Дар ҳукм гуфта шудааст, ки Зайниддин Ҷамолиддинов зӯровариро ба раиси ноҳия Олимбек Юлдошзода раво дидааст. Мард иддаоро рад мекунад ва ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят бурдааст.
Зайниддин Ҷамолиддинов - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як сол аст ба мақомоти расмиву интизомӣ муроҷиат мекунад, то, ба гуфтаи худаш, бегуноҳиашро собит намояд. Мегӯяд, охири моҳи июли соли гузашта барои кӯмакхоҳӣ ба назди раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов рафт, вале таҳқиру латукуб шуд.
Зайниддин Ҷамолиддинов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба раис муроҷиат кард, вале сӯҳбат ба баҳсу даъво кашид.
“Байни мардум ту аз болои ман гап мезадӣ, забонатро канда мепартоям” гуфта буд, ки ман “наметонӣ” гуфтам. Аз ҷояш хеста омада гиребони куртаамро дарронда ба тарафи чашми ростам се-чор зарба заданд, раиси ноҳия Олимбек Юлдошзода. Баъди ҳамин ҳолат як нафар котибашон даромада омаданд. Сонӣ шишта гуфтанд, ки “ҳар касеро, ки аз паси ман гап мезанад, ҳамин хел мекунам, ки! Ҳозир ман милиса ҷеғ мезанаму ду-се сол мешинонам. Баъд баромада бо ман чи хел гап задана ёд мегирӣ” гуфта якбора милисаи ноҳияро даъват карданд”.
Ба нақли Ҷамолиддинов, ҳарчанд дар ин ҳодиса ӯ осеб дидааст, вале мақомоти интизомӣ ба зидди худи ӯ парванда боз кардаанд. Даъвогар ва ҷабрдида дар парванда Олимбек Юлдошзода мебошад.
Зайниддин Ҷамолиддинов мегӯяд, баъди ба идораи милисаи маҳаллӣ бурдани ӯ ҳам азият шудааст. “Ҳамин шаҳрванд маро латукуб кард, баред, маҳкам кунед” гуфтанд. Маро гирифта ба милисаҳонаи ноҳия бурданд. “Маро тезтар ҷавоб диҳед” гӯям, маро бо курсиаш зада ғалтонданд. Ман гуфтам, ки “рӯи маро раис зад, акнун шумо ба поям задед, ба ман ёрии таъҷилӣ дид”. Саҳар рафтам, хӯрок доданд ва баёнотамро гирифтанду соати се духтурро даъват карданд. Табибон маро диданду милисаи ноҳия маро ба прокуратураи ноҳия супурд”.
Радиои Озодӣ барои шарҳи масъала ба раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Олимбек Юлдошзода муроҷиат кард. Юлдошзода омода нашуд дар назди дурбини Радиои Озодӣ масъаларо шарҳ диҳад, вале ҳама иддаои ин мардро рад кард. Ӯ дар сӯҳбат гуфт, ки Зайниддин Ҷамолиддинов борҳо аз ӯ тамаъҷӯӣ кардааст ва бо вуҷуди кумакҳои зиёди молӣ бори охир ба ӯ дарафтода ва дар ҷойи кораш таҳқиру латукӯб намудааст. Ин гуфтаҳои ӯро додгоҳ низ тасдиқ намудааст ва Ҷамолиддиновро бо гуноҳи “истифодаи зӯроварӣ ва таҳқири намояндаи ҳокимият” дар ҳаҷми 36 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Зайниддин Ҷамолиддинов гуфт: “Мӯҳлат монданду гуфтанд, ки «аз ҳисоби нафақаат ҷаримаро мегирем». Ман гуфтам, ки «азбаски гуноҳро ман накардаам ва ба гардан нагирифтаам, чӣ кор кунед, кардан гиред”.
Зайниддин Ҷамолиддинов ва Олимбек Юлдошзода аз як деҳа ҳастанд ва муносибати онҳо дар чанд соли охир сард шудааст. Бархе аз сокинони деҳаи Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, Зайниддин Ҷамолиддиновро ҳамчун шахси арзнавису шикоятгар мешиносанд. Зӯроварӣ ва таҳқири намояндаи ҳокимият дар Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст, вале дар гузашта дар вилояти Суғд чандин нафар барои ин ҷиноят ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ ва ё ҷарима шудаанд.
Гуфтугӯ