Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги панҷ узви як оила дар садамаи мудҳише, дар роҳи Душанбе -Хуҷанд


Дар як рӯзи ахир дар натиҷаи садама дар роҳҳои Тоҷикистон 6 нафар ҷон бохтаанд. Дар ҳодисае мудҳише, ки нимарӯзи 20-уми сентябр рух додааст, бар асари бархурди мошини сабукрав бо мошини борбар панҷ узви як оила ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳодиса дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рух додааст. Ронанда Амирбек Муродови 45 сола бо зану се фарзандаш, ки хурдтарини онҳо 5 сола будааст, ба Душанбе сафар мекард ва дар Шаҳристон ба садамаи мудҳиш дучор шудааст.

Кумита дар баёнияе гуфтааст, дар пайи бархурди мошинҳо таркиш сурат гирифта, ҳама дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. “Ронандаи 24-солаи мошини “Дулан” сокини шаҳри Истаравшан бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхони марказии ноҳияи Шаҳристон интиқол дода шудаст.” - омадааст, дар хабарномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Ба гуфтаи мақомот, эҳтимол суръати баланди ҳаракати мошинҳо ва мушкил шудани идораи он ба ин фоҷеа сабаб шудааст.

Марги як хонавода дар садамаи рӯзи 20-уми сентябр дар ҳолест, ки субҳи ҳамон рӯз дар садамаи дигаре дар роҳи Мастчоҳи Кӯҳӣ, як зани 40 сола ҷон бохтааст. Дар ин ҳодиса 4 мусофири дигар ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол ёфтаанд.

Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.

XS
SM
MD
LG