Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Хоҷазодаро аз Русия ронданд, дар Амрико кору шӯҳрат ёфт


Муҳаммад Хоҷазодаро аз Русия ронданд, дар Амрико кору шӯҳрат ёфт.
Муҳаммад Хоҷазодаро аз Русия ронданд, дар Амрико кору шӯҳрат ёфт.

Миллионҳо корбар дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо мекунанд, ки чӣ гуна Муҳаммад Хоҷазода, муҳоҷир аз Тоҷикистон дари мошинеро боз мекунад.

Қуфлсози тоҷик дар давоми ду соли иқомат дар Амрико ҳам блогери маъруф шудаасту ҳам мактаби таълими қуфлсозӣ ва ё ба истилои англисӣ “ЛОКСМИТ” бунёд кардааст.

Дар давоми ду соли кор дар Амрико ин муҳоҷири тоҷик ба як ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Қабл аз муҳоҷират ба Амрико Муҳаммад Хоҷазода дар Русияву Дубай кору зиндагӣ кардааст. Дар шаҳри Тюмен ошхонаву тиҷорати муваффақе раҳандозӣ карда буд. Аммо ин дастовард дарди сар овард.

Муҳаммад Хоҷазода, муассиси ширкати “Keygo”: “Эҳсос мекардам, ки муваффақияти ман дар соҳибкорӣ ба мақомот писанд нест. Баъзеҳо мегуфтанд, ки ту чӣ фикр мекунӣ? Омадӣ инҷо, пул кор мекунӣ ва мо тамошо хоҳем кард? Дар Амрико бошад, фикр мекунам, касе кор надорад. Ҳамчун муҳоҷир ҳеҷ фишоре эҳсос намекунам. Инҷо метавонӣ даромад ба даст орӣ, сарватманд шавӣ ва натарсӣ, ки таъқиб мешавӣ.”

Муҳоҷири тоҷикро аз Русия ихроҷ карданд, дар Амрико муваффақ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Хоҷазода барои мушкили ночизе дар санадҳояш аз Русия ихроҷ шуд. Баъдан ба Амрико муҳоҷират кард ва касби қуфлсози автомобилиро пеша кард. Ба ҳамин васила ӯ як касби механикиро ба ҳунар табдил дод. Хоҷазода дар наворҳояш бо шӯхӣ нозукиҳои боз кардани дари мошинро таълим медиҳад.

Муҳаммад Хоҷазода: “Ман самимӣ ҳастам. Наворҳоямро тавассути дурбине пахш мекунам, ки дар айнак насб шудаааст. Ҳеҷ гоҳ саҳнасозӣ намекунам. Нақш намеофарам. Доимо самимӣ ҳастам. Тавре маълум мешавад, самимият моли серхаридор будааст:”

Шӯҳрат дар шабакаҳои иҷтимоӣ имкон дод, ки Хоҷазода барои муҳоҷирони дигар мактаби қуфлсозӣ бунёд нмояд. Ҳоло таҳти раҳбарии ӯ се мактаби таълими қуфлсозӣ амал мекунад. Феълан бахши асосии таълим дар шаҳри Маямии Флорида мегузарад. Баъди дарс Хоҷазодаву шогирдонаш якҷо менишинанд.

Адам Гелаев, муҳоҷир аз Русия: «Дар инҷо на кор доштаму на шиносе. Ба таксирониву интиқоли ғизо машғул будам. Ман аз Хоҷазода миннатдорам, ки ба ман чунин шанс дод. Мо дӯст шудем. Ӯ маро ба нозукиҳои қуфлсозӣ ошно кард. Ман ҳамчун устод дар мактабаш таълим медиҳам. Худро узви даста мешуморам.»

Хоҷазода дар бораи оянда зиёд фикр намекунад, вале мегӯяд одам бояд баъди ҳар панҷ сол ҳунари наву касби нав аз худ кунад.

XS
SM
MD
LG