Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Искандари Хатлонӣ: “Маро ҷаҳли беному номард кушт”


Ниҳолбӣ Носирова, модари Искандари Хатлонӣ бо акси ӯ. 13 октябри соли 2028
Ниҳолбӣ Носирова, модари Искандари Хатлонӣ бо акси ӯ. 13 октябри соли 2028

25 сол пеш дар ин рӯз шоир ва рӯзноманигори маъруф, корманди Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳр Маскав аз тарафи афроди номаълум кушта шуд.


Ёди шоир ва рӯзноманигори маъруф Искандари Хатлонӣ барои ҳамкоронаш дар Радиои Озодӣ ҳамеша зинда ва гиромӣ будааст. Онҳо дар зодрӯз ё маргрӯзи ин рафиқи азизи худ матлабу гузорише нашр кардаанду мекунанд. Бо талошҳои бахш ном ва ҳолномааш дар Осорхонаи матбуот дар Вошингтон, Девори Шарафи Бунгоҳи ҷаҳонии суханпарокании ИМА ва даромадгоҳи дафтари марказии Радиои Озодӣ дар Прог сабтанд. Баргузидаи ашъораш ба инглисӣ тарҷума ва нашр шуд. Соли 2021 як наққоши электронии амрикоӣ чеҳранигории Искандари Хатлониро аз вожаҳои дӯстдоштааш таҳия ва пахш намуд. Дар Прог ва Душанбе маҳфилҳои ёдбуди ӯ баргузор шудаанд.

Ошиқи вожаҳои ноб

Искандар Идизодаи Хатлонӣ, ки ҳамагӣ 46 сол умр дид ва фоҷеаи мудҳиш солҳои зиёди назистаашро аз ӯ гирифт, дар ҳама кору рафтори худ: шоирӣ, рӯзноманигорӣ, мутарҷимӣ, омӯзгорӣ ва рафоқати инсонӣ покизакору чирадаст ва ба маънои мусбаташ камолгарову баландпарвоз буд.

Албатта, ҳамчун шоири ҳассосе бо диле пур аз шеъру ғазал гоҳе сар ба риндиву густохӣ мезад, лек риндияш шабеҳи айёрони аҳли Хуросон ва густохияш ширину шоирона. Гоҳе дар дунёи зебои худаш ба сар мебурд ва аз он ҷо бо дастовезу раҳовардҳои нозанине ба ҷаҳони бераҳму пуртакопӯйи мо бармегашт. Ва бо садои нарму зебояш моро ба олами афсонавии худ мехонд.

Искандари Хатлонӣ дар шеър ошиқи сухани нобу борик ва ҷӯёи намоҳои зебову нодир, ангуштзани захмҳои носур ва парчамбардори орзуҳои дастнорас, ҳамаи марзҳоро мешикасту ба сарзаминҳое мерафт, ки кас нарафта бошад. Маънӣ месохт ва агар вожаҳое набуд, ки ин маъниро расонад, худ барои онҳо вожа кашф мекард. Мароми шоиронаи ӯ гӯё саёҳат дар умқу тоби сухани нозук буд. Ӯ шеърро садои диле меномид, ки бар ақл пирӯз аст. Мегуфт, мисраъи нахустро дил мегӯяд ва баъдиҳоро шуур.

Шоҳиди он будаам, ки даҳҳо шеърашро сӯхта буд бо он ки борҳову борҳо сари ҳар мисраъ бармегашт, онро дигар мекард, аммо дар поёни кор ҳамаро ба оташ меафканд. Худкамбинӣ, шакку тардид ва камҷуръатияш рӯйи хислату омол ва рӯзгоронаш низ асар мегузошт.

Аммо бартарии бузургаш дар он буд, ки забони модарии худ, форсиро, ба дараҷаи олӣ медонист ва ҳамчунон адабиёти пешиниёнро, мутолеаи фарох дошт ва бар замми забони худ инчунин русӣ ва инглисиро медонисту роҳаш ба ганҷинаи адабиёти ҷаҳон низ боз буд. Лаҳзае фориғ аз омӯхтан набуд ва гоҳе монанди як кӯдак шоду шигифтзада мешуд, гоҳе аз сархӯрдагии кӯчаке мотами поёни ҷаҳонро мегирифт. Ангор, ба зиндагии атроф омодагии тамомайёр надошт ва ҳам наметалошид, сангро бишкофад, балки бо эҳтиром сахраи сари роҳро давр мезад.

Исандари Хатлонӣ инсоне буд сахт ишқпеша, меҳандӯст, ғамхору меҳрубон, нармгуфтор, муаддабу нармхӯй, хушбовару некандеш, хоксору фурӯтану порсо.

Ҳамла бо табар

То ҳанӯз дарк кардан сахт аст, ки чӣ касе, чаро ва ба чӣ далел даст ба ҷони Искандари Хатлонӣ зад ва ин гуна ваҳшиёна як фариштаи беозорро ба қатл расонд. Ақидаи ғолиб ин аст, ки кори рӯзноманигорияш сабаб шудааст. Искандар бо ҳама нармхӯйияш дар роҳи ҳақиқат оштинопазир буд, муборизи адлу дод ва душмани зулму беадолатию мустаъмарадорӣ, пайваста аз ҳаққи муҳоҷирони тоҷик менавишт ва ҳам ҷабҳадории мусалмонони чечен дар Русия ва хушунати пулису бегонаситезию нажодпарастии бархе аз сокинони кишваре, ки дар дили он, шаҳри Маскав мезист. Ҳамзамон аҳли баҳсу зӯргӯйӣ ва даргирӣ набуд, ҳар баҳсеро бо сухани нарму хуш ҳал мекард, чӣ шуд, ин бор суханаш дар назди ханҷару табар оҷиз монд? Бовар дорам, ӯ дар баробари ин ханҷару табар бо лабханд сухани хуш мегуфт, аммо тараф ваҳшию хунхори суханношунав буд.

Як рӯз баъд аз шумхабари кушта шуданаш ман бо дили пурандӯҳ ва шитобзадаву ошуфта худро ба Маскав расонда будам ва тани абгори ӯрову ҷойи воқеа, даҳлези хонаашро дидам, ки дару девор, ойинаи қаднамо, ганҷаи либос ва пойандози даромадгоҳи манзилаш пур аз нақши фаввораҳои хуни поки ӯ буд, ки ба ҳар тарафи пош хӯрда.

Пулис мегуфт, касе пушти дари Искандар мунтазири он будааст, ки кай ин дар боз мешавад. Соати 7:25 дақиқаи субҳи 20 сентябри соли сиёҳи 2000 Искандар бо сарулибоси ороста ва кифи чармияш ин дарро боз мекунад ва мехоҳад ба коргоҳаш равад. Ҳамин лаҳза табарбадасте ба ӯ ҳамла мекунад ва ӯро бозпас ба даруни манзил тела медиҳад. Ва фоҷеа ин ҷо ба вуқӯъ мепайвандад.

Пас аз фирори қотил Искандар худро ба кампале мепечад ва берун меравад, дар кӯча беҳуш меуфтад, пиразане ҳоли ӯро дидаву ба бемористон ва пулис занг мезанад. Ӯро ба бемористони Боткини Маскав мерасонанд, пас аз нимишабӣ ба таърихи 21 сентябр дар ҳамин бемористон ҷон ба ҷонофарин бармегардонад. Дареғ, ӯ сонияе ба худ намеояд, то дар бораи ҳамлавар чизе бигӯяд. Шояд хеле пештар, солҳо пеш инро гуфтааст, дар шеъри “Хуни Сиёвуш”:

Маро дасти кутоҳи хунсард кушт.

Маро ҷаҳли беному номард кушт.

Ё дар шеъри дигараш гӯё сарнавишти ояндаи худро пешгӯйӣ кардааст:

Худоё, беватан мемирам охир,

Ва бе гӯру кафан мемирам охир.

Агарчи ваҳдати ҷону танам ҳаст,

Парешонҷону тан мемирам охир.

Бовар дорам, қотили манҳусро кайҳост, аз Худованд ҷазои азим расидааст ва марге бадтар аз ҳама гуна маргҳо сазояш гашта, аммо ғамгинам, ки он ношинохта монд ва мо ҳамон намедонем, ангезааш чӣ буду чӣ гуна тавонист ба инсони некукоре мисли Искандар даст бардорад.

Таҳқиқи нофарҷом

Ман борҳову борҳо бо муфаттишону додситонҳои ин парванда вохӯрда ва аз он пурсуҷӯ кардаам. Агар дар оғоз онҳо бо ман миёнаи хуб доштанд, хушсухан ва кушодарӯ буданд, тадриҷан дамдузд ва камгап шуданду оқибат парванда аз даст ба даст гузашт ва рози ин куштор номакшуф монд. Дар поёни кор додситонҳо дигар аз дидор бо ман сарпечӣ мекарданд, ба зангҳоям посух намедоданд. Дертар ин талошҳоро духтари Искандар, Ануша, идома дод, вале ҳамон бе натиҷае, ҷуз ин ки як бор гуфтанд, сарнахеро ба даст овардаанд ва ин хабар ҳамаро шод кард, лек солҳо гузашт ва дигар садое дарнаёмад.

Агар ангезаи куштори Искандари Хатлонӣ маишӣ ва одӣ мебуд, барои додситонҳои рус мушкиле надошт, онро расонаӣ кунанд ва аз пирӯзии худ дар кушодани рози як ҷинояти ваҳшиёна сарбаландӣ намоянд. Бавижа, ки даҳҳо созмонҳои ҷаҳонии рӯзноманигорӣ ва ҳам Вазорати умури хориҷии Амрико, сарони Радиои Озодӣ ба маротиб аз ҳукумати Русия таҳқиқи қазия ва муҷозоти қотилро талаб карда буданд.

10-уми октябри соли 2000 Конуни ҷаҳонии рӯзномаҳо ва Форуми ҷаҳонии сардабирон дар паёме аз номи 17 000 журналисту ношир аз 93 кишвари дунё ба унвони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, ҳамчунин ба Дабири кулли Созмони Милал, Кумиссари олии Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон ва Мудири кулли Юнеско, нома фиристода, таваҷҷӯҳи онҳоро ба зарурати таҳқиқи куштор ҷалб карданд ва тақозо намуданд, ки дар ин роҳ аз ҳамаи имкониятҳо истифода шавад.

Агар ангеза одӣ мебуд, мақомоти рус қотилро ошкор ва муҷозот мекарданд, то гӯшашон аз ин ҳама баёнияву изҳороти ҷаҳонӣ ором бигирад. Пас ин куштор сиёсӣ буд ва монанди садҳо парвандаи ҳамсони Русия ҷовидона ба як рози магӯ табдил шуд. Аммо муросонопазир.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG