Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аломати бутпарастӣ дар Тоҷикистон? Бозёфтҳои нав дар Фархор


Бостоншиносон дар ҷануби Тоҷикистон ашёи қадимаеро пайдо кардаанд, ки нишон медиҳад, дар қаламрави кишвар он замон мардум Буддоро мепарастиданд. Ҳафриёт дар ноҳияи Фархор идома дорад, ки ба гуфтаи бостоншиносон, мумкин аст, зери он як замон шаҳраке ё маҳаллаи бузург буд.

Бостоншиносон дар ҷараёни кофтукови таърихӣ дар маҳалли "Уртабуз"-и ноҳияи Фархор як ҷасади нисбатан солимро аз умқи 3-метрии зери хок кашф кардаанд. Ба иттилои масъулин, кофтуковҳои бостоншиносӣ дар ин минтақа аз аввали моҳи майи соли равон оғоз гардида, то ҳол идома доранд.

Гурӯҳи мутахассисон аз Тоҷикистон, Русия ва Италия дар ин пажӯҳиши саҳроӣ ширкат доранд. Азизулло Муродов, мудири осорхонаи Фархор мегӯяд, дар натиҷаи ин ҳамкориҳои илмӣ, як қатор бозёфтҳои нодир аз даврони асри биринҷ ошкор шудаанд - аз ҷумла, гӯшвораҳои тиллоӣ, кӯзаҳои кулолгарӣ, сангҳои қиматбаҳо ва як кӯзаи ғайриоддӣ.

Макони кофтуков ҳоло як гуристони маҳаллӣ мебошад. Ба гуфтаи бостоншиносон, дар зери ин қабристон боқимондаҳои як минтақаи бошукӯҳи таърихӣ нуҳуфтааст, ки шояд таърихи чандҳазорсола дошта бошад.

Аломатҳои бутпарастӣ дар Тоҷикистон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Ҳоло бештари маконҳои таърихӣ мисли "Уртабуз" ба қабристони сокинон табдил ёфтааст. Як нимпайкараи хурди Буддо ҳам аз макони таърихии "Шӯртеппа" ёфт шудааст ва ҳоло дар осорхонаи Фархор нигаҳдорӣ мешавад. Бостоншиносон бовар доранд, ки ин бозёфт ба давраҳои пеш аз ислом, эҳтимолан ба ҳазорсолаи аввали то милод, тааллуқ дорад.

Охирин кофтукови бостоншиносӣ дар Фархор соли 2021 сурат гирифт, аммо бо сабаби пандемияи COVID-19, муддате қатъ шуд. Ҳоло, пас аз рафъи маҳдудиятҳо, мақомот се макони таърихӣ -- Тамошотеппа, Золи-Зар ва корвонсарои даҳони Оби Тоҳирро барои сабти ном ба ЮНЕСКО пешниҳод кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, як ҳайати бостоншиносон аз Олмон низ аз маконҳои таърихии Фархор боздид кард. Ба гуфтаи Азизулло Муродов, ин бостоншиносон дар ҷараёни сафари даҳрӯзаи худ гуфтаанд, ки эҳтимолан зери хок боқимондаҳои як шаҳрак нуҳуфтааст. Аммо замони оғози расмии ковишҳо дар ин минтақа ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Баъзе аз бозёфтҳои тоза аллакай дар гӯшаи махсуси осорхонаи Фархор ба намоиш гузошта шудаанд. Дар зери ҳар ашё навишта шудааст, ки он ба миёнаи ҳазораи сеюми то милод тааллуқ дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG