахӯр, ки омадаву мухолифи тағйироти конститусионӣ овоз дод, гуфт, тарҳи нави Конститутсия ба зиндагии ӯ ҳеч таъсире нахоҳад кард ва маблағи зиёде, ки барои овоздиҳӣ сарф шуд, метавонист бо мақсадҳои дигар харҷ шавад. Ӯ гуфт, махсус омада хост, норизоияти худро баён кунад ва ӯ аз чунин имконият истифода кард. Як духтари дигаре, ки дар овозодиҳӣ иштирок кард, гуфт, “барои ояндаи Қазоқистон” овоз медиҳад, вале дар бораи он ки он чӣ тағйироте меорад, чизе гуфта натавонист."

Видео дар инҷо:

Раъйдиҳӣ дар Қазоқистон. Чӣ дигар мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:00 0:00

Ҳамла ба бандари Фуҷайра дар Имороти Муттаҳидаи Араб

Ба гузориши "Рейтерс”, баъди ҳамла болои бандари нафтии Фуҷайра дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва як муддат боздошта шудани кори он, боркунӣ дар онҷо дубора сар шудааст.

Фуҷайра дар халиҷи Уммон дар берун аз гулӯгоҳи Ҳурмуз ҷойгир буда, макони содироти беш аз 1 миллион бушка нафт дар рӯз дониста мешавад.

Одатан аз ин гузаргоҳ нафти навъи “Мурбан”-и Имороти Муттаҳидаи Араб берун бурда мешавад ва он як дарсад аз талаботи ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Барои хомӯш кардани сӯхтор хадамоти ёрии изтирорӣ дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд. Ҳеч кас осеб надидааст.

Ҳамингуна, дар пайи ҳамлаи паҳподҳои эронӣ ба маҳаллаи наздик ба Фурудгоҳи Дубай ин нуқтаи муҳими парвозҳои байнулмилалӣ барои чанд соат аз кор монд.

"Ҷаноби Ҳеҷкас зидди Путин" ҷоизаи “Оскар”-ро гирифт

Павел Таланкин
Павел Таланкин

Филми мустанади "Ҷаноби Ҳеҷкас зидди Путин" шоми 15-уми март ҷоизаи Оскарро ба даст овард. Онро коргардон Дэвид Боренштейн ва наворбардори ғайрикасбӣ аз шаҳри дурдасти Карабаши Русия Павел Таланкин сохтаанд.

Таланкин дар маросими ҷоизагирӣ гуфт, "давоми чор соли охир мо ба осмони пур аз ситора нигариста, фақат як орзу мекунем, як орзуи аз ҳама муҳим. Вале кишварҳое ҳастанд, ки аз осмони онҷо ба замин ситора неву бомбаву паҳпод мерезад. Ба хотири ояндаи ҳамаи мо, ба хотири фарзандони мо, биёед, ба ин ҷанг хотима мебахшем. Ҳамин ҳоло."

Коргардон Дэвид Боренштейн гуфт, "вақте ҳукумат одамонро дар кӯчаҳои шаҳрҳои калон мекушад; вақте мо дар муқобили он хомӯшем; олигархҳо матбуотро ба даст оварда, истеҳсол ва харҷи моро назорат мекунанд, мо дар муқобили як интихоби ахлоқӣ қарор мегирем. Вале боз ҳам хушбахтона, ҳатто "ҳечкас" метавонад аз он чи ки шумо фикр мекунед, қавитар бошад."

Павел Таланкин чанд сол дар мактаби рақами 1-и шаҳри Карабаш омӯзгор ва ташкилотчиву наворбардор будааст.

Ин шаҳр дар вилояти саноатии Челябинск ҷойгир аст. Вақте соли 2022 ҷанги зидди Украина сар шуд, ӯ бо супориши маъмурияти мактаб ва Вазорати маориф барои гузоришҳои расмӣ аз ҷамъомадҳову маҷлисҳои мактаб, маросими тантанавиву дарсҳо ва ҳам маҳфилҳои бо номи "Суҳбатҳои муҳим" сабт ҷамъ мекард.

Ҳамин сабтҳо ҳам асоси маводи хоми филми мустанад гардиданд. Тобистони соли 2024 Таланкин Русияро тарк карда, тавонист ҳамроҳаш наворҳои сабткардаашро берун барад. Каме дертар ӯ бо мустанадсози амрикоӣ Дэвид Боренштейн аз ин сабтҳо як филме сохтанд.

Худи Таланкин гуфт, тавонист ба истилоҳ филми дуюми "Фашизми одӣ"-ро наворбардорӣ кунад. Ин филми Михаил Ромм аз соли 1965 дар бораи таърихи ташаккулёбии идеологияи фашистӣ дар Аврупо ва ҷиноятҳои Олмони нозӣ қисса мекунад.

Дар матбуоти таблиғотии Русия ин филмро "зиддирусӣ" номиданд. Баъд аз нашри филм мактабе, ки Таланкин он ҷо кор мекард, мавриди тафтиши ходимони ҳифзи қонун қарор гирифт. Ба иттилои матбуоти маҳаллӣ, модари Таланкин, ки ба ҳайси китобдори мактаб кор кардаву гоҳе дар дарсҳо муаллимонро иваз мекард, маҷбур шуд аз кор равад.

Нахустнамоиши филм 25-уми январ дар ҷашнвораи филми мустақили "Сандэнс" барпо шуд. Матбуоти минтақавӣ навишт, ки ин филм дар шаҳри Карабаш мисли "таркиши бомба" гардид ва дар матбуоти таблиғотии Русия Таланкинро "як хоин" номиданд. Ин филм пеш аз "Оскар" ҷоизаи асосии Академияи кинову телевизиони Бритониё - BAFTA-ро сощиб гаштааст.

"Ба танаш се корд задаанд." Дафни табиби кушташудаи тоҷик

Наздиконаш акси Адолат Ҳамидоваро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Наздиконаш акси Адолат Ҳамидоваро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Адолат Ҳамидова, пизишки 54-солаи тоҷикро, ки рӯзи 12-уми март дар Афғонистон кушта шуд, дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб дафн кардаанд.

Пайвандон ва ҳамкоронаш рӯзи 16-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ ҳашт соли охир дар як бемористони хусусӣ дар ноҳияи Имом Соҳиб пизишки занон буд. Ин ноҳияи Афғонистон дар наздикии марзи Тоҷикистон ҷойгир аст.

"Аз тарафи шахсони ношинос дар хонааш кушта шудааст. Як корд дар пушташ задаанд, ду зарбаи дигар дар тарафи дил," -- гуфт яке аз пайвандонаш.

Ба қавли мусоҳиби мо, ҳамсояҳо бо шунидани садои доду фарёд ба кумаки Адолат Ҳамидова шитофта, ӯро ба бемористон бурдаанд, вале наҷот дода натавонистаанд.

"Ният дошт, ки барои таҷлил аз Иди Фитр ва дидани духтару хонаводааш ба Тоҷикистон биояд, аммо рӯзи 13-уми март пайкарашро оварданд," – афзуд ӯ.

Адолат Ҳамидова як духтари чордаҳсола дорад ва ҳамроҳи хонаводааш дар шаҳри Кӯлоб аст.

Ҳамсари ин табиби тоҷик шаҳрванди Афғонистон аст ва гуё дар пайванд ба қатли Адолат Ҳамидова дар боздошт қарор доштааст.

Сабабҳои кушта шудани зан маълум нест.

Мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони "Толибон" расман шарҳе надодаанд.

Хадамоти тандурустӣ дар Афғонистон бавижа дар бахши занон бо камбуди шадиди табибон рӯбарӯст. Вазорати тандурустии ҳукумати "Толибон" дар охири соли 2024 эълон кард, ки духтарон дигар иҷозаи таҳсил дар омӯзишгоҳҳои тиббиро надоранд.

Садҳо пизишки тоҷик дар ҷустуҷӯйи кор ва маоши муносиб ба Русия ва кишварҳои дигар, аз ҷумла минтақаҳои ноороме чун Яман ва Афғонистон мераванд. Дар ҳоле ки дар баъзе аз шифохонаҳои рустову ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон мутахассисон намерасанд.

Гузоришҳо аз кушта шудани як зани тоҷик дар Афғонистон

Шаҳри Кундуз
Шаҳри Кундуз

Як зани пизишк аз Тоҷикистон дар вилояти Кундузи Афғонистон кушта шудааст. Дар ин бора телевизиони "Афғонистон интернешнл" ва рӯзномаи "Ҳашти субҳ"-и чопи Кобул рӯзи 15-уми март хабар доданд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, ҳодиса се рӯз пеш рух дода, афроди ношинос Адолат Ҳамидиро дар манзилаш дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Кундуз ба қатл расондаанд. Ин ноҳия дар наздикии марзи Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Дар хабар омадааст, ин зан давоми 15 соли ахир пизишки занон буд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон бо як марди афғонистонӣ издивоҷ карда, як духтар ҳам доштааст.

Рӯзномаи "Ҳашти субҳ" гузориш додааст, ки ҷасади ин занро ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман хабар надодаанд.

Ҳанӯз сабабҳои кушта шудани ин зан ва номи қотилон маълум нест. Мақомоти ҳукумати Толибон дар ин бора сукут ихтиёр кардаанд.

Дар Теҳрон садои чанд таркишро шунидаанд

Хабаргузории нимарасмии "Меҳр" ва расонаҳои дигари эронӣ аз шунида шудани чанд таркиш дар бахшҳое аз Теҳрон дар рӯзи 15-уми март хабар доданд.

Тибқи хабарҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, сокинони бахшҳои гуногуни пойтахти Эрон гуфтанд, ки чанд таркиши сахтро шунидаанд ва баъзе аз онҳо ба андозае қавӣ буданд, ки боиси ларзиши биноҳо ва шишаҳо шуданд.

Бештари гузоришҳо аз ҷануб, ҷануб-ғарб ва маркази Теҳрон фиристода шудааст. Бархе шоҳидон ҳамчунин аз мушоҳидаи паҳподҳо ва ҷангандаҳои дар ҳоли парвоз дар осмони Теҳрон хабар додаанд. Тибқи гузоришҳо, дар баъзе аз минтақаҳо барқ хомӯш шудааст.

Бар пояи хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, таркишҳо дар чандин макони дигар, аз ҷумла, Исфаҳон, Санандаҷ ва ҷазираи Кеш низ шунида шудааст.

Хабаргузории "Форс" ҳамчунин гузориш дод, ки як толори гуштингирӣ дар минтақаи Теҳронсер дар як ҳамлаи ҳавоӣ осеб дидааст. Ин хабаргузорӣ ҳамчунин иддао кард, ки беш аз 15 коргар дар ҳамла ба як минтақаи саноатӣ дар Исфаҳон кушта шудаанд.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ наметавонад ин гузоришҳоро ба таври мустақил тасдиқ кунад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Форс" гузориш дод, ки 20 нафар ба иттиҳоми "фиристодани маълумот дар мавриди ниҳодҳои амниятӣ, низомӣ ва пулис" ба Исроил, боздошт шудаанд ва наворҳоеро аз ончӣ, эътирофи боздоштшудагон хонд, нашр кард.

Ин хабаргузорӣ, ки ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ наздик аст, ҳамчунин дар поёни рӯзи 14 март паёме нашр кард, ки дар он омадааст, "барои афзоиши шумори истҳои бозрасӣ ба довталабони бештаре ниёз аст".

Semafor: Коҳиши қобили таваҷҷуҳи сомонаи дифои ҳавоии Исроил

Системаи дифои ҳавоии Исроил мушакҳои партобшуда аз Лубнонро раҳгирӣ мекунанд. Акс аз бойгонӣ.
Системаи дифои ҳавоии Исроил мушакҳои партобшуда аз Лубнонро раҳгирӣ мекунанд. Акс аз бойгонӣ.

Вебсайти хабарии Semafor рӯзи 14-уми март дар гузорише ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ, ки ба номашон ишора накард, навишт, Исроил ҳафта гузашта ба Амрико дар бораи "коҳиш"-и муҳиммоти раҳгирӣ дар сомонаи дифои мушакии худ иттилоъ додааст.

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки шаҳрҳои Исроил ҳамчунон ҳадафи мушакҳои баллистикии Эрон қарор мегиранд, ҳарчанд тибқи гузоришҳо, шумори мушакҳое, ки аз Эрон ба тарафи Исроил партоб шудаанд, нисбат ба ҳафтаи аввали ҷанг "ба шакли чашмгир" кам шудааст.

Як мақоми амрикоӣ ба Semafor гуфтааст, аз ин масъала огоҳӣ дошта, артиши Амрико худ бо ин рӯ ба рӯ нест.

Ин дар ҳоле аст, ки коршиносон пештар ишора кардаанд, ки дар сурати тӯлонӣ шудани ҷанг, ҳамеша пеш омадани камбуди захираи аслиҳаи кишварҳо, аз ҷумла Исроил ва Амрико вуҷуд дорад.

Semafor навиштааст, ки маълум нест Амрико камбуд дар анборҳои аслиҳаи Исроилро бартараф хоҳад кард ё не.

Чанд кишвари арабӣ аз ҳамлаҳои нави Эрон хабар доданд

Имороти Муттаҳидаи Араб дар пайи ҳамлаҳои Эрон.
Имороти Муттаҳидаи Араб дар пайи ҳамлаҳои Эрон.

Вазорати дифои Арабистони Саудӣ эълон кард, ки шоми 14 март шаш мушаки баллистикиро бар фарози вилояти Ар-Харҷ раҳгирӣ ва аз байн бурдааст. Мақомҳо ҳачунин гуфтанд, чанд паҳбоди дигар соате пеш аз он, дар шарқи ин кишвар, раҳгирӣ шудаанд.

Пойгоҳи ҳавоии "Султон Шоҳзода", ки нерӯҳои Амрико низ аз он истифода мекунанд, дар минтақаи Ал-Харҷ қарор дорад ва аз оғози ҷанг борҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Дар Кувайт Созмони ҳавопаймоии ин кишвар эълон кард, Фурудгоҳи байналмилалии ин кишвар шоми шанбе ҳадафи ҳамлаи чанд паҳбод қарор гирифт, ки ба системаи радарии он осеб зад, аммо аз захмӣ шудани афрод гузорише нашр нашуд. Кувайт ҳамчунин ба таври муваққат ҳарими ҳавоии худро баст.

Дар Имороти Муттаҳидаи Араб низ системаи дифои ҳавоӣ як паҳбодро дар Фуҷайра раҳгирӣ кард, аммо суқути пораҳои он боиси сӯхтор шуд.

Дафтари расонаҳои Фуҷайра эълон кард, амалиёти хомӯш кардани оташ ҳамчунон идома дорад ва як шаҳрванди Урдун ҷароҳати сабук бардоштааст. Бандари Фуҷайра яке аз марказҳои муҳими захирасозӣ ва интиқоли нафт ба минтақа ба шумор меравад.

Вазорати дифои Қатар низ эълон кард, ин кишвар рӯзи шанбе ҳадафи чаҳор мушаки баллистикӣ ва чанд паҳбод қарор гирифт, ки ҳамаи онҳо аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳи Қатар раҳгирӣ ва аз байн бурда шуданд.

"Тахриби 56 музей ва бинои таърихӣ" дар ҳамлаҳо ба Эрон

"Қасри Гулистон" дар маркази Теҳрон бар асари ҳамлаҳои Амрико осеб дидааст. 2 марти 2026.
"Қасри Гулистон" дар маркази Теҳрон бар асари ҳамлаҳои Амрико осеб дидааст. 2 марти 2026.

Вазорати мероси фарҳангии Эрон рӯзи 14 март дар баёнияе эълон кард, ки дар ду ҳафтае, ки аз оғози ҳамлаи муштараки Амрико ва Исроил мегузарад, "дастикам 56 музей, бинои таърихӣ ва ҷойҳои фарҳангӣ дар сароси кишвар дучори осеби ҷиддӣ шудааст".

Тибқи ин баёния, бештарин шумори биноҳои таърихӣ, ки дар бомбаборон осеб дидааст, дар Теҳрон ва Курдистон мебошанд.

Ба гуфтаи мақомоти Эрон, аз ҷумла дар Теҳрон 19 ва дар Курдистон 12 осори таърихӣ осеб дидаанд. Манбаъ ба биноҳои таърихие чун "Иморати Осиф", "Иморати солор Саид" ва "Иморати Хусравобод" дар шаҳри Санандаҷ, маркази Курдистони Эрон ишора кардааст.

Пештар низ аксҳое аз "Кохи Гулистон" дар маркази Теҳрон ва ҳамин тавр Кохи Оли Қопу дар Исфаҳон нашр шуда буд, ки мизони осеби воридшуда ба онҳоро нишон медод.

Табиби баҳсбарангези узбекро дар Боку боздошту ихроҷ карданд

Дар Озарбойҷон Иқбол Солиев, табиби шинохтаи мардумии Узбекистонро боздошту ихроҷ кардаанд.

Расонаҳои озарбойҷонӣ бо такя ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки Иқбол Солиев дар аввали моҳи марти имсол дар Боку ва баъди он дастгир шудааст, ки қабули муштариён аз сӯйи ӯ дар яке аз дармонгоҳҳои бонуфуз боиси бесарусомонӣ гаштааст.

Таҷаммуи мизоҷон ва табобат бо усулҳои баҳсбарангезу ғайриодӣ аз сӯйи ӯ таваҷҷӯҳи пулисро ҷалб карда, сабаби боздошташ шуд.

Аз ин пеш Иқбол Солиевро барои бе иҷозатнома пешниҳод кардани хидматрасонии тиббӣ дар Узбекистон ба ҷавобгарӣ кашида буданд. Назари Иқбол Солиев ба ин қазия маълум нест.

Дар миёни мизоҷони ин табиб узбек тоҷикистониҳо ҳам кам нестанд. Дар наворҳое, ки аз раванди қабули ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки сокинони Тоҷикистон ҳам барои гуиё ҳалли мушкилоти худ ва ё табобат ба назди Иқбол Солиев рафтаанд. Дар Тоҷикистон солҳои ахир чунин афрод боздошту муҷозот мешаванд.

"На ҷанг мехоҳем, на Ҷумҳурии исломӣ". Муроҷиатномаи садҳо фаъоли эронӣ

Садҳо нафар аз фаъолони маданӣ ва сиёсии Эрон бо нашри муроҷиатномае, сиёсат ва саркубгариҳои Ҷумҳурии исломиро маҳкум карда, ҳамлаҳои низомии Амрико ва Исроилро "хилофи ҳуқуқи байналмилал" хондаанд.

Дар ин баёния, ки ба имзои 350 фаъоли маданӣ ва сиёсӣ интишор шудааст, онҳо хостори қатъи фаврии ҷанг дар Эрон шудаанд.

“Аз нигоҳи мо тарафдорони “на ҷанг ва на ҷумҳурии исломӣ ” ин ҷанг чун ҳама ҷангҳои харобиовар барои мардум на демократия ба армуғон меорад ва на амният.”- навиштаанд, муаллифони муроҷиатнома.

Фаъолон сиёсатҳои ҳукумати Эронро маҳкум карда, ба он таъкид намудаанд, ки “сарбкӯби шаҳрвандон, куштори муътаризон, ғарбситезӣ ва шиори маҳви Исроил” ба манофеи миллии эрониҳо рабте надорад” ва баръакс ин барои мардум ранҷу азоб меорад.

Дар муроҷиатнома фаъолон аз дигарон хостаанд, “ба ҷойи сукут ё ҳимояти мустақиму ғайримустақим аз ҷанг, барои хатми фаврии он ва поён додан ба ҳамлаҳои низомӣ талош кунанд”.

Боздошти зане бо гумони ҷалби духтарон ба ғуломии шаҳвонӣ

Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти як зане хабар додааст, ки ба хариду фурӯши одам ё водор кардан ба ғуломии шаҳвонӣ муттаҳам мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 11-уми март дар хабарномае навишт, ки сокини 36 солаи шаҳри Душанбе моҳи сентябри соли гузашта, бо роҳи фиреб ва ваъдаи кори сердаромад зани 33 солаи сокини шаҳри Ваҳдатро ба Дубай бурдааст.

Аммо ба гуфтаи мақомот дар он ҷо зан ба ҷойи кор ба истисмори ҷинсӣ ё танфурушӣ маҷбур шудааст. Дар робита ба ин қазия алайҳи сокини Душанбе бар асоси моддаи 130 ё одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Қонун барои ин амал аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Мавқеи зани гумонбар ва пайвандонаш дар робита ба ин қазия маълум нест.

Моҳи ноябри соли 2025 ҳам мақомоти интизомӣ аз боздошти ду зан бо гумони ҷалби духтарон ба истисмори шаҳвонӣ дар хориҷи кишвар хабар дода буданд. Ба гуфтаи мақомот ин занҳо, ки яке 37 ва дигари 46 сола будаанд, бо истифода аз тангдастии ҷавонзане ва бо ваъдаи кори хуб ӯро ба Русия бурда, ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ соли 2025 дар кишвар 177 ҳолати савдои одамон ошкор ва зидди 73 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар Душанбе мусобиқаи гуштигирӣ бахшида ба Наврӯз доир мешавад

Дар муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе рӯзи 22-юми март мусобиқаи гуштии миллӣ (гуштигирӣ) баргузор мегардад.

Ин мусобиқа бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи миллии гуштигирии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои варзишии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии гуштигирӣ доир хоҳад шуд.

Дар мусобиқа дастаҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, минтақаи Рашт ва дастаи Федератсияи миллии гуштигирии Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Мусобиқа аз рӯйи қоидаҳои варзиши суннатӣ доир гардида, ғолибони ҳар давр соҳиби туҳфаҳо мегарданд. Ба ғолиби мутлақи мусобиқа шоҳҷоиза - мошини сабукрав – тақдим хоҳад шуд.

Мардуми тоҷик анъанаҳои бостонӣ ва хеле бойи варзишӣ дорад. Ба навъҳои варзиши миллӣ ба ғайр аз гуштигирӣ, инчунин камонварӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ, асптозӣ, найзаандозӣ, пойгаи давандаҳо, тирандозӣ, дастхобонӣ ва ғайра шомиланд. Гуштии миллӣ дар байни ин намудҳо мақоми хос дорад ва баргузории сабқати паҳлавонӣ яке аз суннатҳои Наврӯзист.

Ҳамасола дар Тоҷикистон 22-юми март ҳамчун Рӯзи гуштигирӣ таҷлил карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки соли 2022 ба гуштии миллӣ – «гуштигирӣ» - мақоми байналмилалӣ дода шуд. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, гуштии миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

Раҳбари Исроил гуфт, ҳамла ба Эрон идома хоҳад кард

Изҳороти раҳбари Исроил дар бораи идомаи ҳамла
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Чордаҳ рӯз инҷониб табодули оташ миёни Эрону Исроил идома дорад.

Рӯзи 12-уми март бар асари мушакборони манотиқи марказии Исроил якчанд манзили мардум зиён дидааст.

Дар ҳамин ҳол низомиёни исроилӣ иддао доранд, ки дар шаҳри Теҳрон посгоҳҳои гурӯҳи ниманизомии Басиҷро ҳадаф қарор додаанд. Ин гурӯҳ масъули таъқиби эътирозҳои мардумии моҳҳои гузашта дар Эрон эътироф шудааст.

Исҳоқ Ҳерсог, президенти Исроил, дар суҳбат бо Рей Фурлонг, хабарнигори Радиои Озодӣ, иброз дошт, ки ҳамлаҳои густарда барои маҳви имконоти ҷангии Эрон идома хоҳад кард.

Ӯ гуфт: "Рамла шаҳри таърихист, ки дар он яҳудиёну арабҳо, мусулмонон ва насрониҳо канори ҳам ба сар мебаранд. Бо ҳадафи ҳимоят аз зиндагии осоиштаи онҳо дар муқобили императории бади Теҳрон, ки мехоҳад сулҳу оромишро барҳам занад, мо маҷбурем ба онҳо зарба занем. Мо бояд имконоти низомии онҳоро маҳв кунем, то Ховари Миёна ояндаи наве дошта бошад."

Замоне, ки президенти Исроил ба суолҳои Радиои Озодӣ ҷавоб медод, барои аввалин бор изҳороте нашр шуд, ки ба раҳбари нави Эрон Муҷтабо Хоманаӣ иртибот дода мешавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG