Илҳом Баротовро моҳи июл саги ҳорӣ ва ё девона газидааст ва бо вуҷуди доруву дармон даргузаштааст. Пизишкон мегӯянд, ҳамаи талошро барои наҷоти ҷони ҷавон карданд, вале натиҷа надод, чун писарро дер ба шифохона овардаанд.
Хонаводаи Баротовҳо як моҳ боз мотам дорад. Писари 29-солаи оила Илҳом Баротовро рӯзи 13-уми июл саг газид ва захмӣ кард. Падари Илҳом мегӯяд, ҳодиса дар саҳро рух дод. Ҷавонро ба шифохона бурдаанд, баъди ду ҳафта дар он ҷо фавтид.
Шариф Баротов, падари Илҳом: “Ба айвонаш саг омадааст. Сагҳои худамон ба фикрам, аз дур аккос задаанд, писарам баромада онро пеш мекунад. Лекин саг ба писарам ҳамла кардааст, аввал дасташро газидааст, вақте писарам сагро доштааст, баъд гӯшашро газидааст”.
Гулнора Расулова, модари Илҳом Баротов: “Ман аз духтурон норозӣ ҳастам. То аз Хуҷанд табиб наомад, бемориашро маълум накарданд. Байни ҳам пичир-пичир мекарданд. Духтур донад, кор кунад, надонад, чаро кор мекунад. Ҳамон рӯзи якум ҳам ба духтур Садриддинов гуфтам, ки бачаи маро саг газидааст. Э равед, он тараф гуфта, ба ман дӯғ зада буд.»
Сайёра Баротова, хоҳари Илҳом Баротов: “Духтури ҷарроҳ омада ба модару падарам гуфтаанд, ки баъди се, панҷ, ё ҳафт рӯз мисли саг аккос намезанад, вале рафторҳои сагро карданаш мумкин аст.”
Илҳом Баротов, падари ду фарзанд, ба асппарварӣ ва деҳқонӣ машғул будааст. Пайвандонаш мегӯянд, бепарвоии пизишкон сабаби марги ӯ шуд ва далелҳои худро меоранд.
Гулнора Расулова, модари Илҳом Баротов: “Табиби аз Хуҷанд омада гуфт, агар гӯшашро бурида мепартофтанд, 24 дору медоданд, мағзи сарашро пок мекарданд, то ин дараҷа намерасид. Айби инҳо шудааст гуфтанд. Бояд маҷбур карда бистарӣ карда, гӯшашро бурида, мешустанд. Ин гӯшаш андак даридагӣ аст, гуфта гуселонда буданд.”
Сардухтури бемористон иддаои хонаводаро қабул надорад.
Ҳазратқул Миров, сардухтури Беморхонаи ноҳияи Деваштич: “Ман фикр мекунам, ҳама ин гапҳо саҳву хато аст. Зеро вируси барангезандаи бемории ҳорӣ тавассути торҳои охири асаб ба ҳама ҷо паҳн шудааст. Пас аз ду соати ҳодиса ба беморхона овардаанд. Бо вуҷуди ёрии аввали тиббӣ, ваксинаи ҳорӣ гузаронида шудан, беморро ба фавт оварда расонд”.
Шариф Баротов, падари Илҳом Баротов: “Панҷ қуттии доруро ман ба панҷ ҷой имзо монда овардам. Табибон ба ман нагуфта, писарамро баста сӯзандору гузарондаанд. Сӯзандоруро напурсида чаро заданд? Монанд буд, дарду ҳасрати бачаамро бинам буд. Саги девона газида бошад, ҳам бигзор аккоси бачаамро бинаму дилам таскин ёбад. Шабҳо хобам нест. Бачаам молпоӣ карда гашту рафт акнун”.
Сайёра Баротова, хоҳари Илҳом Баротов: “Ман ин доруро дар интернет хондам. Як милиграмашро бояд дар як дақиқа равона кардан даркор будааст. Инҳо тез равон кардаанд, реаксия додааст. Ман ҳамшираи шафқатро пурсидам, дар мобайни 15-20 дақиқа 500 милиграм задааст. Ин 500 милиграм медонед, одамро чӣ кор мекунад?”
Дар додситонии ноҳияи Деваштич ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд, вале парвандаи ҷиноятӣ боз накардаанд. Дар ҳамин ҳол оилаи Баротовҳо ва дигар ҳамдеҳагонаш аз такрори ҳамлаи сагҳо дар гирду атрофи ноҳия хабар доданд. Мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Гуфтугӯ