Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҳамлаҳои мутақобили Эрон ва Исроил. Теҳрон аз истифодаи мушакҳои нав хабар дод


Телавив, Исроил.
Телавив, Исроил.

Дар рӯзи шашуми даргирӣ миёни Исроил ва Эрон, ҳамлаҳои мутақобил идома карданд. Ҳар ду тараф аз ворид кардани хисорот ба якдигар суҳбат мекунанд.

Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон шаби гузашта эълон кард, ки дар мавҷи ёздаҳуми амалиёти "Ваъдаи содиқ 3", аз мушакҳои "Фаттоҳ-1" истифода шудааст.

Дар баёнияи Сипоҳи посдорони Эрон омадааст, ки ин мушакҳо аз сипари дифоии Исроил гузашта, паноҳгоҳҳои нерӯҳои исроилиро ҳадаф қарор додааст.

Сипос посдорони Эрон ҳамчунин гуфтааст, ки ҳамлаи мушакии имшаб нишон дод, ки Эрон бар осмони Исроил тасаллути комил ёфта, сокинон дар баробари ҳамлаҳои мушакии Эрон, бедифоъ мондаанд.

Дар соатҳои гузашта Эрон дар ду мавҷ ба сӯи Исроил мушак партоб кард, ки ба гуфтаи расонаҳои исроилӣ, дар умум шомили 25 мушак буд ва талафоти ҷонӣ дар бар надошт.

Дар ҳамин ҳол, ҳам мақомоти Исроил ва ҳам расонаҳои Эрон аз ҳамлаҳои Исроил ба нуқтаҳои гуногуни Эрон дар шаби гузашта ва субҳи чаҳоршанбе, хабарҳо нашр карданд.

Расонаҳои Эрон аз ҷумла, "Нур нюз" аз шунида шудани садои таркишҳо дар шимоли Теҳрон хабар доданд. "Тобнок" ва шумори дигаре аз расонаҳо гузориш додаанд, ки ин таркишҳо бар асари ҳамлаи Исроил ба "Донишгоҳи афсарии Имом Ҳусейн" вобаста ба Сипоҳ, будааст.

Дар ҳамин ҳол, гузоришҳои дигаре аз шунида шудани садои таркишҳо ва фаъол шудани падофанди ҳавоӣ дар дигар минтақаҳои Теҳрон, ғарби вилояти Теҳрон, Караҷ ва бархе дигар шаҳрҳо нашр шудааст.

Артиши Исроил субҳи чоршанбе барои сокинони минтақаи 18-и Теҳрон ҳушдор дод, ки онро тарк кунанд ва чанд соат пас дар бораи шунида шудани таркишҳо дар ин минтақа гузориш расид. Эрон ҳам ба сокинони бархе минтақаҳо дар баъзе шаҳрҳои Исроил ҳушдор дод, ки онҷоро тарк кунанд.

Нерӯҳои ҳавоии Исроил чанд соат пеш эълон кард, ки дар ҳоли анҷоми мавҷе аз ҳамлаҳо дар Теҳрон аст.

Бо идома ёфтани даргириҳо миёни Эрон ва Исроил, шумори кушташудаҳо ва захмиён аз ду тараф боло рафтааст.

Созмони "Фаълони ҳуқуқи башар" -- гурӯҳе, ки дар Вашингтон ҷойгир аст ва ҳодисаҳои Эронро пайгирӣ мекунад, субҳи чаҳоршанбе эълон кард, ки шумори қурбониёни ҳамлаҳои Исроил дар Эрон дастикам ба 585 кушта ва 1326 захмӣ расидааст.

Ин гурӯҳи ҳуқуқи башар гуфтааст, ки аз миёни кушташудаҳо 239 нафар ғайринизомӣ ва 126 нерӯи амниятӣ шиносоӣ шудааст.

Омори қаблии ин гурӯҳ, ки ду рӯз пештар ироа шуда буд, шумори қурбониёнро 406 нафар кушта ва 654 захмӣ зикр карда буд.

Мақомҳои Эрон то кунун ҳозир ба ироаи комили қурбониёни ҳамлаҳои чанд рӯзи ахир нашудаанд. Се рӯз пеш Ҳусейн Кирмонпур, сухангӯи Вазорати тандурустии Эрон эълон кард, ки оморҳо нишон медиҳад, ки то кунун 224 нафар кушта шудаанд ва оморе аз бемористонҳои артиш ва Сипоҳи посдорон дар даст нест.

Ҷониби Исроил ҳам шумораи кушташудагони худ дар пайи ҳамлаҳои Эронро 24 нафар гуфтааст. Тибқи омори ҷониби Исроил, дар ин ҳамлаҳо беш аз 500 нафар захмӣ шудаанд. Бархе расонаҳо, шумори захмиёни ҷониби Исроилро бештар зикр кардаанд.

Исроил рӯзи 13-уми июн бо ҳамлаҳои ғофилгирона ба таъсисоти низомиву атомии Эрон ҳамла кард ва ҳамчунин шуморе аз фармондеҳони баландояи артиш ва донишмандони ҳастаиро ба ҳалокат расонд.

Эрон ҳам баъди ин мушаканандозӣ ба Исроилро оғоз кард ва гуфт, интиқоми кушташудагон ва ҳамлаҳоро аз Исроил мегирад.

Исроил ҳадаф аз ҳамла ба Эронро пешгирӣ аз даст ёфтани ин кишвар ба силоҳи ҳастаӣ гуфтааст. Эрон ҳамвора ин иддаоро рад карда ва гуфтааст, ки дар пайи сохти силоҳи ҳастаӣ нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG