"Вазъи фоҷеабор"
Дар шохис Тоҷикистон аз миёни 180 кишвар дар ҷои 153-юм қарор дорад ва баҳои умумиаш, бахусус дар бахши сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамоно рӯ ба рукуд мебошад. Ин созмон мегӯяд, мавқеи Тоҷикистон "баёнгари рукуди фоҷеабори озодии матбуот" мебошад.
Жанна Кавелйе, масъули барномаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз", воқеъ дар Париж, дар як сӯҳбате бо Радиои Озодӣ ҳукми 8 соли зиндони Рухшона Ҳакимоваро дар моҳи феврали имсол яке аз "қазияҳои ахири такондиҳанда" номид. Ӯ гуфт, Ҳакимова барои "як пурсиш дар бораи нуфузи Чин дар Тоҷикистон ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд. Парвандаи ӯ баёнгари рамзии мавҷи азимтари саркӯбҳо мебошад".
Дар се соли гузашта Тоҷикистон шоҳиди саркӯбҳои бемисли хабарнигорон ва матбуоти мустақил шудааст. Ҳадди аққал нӯҳ хабарнигор бо иттиҳомҳои баҳсбарангез пушти милаи зиндон ҳастанд. "Мурофиаи Аҳмад Иброҳим, сардабири “Пайк”, ки бо иттиҳомҳои сохташуда ба 10 соли ҳабс маҳкум шуд, намунаи ахир аст ва он зарбаи харобиоваре барои журнализми минтақавӣ дар вилояти Хатлон задааст".
Кавелйе, ки давоми солҳои зиёд вазъи матбуотро дар Тоҷикистон пайгирӣ мекунад, мегӯяд, вақтҳои охир дар ин кишвар "фишор на танҳо хусусияти ҳуқуқӣ, балки ҷисмонӣ ва иқтисодӣ ҳам дорад. Журналистонро латукӯб, таҳдид ваё бо дасти “фабрикаи ҷавоб”, ки ба давлат рабт мегирад, бадном мекунанд. Хабарнигорони хориҷӣ барои гирифтани иҷозатномаи кор бо саддҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мешаванд".
Ӯ инчунин аз маҳдудияти маблағгузории ИМА, бахусус боздоштани маблағгузории Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) ҳам чун бахше аз ин бӯҳрон ёдовар шуд. "Ин чиз дастрасӣ ба иттилои боэътимод дар Тоҷикистонро, ки РАО/РО дар ин бахш нақши бисёр муҳиме мебозад, бо оқибатҳои харобиоваре рӯбарӯ мекунад", мегӯяд ӯ.
Дар Тоҷикистон чӣ мегӯянд?
Арзёбиҳои созмони мӯътабари байналмилалиро ҳамкорони онҳо дар Тоҷикистон ҳам тасдиқ мекунанд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки 25 сол аст бо ҳимояти ҳуқуқи хабарнигорон машғул аст, вазъи феълиро то рафт ташвишовар арзёбӣ кард. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъи озодии баён бадтар мешавад. "Мо ҳама шоҳид ҳастем, ки сол ба сол, вазъи оздии баён, озодии ВАО дар Тоҷикистон муташанниҷтар мешавад, - гуфт ӯ. - Мутаассифона, на фақат вазъияту шароити дохили Тоҷикистон, балки вазъи байналмилалӣ низ ба ин ҳолат оварда мерасонад".
Дар як ҳамоише дар Душанбе ҳам дар остонаи Рузии байналмилии озодии баён дар Душанбе аз бадтар шудани вазъи озодии сухан ва фишору таъқиби хабарнигорону кормандони васоити ахбори омма нигаронии амиқ карда шуд.
Раймундас Кароблис, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, ки барномаҳои ҳамкориаш бо Тоҷикистон дастгирии матбуотро ҳам пешбинӣ мекунад, аз сарнавишти хабарнигорони зиндонӣ ёдовар шуд.
Ӯ гуфт: "Замоне, ки мо имрӯз ин ҷо ҷамъ омадаем, даҳ журналист дар Тоҷикистон дар зиндон аст. Нозирони байналмилалӣ бар ин назаранд, ки онҳо маҳбусони сиёсӣ мебошанд. Низоми додгоҳӣ, ки бояд аз ин журналистон ва шаҳрвандон дифоъ кунад, баръакс онҳоро маҷбур мекунад, хомӯш бошанд".
Созмонҳои байналмилали ҳукумати Тоҷикистонро барои эҷоди фазои тарс ва рукуди расонаҳо ҳамеша интиқод мекунанд. Аз ҷумла, ҳашт созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пас аз нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо аз раҳбарони ин кишварҳо хостаанд, ки ваъдаҳои додаашон дар мавриди пойбанд будан ба озодии баён, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил ва ғайраро иҷро кунанд.
Гуфтугӯ