Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шабонарӯз се соат барқ медиҳанд". Лимит дар Тоҷикистон шадидтар шуд


Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ба сокинони минтақаҳои Тоҷикистон шабонарӯз танҳо сеюним-чор соат барқ соат барқ медиҳанд.

Мақомот, аз ҷумла, Шабакаҳои интиқол ва тақсимот имсол расман ҷорӣ шудани маҳдудият ё "лимит"-и барқро эълон накарданд. Ба ин хотир сокинон аз Радиои Озодӣ зиёд пурсиданд, ки оё ҷадвали қатъи барқ вуҷуд дорад?

Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ба сокинони минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дар шабонарӯз сеюним-чор соат барқ дода мешавад.

Як масъули Шабакаҳои тақсимоти барқ дар минтақаи Бохтар ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки субҳ аз соати 6 то 7 ва бегоҳ аз соати 18 то 20 ба мардум барқ медиҳанд. Сокинон аз вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, субҳ як ва бегоҳ ду-дуюним соат барқ мегиранд.

Намояндагони Шабакаҳои интиқоли барқ ва Шабакаҳои тақсимот ду ширкати асосии таъминкунандаи барқ дар Душанбе ба суолҳои мо дар ин бора посух надоданд. Соли гузашта дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон ба мардум шабонарӯз 8 соат барқ медоданд.

Ширкати "Барқи тоҷик" ҳар сол кам шудани обро дар обанборҳо сабаби асосии маҳдудият дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон медонад.

Оё ҷадвали қатъи барқ вуҷуд дорад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо поин шудани ҳарорати ҳаво, ҷорӣ шудани об ба обанбори Норак камтар шудааст.

Ба гуфтаи Аҳмадзода, сатҳи об дар обанбори Норак назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2 метру 47 сантиметр паст шудааст. Тибқи омори охири "Барқи тоҷик", резиши об ба обанбор ҳам назар ба ҳамин давраи соли гузашта 144 метри мукааб дар сония кам гардидааст. Радиои Озодӣ наметавонад мустақилона ин оморро тасдиқ кунад.

Солҳои гузашта низ мақомот кам шудани обро дар обанбори Норак сабаби кам шудани истеҳсоли барқ ва ҷорӣ шудани маҳдудият гуфта буданд. Бархеҳо ба ин ҳарфҳои мақомот шубҳа доранд.

Дар Тоҷикистон аз 23-юми сентябр ба ин сӯ барқ ба сокинони тамоми манотиқ ба ҷуз аз шаҳрҳои асосӣ бо маҳдудият дода мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG