Шаҳрдории Киев хабар дод, ки аз миёни 10 ноҳияи шаҳр, шаштои он таҳти ҳамла қарор гирифтаанд. Дар баъзе ҷойҳо мушакҳо ва дронҳои русӣ ба биноҳо бархӯрда, боми ду сохтмон оташ гирифтааст.
Олга сокини Киев: "Ин гурбаро бинед. Аз ман бештар ваҳшатзада аст. Танаш меларзад. Бинед, пашмаш аз тан ҷудо мешавад. Мисли саг нафаси вазнин мекашад."
Рӯзи 9-уми июл низ бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар шаҳри Константиновка, воқеъ дар шарқи Украина, се нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи низомиёни украинӣ, танҳо дар ҳамлаҳои рӯзи чоршанбе Русия 728 дрон ва 13 мушаки Кинжалу Искандарро истифода бурдааст.
Президенти Украина Владимир Зеленский дар шабакаи иҷтимоии X навишт, ки “Рӯзи 9-уми июл Русия дар ҳамлаҳояш ба Украина бузургтарин миқдори аслиҳаро истифода бурдааст.”
Ӯ таъкид кардааст, ки Украина ташаббуси сулҳи президент Доналд Трампро ҷонибдорӣ мекунад ва умедвор аст, ки қонунгузорони амрикоӣ бо таҳримҳои иловагӣ Кремлро ба қабули оташбас водор мекунад. Доналд Трамп рӯзи чоршанбе изҳор дошт, ки эҳтимол ба Украина системаи зиддимушакии «ПАТРИОТ» мефиристад.
Доналд Трамп: "Мехоҳам дар як шакле ба мардум расонам, ки ман аз ин вазъ нороҳатам. Ин ҷанг ҳеҷ гоҳ набояд ба вуқӯъ мепайваст. Набояд идома кунад. Онҳо рӯзе аз ҳар ду ҷониб рӯзмарра аз панҷ то ҳафт ҳазор нафар-аксаран ҷавононро аз даст медиҳанд. Ҷавонон кушта мешаванд."
Трамп ваъда додааст, ки ИМА ба Украина аслиҳаи дифоии бештар мефиристад, то ин кишвар тавонад ба ҳамлаҳои афзояндаи Русия муқовимат кунад.
Гуфтугӯ